Мулоқот бо роҳбари ширкати «Вибилд» Пиетро Салини

№85 (4505) 13.07.2022

52210673562_02f310a59a_o12 июли соли 2022 дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати «Вибилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо ширкати «Вибилд» оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмони иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, ки зимни сафари корӣ мушоҳида карданд, андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки бояд корҳо сари вақт ва босифат иҷро гарданд.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ширкати «Вибилд» ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот доданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ширкати «Вибилд» барои татбиқи нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

www.president.tj