Танзими анъана ва ҷашну маросим таъмини ҳаёти арзандаи мардум аст

№83-84 (4503-4504) 08.07.2022

Риоя ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб меёбад, зеро дар шароити кунунии паҳншавии касалиҳои сироятӣ ва буҳрони шадиди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳонӣ танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷиҳати гирифтани пеши роҳи ҳама гуна хароҷоти зиёдатӣ ва таъмини беҳдошти аҳолӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Моҳияти иҷтимоӣ доштани давлат дар он таҷассум мегардад, ки сиёсати дохилии давлату ҳукумат барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст. Давлат ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳои конститутсионӣ ғамхорӣ дар ҳаққи халқ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, пайваста тадбирҳо андешида, барномаву стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд. Барои татбиқи барномаҳои зикршуда маблағи зиёд пешбинӣ ва масраф мегарданд.

Солҳои пеш яке аз сабабҳои камбизоатии мардум маҳз хароҷоти беҳудаву зиёдатии онҳо ба ҳисоб мерафт, ки дар асоси маросимҳо ва маъракаҳои бенизом, пойбанди таассубу хурофот баргузор мешуданд.

Қабл аз қабули қонун, яъне 15 сол пеш, ки Ватани маҳбубамон ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, бо вуҷуди шароити вазнини иқтисодии давлат ва аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ дар сатҳи паст қарор доштани зиндагии мардум чӣ маросиму маъракаҳои хурсандӣ ва чӣ маросимҳои азодорӣ ба як бенизомӣ аз доираи меъёрҳои диниву ахлоқӣ берун вусъат пайдо карда, ба як мусобиқаи худнамоӣ, зоҳирпарастӣ ва таассубу хурофотӣ табдил ёфта буданд.

Мусаллам аст, ки зоҳирпарастиву исроф­корӣ ва риоя нагардидани рукнҳои аслии анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ боис ба пастравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.

Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат оид ба танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ 24 майи соли 2007 иброз доштанд: «Ҳадафи асосии ташкилкунандагони чунин маъракаҳо худнамоӣ ва намоишкорӣ буда, онҳо бо ин роҳ мехоҳанд сарвату ҳашаматашонро нишон диҳанд. Дигарон, аз ҷумла одамоне низ, ки имкониятҳои маҳдуд доранд, ба онҳо тақлид карда, қарзҳои калон мегиранд ва барои баргардонидани он солҳои дароз заҳмат мекашанд».

Ин чунин маънӣ дорад, ки аксар мардум ба масъалаи шинохти бояду шояди усули дин ва тибқи аҳкоми дини ислом амал намудан камтар таваҷҷуҳ доштанд.

Бархе аз одамон барои таассуб, қисми дигар ба хотири тақлид ё мусобиқа ва барои гурӯҳи дигари одамон риояи чунин маросимҳо ҳамчун нишонаи мусулмон будан арзёбӣ мегардид ва мусулмонии онҳо бештар хусусияти маросимиву маишӣ касб намуда, арзишҳои эътиқодиву ибодатӣ ба навбати дуюм гузошта мешуданд.

Хулоса, дар заминаи ноогоҳӣ аз ҷашну маросим ва анъанаҳои миллӣ мардум пойбанди хурофот гашта, таассубу зоҳирпарастӣ ба авҷи аъло расида буд, ки аз як ҷиҳат, ба иқтисодиёти оила зарар меоварду аз тарафи дигар, меъёрҳои ахлоқӣ ва урфу одатҳои милливу мазҳабиро коста мегардонид.

Бо дарки ин омилҳои номатлуб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд барои ба низоми муайян даровардани расму оинҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна сарфу хароҷоти беҳуда, аз байн бурдани хурофот ва зоҳирпарастӣ ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузорӣ санади муҳими миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро ба баррасии мардум пешниҳод карданд, ки он якдилона пазируфта шуда, аз тарафи парламенти ҷумҳурӣ қабул гардид.

Инак, беш аз 15 сол мешавад, ки қонуни мазкур амал карда, бо дарназардошти баланд шудани тафаккуру шуури динии мардум ва инкишоф ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ба он якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардид.

Пӯшида нест, ки ҳанӯз ҳам риоя нагардидани талаботи қонуни мазкур дар ҷомеа ҷой дорад. То ҳол баъзе аз шахсони алоҳида ба хурофоту зоҳирпарастӣ даст мезананд ва мехоҳанд, ки ин идеологияи номатлуб дар ҷомеа вуҷуд дошта, густариш ёбад.

Бинобар ин, ҳар як фарди ватандӯст ва соҳибтафаккурро зарур аст, ки тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро миёни мардум беш аз пеш ба роҳ монда, бо дарназардошти ҷанбаҳои диниву таърихӣ доштани ҷашну маросим ва анъанаву одатҳои миллӣ онҳоро миёни аҳолӣ фаҳмонад ва бо ин васила, мардуми кишварро аз асорати идеологияи таҳмилии номатлуб раҳоӣ бахшем.

Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА,

судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон