Ба истиқболи 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шукргузор бояд буд

№82 (4502) 05.07.2022

8200791911_756d55d304_oҶанге, ки сар заду бошиддат доман густурда, ҷумҳуриро фаро гирифт, муаллимро побанди андеша кард. Онҳое, ки ба даст силоҳ гирифта, алорағми ҳамқавму ҳаммиллат бераҳмона ба мубориза бархос­танд, ҳеҷ тааммулу фикри зиёд накарданд, ки ин бедодгарию зулму тааддӣ ба хотири кадом аҳдоф сурат гирифта, лаҳза ба лаҳза алангаи он баландтару баландтар афрӯхта мешавад.

Наандешиданд, ки дар ин сангаргирифтанҳо киҳо заҷру азоб мекашанду киҳо ба ҳалокат мерасанд. Аслан, — фикр мекард муаллим, — раҳбарони вақти Ҳукумати кишвар, ки аз давру замон ва тағйироту дигаргуниҳои азими сиёсӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифт, фарсахҳо қафо монда буданд. Зеҳну тафаккурашон банди ҳамон қолаби шахшудаи роҳбарии, ба қавле, «аз боло чӣ мегӯянду чӣ мефармоянд?» буд ва вазъи баамаломадаро ҳеҷ дарку фаҳм намекарданд, ки ҳамакнун онҳо ба давлате сарварӣ мекунанд, ки озоду мустақил аст ва эшон бояд бо диди нав ба равандҳои сиёсии базуҳуромада муносибат кунанд. Аммо на! Онҳоро шояд хаёли хом дар мағз чарх мезад, ки ин ҳама кинаситезию пархошҷӯие, ки байни ду майдон рӯзафзун шиддат мегирад, оҳиста — оҳиста хомӯш мешаваду маҳв. Ва ин ҳама хаёлпардозӣ бо ҳеҷ тасмимгирию қадам сӯйи мардум ниҳодан, бо аз дур мушоҳида кардану фурсатеро мунтазир шудан, ки баҳсу бигӯ-магӯҳо ва ҳамдигарро сақату носазо гуфтанҳо худ ба худ анҷом мепазирад? Ва онон аз дафтарҳои корӣ берун намеоянду ин гуна бароҳат вазифадорӣ мекунанд? Иллату нуқси давлатдории онон реша дар омили аз мардум дур будан дошт. Бо мардум аз наздик суҳбат оростан, дарди дили онҳоро гӯш кардан, мушкилашонро дар мағзи дилу ҷон эҳсос намудану баҳри ҳалли ин мушкил гомҳои устуворона гузоштану чораҳои муассиру мушаххас андешидан. Он ҳукумату сарваронаш иродату талош зоҳир накарданд ва мардумро дар гирдоби воқеаҳои фалокатбору фоҷиаҳо тани танҳо, рӯ ба ҳаволаи тақдир гузоштанд, зеро аз санъату лаёқати ҳукуматдорию сарварӣ бенасиб буданд. Ғафлатзадагоне буданд, ки бо авҷ гирифтани ҷангҳои хонабарандоз ангушти афсӯсу надомат газиданд, аммо кор аз кор гузаштаву дар пешгирии сели оташбори ҷанг дигар ҳеҷ амалу ҳаракат суд надошт.

 Таъсиси ҳукумати муросои миллӣ охирин абзору васила ва имконоти ба сулҳу салоҳ ва оштӣ овардани ҷонибҳои даргир маҳсуб меёфт, вале самару натиҷае набахшид, чун ин ҳукумат аз манофеи кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ дифоъ карда натавонист. Аммо ҷанг шиддат мегирифт, қурбониёни набардҳо меафзуданд. Ва ононе, ки ба сари якдигар теғу силоҳ бардошта буданд, инсонҳои гӯё соҳибақлу бафаҳм, парвардаи замони шӯравӣ ҳисоб меёфтанд. Чаро чашмашонро пардаи мавҳуми ҷаҳлу бедод ва бераҳмӣ гирифтааст, — меандешид муаллим. Чаро қасду кина, бадбинӣ, аз худ қаҳрамон тарошиданҳо ва боз як силсила мақсадҳои норӯшани рӯъёӣ дар таҳтушшуурашон лона мондааст? Тайи солҳои охири даврони Ҳукумати Шӯравӣ дар тарбияи насли наврас чӣ нуқсу норасоие ҷой доштааст, вагарна инҳо, ки созандагони ҷомеаи босаодат ба исми «коммунизм» буданд, набояд (ва ин ҳеҷ имкон надошт!) якуякбора ва ба гунаи даҳшатангез гиребони ҳамдигар мегирифтанду дар даст силоҳ. Насиҳату андарзи уламову удабо низ таъсирпазиру корагар наомад. Чаро? Банди ҳайрат ва суолу пурсишҳои бесару нӯг муаллим субҳ роҳ ба сӯйи шаҳр мегирифт, то барои аҳли хонадонаш нон ёфта орад. Ноне, ки ба қимати ҷон баробар шуда буд. Аз роҳу барзан ва хиёбонҳои пойтахт бӯйи сӯхтаву дуд меомад ва садои мусалсали тир. Роҳбарон куҷо шуданд, воизони минбарҳо оё ба қаъри замин фурӯ рафтанд? Магар як кишвари замоне ободону шукуфон ҳамин гуна бесоҳиб мемонад? «Не, ин тавр набояд бедодӣ идома ёбад, — аз дил мегузаронд муаллим. Ақли пуртадбир дер ё зуд бар ҷаҳли мураккаб тасаллут хоҳад ёфт. Вале то он рӯзҳои неку саодатбор фосилаи зиёд дар пеш буд. То он қуллаи мурод азоби зиёдро пушти сар мекунанд мардум.

Муаллим амиқу равшан дар ёд дорад, ки гоҳ-гоҳ перомуни ояндаи авзои кишвари ҷангзада ва мардумаш гирифтори мусибат бо ҳамдеҳагон сарироҳӣ суҳбат меорос­танд. «Ин ҷанг поён меёфта бошад? Агар ҳамин хел вазъият давом биёбад, монанди Афғонистон хоҳад шуд мамлакат. Ё пора — пора тақсим шуда, аз байн меравад давлат. Ҳай дареғ, ку говҷигару шердиле мисли Рустами Дастон? Наход бозичаи дасти аҷнабиву мутеи нокасон гардем? Чӣ рӯзҳои сиёҳ, номаълум аст поёни роҳ».

Муаллим азобҳои беҳадду ­ҳисобро паси сар кард, аммо навмеду шикастадил нагардид. Аз ҳама муҳим мактабро тарк нагуфт, бо он ки моҳҳои тӯлонӣ маош намегирифтанд. Ниҳоят, он рӯзи файзбор фаро расид. 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати нав бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Ҳама чиз аз даст рафта буд. Ҳатто пул вуҷуд надошт. Аммо иродаву собитқадамӣ, азми росих, боварӣ ба ояндаи неку дурахшон дар дилҳо оташи умед барафрӯхта буд. Муаллим аз рӯзҳои нахустин эҳсос кард, ки Роҳбари нави давлати Тоҷикистон, воқеан, ҷонфидои мардум аст, дар сар ҳавои фикру хаёли манфиатҷӯёнаи дигар надорад. Агар ҳамин тавр намебуд, сараввал ба назди мардуми навоҳии наздисарҳадӣ қадам ранҷа намекард. Бо мардум будан, ба дарди дили эшон гӯш фаро додан, бо фикри ин мардум шабро бо чашми бедор ба субҳ расондан аз хисоли ҷавонмардонаи роҳбарӣ ҳисоб меёфт. Ин гуна, баъдҳо, марҳила ба марҳила ҳаёт нишон дод, ки сарвари замони нав будан амали саҳлу осон нест. Мамлакатро аз гирдоби фалокатбори ҷанг берун кашидан, сулҳу ваҳдатро таҳким бахшидан, харобаҳоро обод кардан, корҳои созандагиро вусъат бахшидан ва амсоли ин ҳама амалҳо аз санъату мактаби роҳбарии навин дар таърихи давлатдории тоҷикон башорат медиҳад. Муҳимтарину барҷастатарин амали Пешвои миллат дорои эҳсоси баланди миллӣ будани он кас мебошад. Тоҷикӣ сухан гуфтан аз минбарҳои баланди ҷаҳон, ҳамвора дар байни мардум будан, хоксорию фурӯтанӣ, иродаву эътиқод, ҷасорат, эътимод ба ояндаи дурахшони Ватан доштан ӯро маҳбубу азизи дилҳои мардуми заҳматкаш гардонидааст. Воқеан, — меандешад муаллим, — бо аз байн рафтани Давлати Шӯравӣ, оғози ҷангҳои дохилӣ, таҳдиду хатари бар боди фано рафтани кишвари тоза­истиқлоли Тоҷикистон, дар заминаи холӣ ҷумҳуриро соҳибӣ кардану зина ба зина рушд бахшидан кирдори рустамона аст. Тавсифу ситоиши дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ шояд ҷилд – ҷилд китобро ташкил кунад. Ободӣ, пешрафт, созандагӣ! Магар ин воқеият нест? Воқеияти ибратомӯз аст барои имрӯз ва наслҳои оянда. Аз ин рӯ, бояд ба қадри ин ҳама дастоварду музаффариятҳо расид. Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкиду хотиррасон мекунад, бояд аз ин саодат­рӯзиҳо шукргузор буду насли наврасро дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва ормонҳои миллӣ тарбия намуд.

 Ҳаводису рухдоди солҳои охир дар Осиёи Марказӣ ва мамолики Шарқи Наздик, Ироқу Афғонистон аз он мегӯяд, ки сулҳу озодӣ ва мус­тақил будан, воқеан ҳам, неъмати гаронбаҳост. Дигар набояд ба дасисаю иғво мувоҷеҳ гардида, оташи ҷанги нав барафрӯхта шавад. Нолаю фиғони модарону тифлон, оворагию сарсонии мардону ҷавонон, рӯзҳову моҳҳо дар талаби пораи нон бечораю нотавон будан чун рӯъё ва кобус бигузор дар авроқи таърих бимонад.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

адиб