Таълиму тарбияи фарзанд аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ва рӯзмарраи ҷомеа маҳсуб мешавад. Маҳз бо кӯшиши якҷояи аҳли ҷомеа, махсусан падару модарон, насли соҳибмаърифату хушахлоқро ба воя расонидан муяссар мегардад.
Дар моддаи 34-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла омадааст: «Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд».
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шаҳодати он аст, ки давлат ва ҷомеа нақши волидонро дар таълиму тарбияи фарзандон хеле муҳим медонад.
Воқеан ҳам тарбияи дурусти фарзанд яке аз рукнҳои асосии оила ба шумор рафта, падару модар дар ин самт масъулияти бузург бар дӯш доранд. Ҳангоме фарзанд аз тарбия дур монд, саводаш коста ва ахлоқаш заиф мешавад. Дар натиҷа, ин гуна фарзанд даст ба аъмоли ношоиста мезанад.
Давоми ду — се моҳи охир дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе якчанд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси моддаи 90- уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокимаи ошкорои судӣ қарор гирифт.
Ғиёсов Каримхон Фаёзович -истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вазифаи роҳбаладиро иҷро мекунад ва соҳиби чор фарзанд мебошад. Мавсуф бо баҳонаи масруфияти зиёдаш дар ҷойи кор ба тарбияи фарзандаш Ғиёсов Ромиш Каримхонович, ки ноболиғ аст, аҳамияти зарурӣ зоҳир накард. Дар натиҷа, ноболиғ Ғиёсов Ромиш даст ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зад.
Худоиева Арафамо Файзалиевна зодаи ноҳияи Шӯрообод, соҳиби панҷ фарзанд аст. Ҳоло сокини шаҳри Душанбе буда, дар ошхонаи «Ҷал- ҷам» пешхизмат мебошад. Номбурда муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»- ро вайрон намудааст. Ӯ ба тарбияи фарзандони ноболиғаш –Сӯҳроби Рустамхон ва Зиёвудини Рустамхон машғул нашуда, уҳдадориҳои худро ҳамчун модар иҷро накард. Дар натиҷа, фарзандони ноболиғаш- Сӯҳроби Рустамхон ва Зиёвудини Рустамхон дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба оворагардӣ машғул шудаанд.
Арафамо Худоиева, бо баҳонаи зиёд будани ҳаҷми кораш, ҳатто ба муҳокимаи судӣ ҳозир нашуд ва ин далели он аст, ки номбурда ба тақдири фарзандони ноболиғаш бепарво буда, масъулияти хешро дар тарбияи фарзанд эҳсос намекунад.
Соибов Шуҳрат Маҳмадсаидович зодаи ноҳияи Рашт буда, ҳоло истиқоматкунанди шаҳри Душанбе аст, дар тарбияаш панҷ фарзанд дорад ва муваққатан бекор мебошад. Мавсуф ҳарчанд бекор бошад ҳам, барои тарбияи фарзандон фурсат наёфт. Натиҷа чунин шуд, ки фарзанди ноболиғаш Фурқати Шуҳрат даст ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зада, падару модарро дар назди хешовандону ҳамсояҳо сархам намуд.
Ҳамин тариқ, Ғиёсов Каримхон Файзиевич, Худоиева Арафамо Файзалиевна ва Соибов Шуҳрат Маҳмадсаидович Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»- ро вайрон намуда, бо ҳаракатҳояшон кирдори дар моддаи 90- уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, яъне барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонуни ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон, ҳангоми набудани аломати ҷиноятро содир намуданд. Бо назардошти он ки номбурдаҳо дар давраи таҳқиқи парванда пушаймон шуда, бори аввал ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, нисбати онҳо ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шуд.
Дар моддаи 15 –уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд нисбати падару модар ҷавобгарӣ муқаррар шудааст. Мақсади ниҳоии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танҳо муҷозоти волидайн набуда, балки таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, илмомӯзӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ мебошад.
Муҳаммадвалӣ НАЗРИЕВ, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе