Ҳашар боиси ободӣ ва пешравӣ шуд

№59 (3205) 05.06.2014

-Иқдоми раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бобати эълон намудани «Соли 2014- соли роҳҳои обод» аз ҷониби сокинони деҳоти дурдасти ноҳияи Ғончӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт,- мегӯяд котиби матбуотии раиси ноҳия Эгамназари Соҳибназар. Дар қаламрави Ғончӣ сокинон бо пайравӣ  ба ин ташаббус дар обод намудани роҳҳои байни деҳот ва гузару маҳаллаҳо саҳм мегузоранд. Аз ҷумла дар роҳҳои байни деҳоти Метку Хишекат як ҳашари дастаҷамъӣ сурат гирифт. Дар ин маърака беш аз 300 нафар сокинони ҳар ду деҳа иштирок карда, роҳҳоро тахту ҳамвор намуданд. Аз ҷониби соҳибкорон, имом- хатибони масҷидҳо, шахсони саховатпеша маблағ ҷамъ оварда шуда, роҳҳои мазкур тавассути 350 мошин шағал ҳамвортар гардиданд. Чандин техникаҳои ёрирасон ба мадади ҳашарчиён баромаданд. Дарозии роҳи байни ду деҳа зиёда аз 8 километрро ташкил карда, ҳамасола ин минтақа дар фасли зимистон ва бар асари боришоти зиёди баҳорӣ мувоҷеҳи душвориҳои зиёд мегардид. Дар натиҷа, равуои нақлиёт ва одамон вазнин мешуд. Акнун тавассути меҳнати сарҷамъонаи мардум ин мушкилот бартараф шуд.

Дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №27-и деҳаи Метк, хатти нави оби полезӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дарозии ин хат чор километрро ташкил карда, тавассути он ду гектар боғи мактаб обёрӣ мегардад, ки самарааш ба таъмиру таҷдид ва дигар эҳтиёҷоти мактаб сарф мешавад.

Аз ин, оби полезӣ боз 40 хоҷагии гирду атрофи мактаб баҳравар шуда, бо роҳи афзоиш додани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ рӯзгорашон беҳбудӣ хоҳад ёфт, зеро тавассути ин об боз даҳ гектар замин, ки мавзеи картошкапарварист, обёрӣ хоҳад шуд.

Ҳусейни Назрулло,  «Садои мардум»