Аз нишастҳои матбуотӣ

1254 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардид

№89 (4509) 20.07.2022

DSC_1360- Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ тайи шаш моҳи аввали соли 2022-юм 1254 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор намуданд, ки 554 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд, — иттилоъ дод директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода 18 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Ӯ, ҳамчунин, афзуд, ки муфаттишони агентӣ 453 парвандаи ҷиноятиро бо назардошти бақия ба пешбурд қабул намуда, тафтиши пешакии 364 адади онро нисбат ба 452 нафар ба анҷом расонидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 1007 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта мавриди баррасӣ қарор дошта, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони самти назорати давлатии молиявии агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи 104,8 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор карданд, ки тавассути чораҳои андешидашуда аз ин маблағ 96,5 млн. сомонӣ ё 92,1 фоиз барқарор шудааст. Аз маблағҳои рӯёнидашуда 69,4 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 27,1 млн. сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

 «Садои мардум»