Аз нишастҳои матбуотӣ

Кумаки якдафъаина ба 79 муаллимаи собиқадор

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

2-3Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикис­тон ба номи Садриддин Айнӣ Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло 12 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки омӯзгорони донишгоҳ супоришу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, бо пешниҳоди Сарвари давлат «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040 масъулияти донишандӯзии толибилмони ин даргоҳи маърифатро боз ҳам қавитар гардонидааст.

Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло афзуд, ки барои боз ҳам тақвият бахшидани тафаккури донишҷӯёни донишгоҳ дар ҳар факултет ва дар назди ҳар кафедра ҷамъияти илмии донишҷӯён ташкил шуда, дар онҳо толибилмон фаъолона ширкат варзида, бо роҳбарии устодонашон ба корҳои илмӣ машғул мешаванд.

Ҳамчунин, дар донишгоҳи мазкур як силсила иқдомҳои наҷиб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, соли равон ба 66 донишҷӯи ятими кулл ва маъюби гурӯҳи якум аз тарафи раёсати донишгоҳ 33 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ба 79 муаллимаи собиқадори бемор кумаки якдафъаина ба маблағи 16200 сомонӣ расонида шуд.

Маълум гашт, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз 710 донишҷӯе, ки аз тариқи квота таҳсил мекунанд, 430 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

ВОРИС,

 «Садои мардум»