- Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таълимии кишвар ба ҳисоб рафта, дар омода кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ саҳми назаррас дорад. 30 марти соли ҷорӣ Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ эълон намуд, ки дар он донишгоҳи зикршуда миёни 30 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо касби 150 хол дар мақоми 12 – ум қарор гирифт, — гуфт 18 июли соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Раҳмон Дилшод.
Фаъолияти таълимии донишгоҳ аз рӯи низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, дар зинаи бакалавр аз рӯи 60 ихтисос 10 ҳазору 273 донишҷӯ, магистратура аз рӯи 25 ихтисос 178 магистрант ва дар зинаи доктор Ph.D аз рӯи 21 ихтисос 68 докторант таҳсил мекунанд.
Гуфта шуд, ки дар ин давра 7 омӯзгори донишгоҳ рисолаи илмӣ ҳимоя карда, 4 омӯзгор иҷозат ба ҳимоя гирифта, як омӯзгор рисолаи докториашро тасдиқ намуд. Ҳоло 7 донишҷӯи донишгоҳ ба гирифтани стипендияи президентӣ, 8 донишҷӯ ба гирифтани стипендияи раиси вилоят, 1 нафар стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12 омӯзгор бо гирифтани стипендияи раиси вилоят мушарраф гардиданд.
Дастоварди дигари илмии донишгоҳ ворид шудани Маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»