Рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина таъмини рушди иқтисоди миллӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Ҳамрадиф бо ин паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар мебошад, ки ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид. Дар робита ба ин масъала бо муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод мусоҳиба анҷом додем, ки пешкаши хонандагон мегардад.
-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди иқтисодии мамлакат андешаҳояшро иброз намуда, баҳри боз ҳам пешрафт кардани ин соҳаи муҳим дастуру супоришҳо медиҳад. Аз ин нуқтаи назар аҳолии мамлакат Паёми Сарвари давлатро «Паёми роҳнамунсоз» ном мебаранд. Бамаврид мебуд, дар оғоз фикру андешаҳоятонро дар атрофи Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоед…
-Пеш аз ҳама бояд гӯям, ки ин Паёми Ҷаноби Олӣ ба Маҷлиси Олии кишвар аз Паёмҳои қаблӣ як андоза тафовут дошт. Итминонам комил аст, ки Паёми имсола ҳамчун нуктаҳои асос барои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030-юм замина мегузорад.
Дар қисмати рушди иқтисод дар Паём масъалагузорӣ шуд, ки мо якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент, ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ва мушовирони байналмилалӣ бояд ба таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 оғоз намоем. Дар ҳошияи он стратегияҳои таҳияшавандаи минбаъда дигаргуна мешаванд, зеро стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон стратегияҳои миёнамуҳлати сесола буданд ва тасмим гирифта шуд, ки то соли 2020 мо ба низоми банақшагирии панҷсола мегузарем. Баъдан, ҳадафҳо ё индикаторҳо, ки дар ин стратегияҳо бояд ҳамчун меҳвар дар атрофи он дигар соҳаҳо ва тамоми кӯшишҳои Ҳукумати кишвару ҷомеа амалӣ гардад, мушаххас гардид. Яъне, ҳудуди 1.5 баробар афзоиш додани ММД ба ҳар сари аҳолӣ, дар ҳаҷми ҳаштод дар сад афзоиш додани ММД дар умум, то ҳадди 20 дар сад коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва амсоли инҳо. Инҳо нишондиҳандаҳое мебошанд, ки мо онҳоро ҳамчун раҳнамо дар стратегияҳои минбаъда мушаххас намуда, муайян мекунем, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо чӣ корҳоро бояд анҷом диҳем? Самти дигари асосие, ки дар Паём ироа гардид, пеш аз ҳама, афзалият додан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бад-ин васила таъмин кардани ҷавонон бо шуғл маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатан нави тиббӣ ва маориф афзоиш доранд. Таъкид карда шуд, ки сиёсати давлат вобаста ба ҷавонон, минбаъд низ бетағйир мемонад.
-Масъалаи дигаре, ки айни замон мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дорад, сол то сол паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Мегуфтед, ки барои боз ҳам паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо чӣ чораҳо андешида шудааст?
-Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар таҳияи барномаҳои миёнамуҳлати рушди иқтисодӣ -иҷтимоии 33 шаҳру ноҳияи кишвар саҳм мегузорад. Ҳамчунин барои таҳия намудану қисман маблағгузорӣ намудани ин барномаҳои миёнамуҳлати рушди иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо шарикони рушд пайи ҷалб намудани маблағҳои лозима кӯшиш ба харҷ додааст ва кор дар ин самт идома дорад. Яъне, дар баробари таҳия намудани барномаҳои миёнамуҳлати иқтисодӣ-иҷтимоӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо кӯшиш карда истодааст, то он чизе, ки дар сатҳи миллӣ қабул шуда буд, бояд дар сатҳи маҳал аз моҳият, мазмун ва натиҷаи он бохабар шаванд. Яъне, мо на фақат дар марказ ироа намоем, ки камбизоатӣ дар Тоҷикистон фалон қадар коҳиш ёфт ва рушди иқтисодӣ ба ин чиз мусоидат кард. Бояд кӯшиш намоем, ки сокинони маҳал низ аз иҷрои ҳамин стратегияҳо ё барномаҳои сатҳи миллии Тоҷикистон бархӯрдор бошанд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки он табақае, ки аз фақр раҳо меёбад, зуд ғанӣ намегардад ва онҳо ба як гурӯҳи хавф дохил мешаванд, ки ҳар лаҳза зери таъсири омилҳои дохиливу берунӣ метавонанд, ки боз ҳам ба ҳолати камбизоатӣ баргарданд.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки ҷомеаи устувор на он ҷомеаест, ки шумораи миллиардерони зиёд дорад. Ҷомеаи устувор ҳам аз лиҳози сиёсӣ, ҳам аз лиҳози иқтисодӣ, ҳам аз лиҳози фарҳангӣ босубот, маҳз ҳамон ҷомеаест, ки табақаи миёнаи он қисмати аъзами мардуми кишварро ташкил мекунад.
-Қишри миёна чанд фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад?
-Қишри миёна бар асоси пажӯҳишҳои якҷояи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди 28-30 дар сад қарор дошт. Ин ҷо як мушкили дигар ҳаст, ки мо наметавонем табақаи миёнаро айни замон мисли дигар нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар қиёс ба соли 2013-2014, сол ба сол ё нимсола ба нимсола муқоиса намоем. Ба хотири он ки ин нишондиҳандаҳо бар асоси пажӯҳишҳои фаромиллии сатҳи зиндагии аҳолӣ, ки бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ аз тарафи собиқ Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 сурат гирифта буд ва бо усули аригвесивӣ мушаххас гардидани тамоюлоти рушди он ва ба василаи пешгӯӣ, тахминан ҳисоб кардан ба даст омадааст. Яъне, ин нишондиҳандаҳо нишондиҳандаҳои арифметикии дақиқ нестанд.
-Аз узвияти Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо зиёда аз як сол сипарӣ шуд. Дар муддати аъзогӣ ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ Тоҷикистон чӣ манфиат дид?
-СУС барои давлатҳое судовар аст, ки аз талаботи дохилӣ имконияти зиёд истеҳсол кардани маҳсулотро доранд. Яъне, ин усули нави бозорёбӣ аст. Вале барои давлатҳое, ки айни замон чунин имкониятро надоранд, боз ҷанбаи дигари мусбат дорад, ки пеш аз ҳама имкони ҷалбу воридоти технологияҳои навро ба вуҷуд меорад. Аз лиҳози технологӣ иқтисоди кишвар аз нав таҷҳизонида мешавад. Дастрасӣ ба манбаъҳои сармоягузории арзон, ҷанбаи дигар дастрасӣ ба иттилоот ва хизматрасониҳои сатҳи баланди ҳуқуқӣ ва пайдо кардани таҷриба дар амалӣ кардани созишномаҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Имрӯз ҳам назари олимони иқтисодшинос дар мавриди мавҷудияти ин созмон, бахусус ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС ва самаранок будан ё набудани он яксон нест. Шомил шудан ба СУС ҷанбаҳои мусбат ва манфӣ дорад ва мо бояд кӯшиш кунем, ки аз ҷанбаҳои мусбати он истифода барем.
-Тавре маълум аст, соли гузашта Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ зиёда аз 40 миллиард сомониро ташкил дод. Мегуфтед, ки афзоиши ММД нисбат ба солҳои гузашта дар ҳаҷми чанд фоиз таъмин шудааст?
-Дар ҳақиқат, соли 2013 сарфи назар аз монеаҳои сунъии эҷодшуда ва таъсири омилҳои манфии нархгузории бозори ҷаҳонӣ ба молҳои асосии содиротии мо ММД-и Тоҷикистон 40.5 миллиард сомониро ташкил дод, ки муодили 8.5 миллиард доллари ИМА аст. Суръати рушди ММД 7.4 дар садро ташкил дод. Мутобиқи ҳисобҳои пешакӣ ММД ба ҳар сари аҳолӣ соли 2013 дар қиболи соли 2012-ум даҳ дар сад афзоиш ёфта, 5025 сомонӣ ё 1055доллари ИМА-ро ташкил додааст.
-Яке аз масъалаҳое, ки зери таваҷҷуҳи доими Роҳбари кишвар аст, таъсиси ҷойҳои корӣ мебошад. Хоҳишмандем доир ба ҷойҳои кории солҳои охир таъсисёфта маълумот диҳед…
-Дар мавриди таъсиси ҷойҳои корӣ солҳои охир барномаҳои гуногун қабул шудаанд. Сарчашмаи маблағгузорӣ ва қисми аъзами онҳо ба бахши хусусӣ рост меояд. Дар асоси ин барномаҳо, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешниҳод кардааст, соли 2010 дар назар буд, ки 117,3 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шавад ва дар амал 130 ҳазору 700 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2013-ум 205,3 ҳазорро ташкил медиҳад, ки 164,2 фоизи нақша мебошад.
Дар баъзе мавридҳо бархе коршиносон интиқод аз он мекунанд, ки ҳангоми овардани омор нишондиҳандаҳои аз кор рафтан ё барҳамёбии ҷойҳои кории амалкунанда ба назар гирифта намешавад. Ҳол он ки ин чиз дар асоси ҳисоботҳои оморӣ аст ва дақиқ будани рақамҳо боз ҳам иртибот дорад ба маълумотҳои оморие, ки аз худи корфармоён дар нисбати ҷойҳои кории таъсисдодаашон, нисбати андозбандие, ки аз ҷониби корфармоён ба фондҳои иҷтимоӣ интиқол дода шудааст, ба даст меояд ва мо наметавонем аз ин рақамҳо даст кашем. Аз ҷониби дигар фаромӯш набояд кард, ки боз ҳам масъалаи иқтисоди ниҳонӣ ва шуғли ниҳонии аҳолӣ низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Яке аз нақшаҳои асосие, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи даст дорад, ин пеш аз ҳама таҳияи Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 мебошад. Дар ҳошияи ин таҳия намудани стратегияҳои миёнамуҳлате ҳаст, ки мо пешниҳод менамоем ва дар баробари ин бо назардошти рушди зудтағйирёбандагии ҷаҳони иқтисоди имрӯза бояд тамоми намудҳои фаъолият, нақшаву чорабиниҳои мо ба таври системалӣ таҳлил шавад.
-Саволе пайдо мешавад, ки оё тамоми барномаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумат қабул карда мешаванд, пурра иҷро мегарданд?
- Айни ҳол беш аз 160 барномаи соҳавию маҳаллӣ таҳия шудаанд ва дар Паём боз ҳам таъкид шуд, ки тамоми барномаҳои соҳа, рушди маҳал ва дар сатҳи миллӣ қабулшуда бори дигар аз ҷиҳати таъмин будан аз лиҳози маблағгузорӣ, дар ҳақиқат амалӣ шудани онҳо дар фосилаи пешбинишаванда, таҷдиди назар карда шавад. Мутаассифона, аксарияти ин барномаҳо танҳо хусусияти декларативӣ доранд. Яъне, вазоратҳои дахлдор дар асоси ҳамон нишондиҳанда ва чорабиниҳое, ки мушаххасанд, бояд, бо дарназардошти манбаъҳои маблағгузорӣ, фосилаҳои маблағгузорӣ, фосилаҳои иҷро ва нишон додани масъулон гурӯҳбандӣ кунанд. Маблағе, ки барои амалисозии Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2015 пешбинӣ шудааст, қисмате, ки ба барномаҳои соҳавӣ дахл дорад, аз он ҷо раддабандӣ ва маблағгузорӣ шавад.
Дар Паёми Ҷаноби Олӣ бори дигар зикр шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танҳо ба умеди буҷети ҷумҳуриявӣ набошанд, баръакс, онҳо бо бахши хусусӣ, соҳибкорону сармоядороне, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд, равобити мустақими ҳамкориро ба роҳ монанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»