Бедили бузургвор фармуда:
Ба дил гуфтам кадомин шева душвор аст дар олам?
Нафас дар хун тапиду гуфт — поси ошноиҳо.
Ҳақ ба ҷониби ин бузургвор аст, зеро на ҳар нафар қодир аст ба муқаддасоти дӯстӣ арҷгузорӣ намояду онро таври бояду шояд пос дорад. Шахсе, ки дар доираи маводи мазкур хислатҳои накуи инсониашро бозгӯйӣ намуданием, аз зумраи посдорони қавииродаи дӯстиву ҳамзабонист. Ин нафар Масъуди Миршоҳӣ мебошад, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон ниёз ба муаррифӣ надорад. Ин марди соҳибдил барои миллат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадри имконаш хизмат кардаву дар заминаи иқдомоти ба сомонрасонидааш обруву эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам болотар рафтааст. Ба маънои томаш, Масъуди Миршоҳӣ шахсиятест, ки тавонистааст аз манофеи миллӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси олам таври шоиста намояндагӣ ва ҳимоят кунад. Ҳар сол ӯ ду маротиба ба шаҳри Душанбе меояд ва ҳар бор на «дасти холӣ», балки бо армуғон ё навиди хуше…
Сафари навбатии мавсуф ба таҷлили 60-солагиаш рост омад. Вале барои қаҳрамони мо ин сана чандон муҳим нест, зеро чунин нафарон рисолати зистани хешро дар ибораи «хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан» дарёфтаву бо ин шиор ба сар мебаранд. Зимни ин сафар дар баробари анҷом додани табобати беморони сутунмуҳраашон шикаста бо усули ҳуҷайрадармонӣ, номбурда бо худ инчунин маводу таҷҳизоти ташхиси хромосомаи филаделфиро овард. Ашхоси огоҳ медонанд, ки дар сатҳи байналмилалӣ бунёде амал менамояд, ки ба беморони гирифтори лейкоз, аз ҷумла лейкемия, доруи гаронарзиши гливекро таври ройгон пешкаш менамояд. Аммо нуктаи муҳим он аст, ки барои ба ин маводи камёфт дастрасӣ пайдо намудан, бемор бояд ҳатман аз ташхиси хромосомаи филаделфӣ гузарад. То имрӯз шахсони ба ин беморӣ мубталобуда, ин корро дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон анҷом медоданд, ки хароҷот ва ташвишу саргардониҳои зиёдеро тақозо менамуд. Акнун ба шарофати М. Миршоҳӣ ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон фароҳам омадааст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шурӯъ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ ин намуди ташхис дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.
Шояд барои бисёриҳо аҷиб бошад, ки ба кадом хотир Масъуди Миршоҳӣ-доктори илмҳои тиб, профессор, мутахассиси сатҳи ҷаҳонии соҳаи тиб, узви ифтихории якчанд Академияҳои байналмилалии илмӣ ва пажӯҳишгари беҳамтои таъриху фарҳанг беш аз чил сол боз нисбати тоҷикону Тоҷикистон муҳаббати беандоза дораду ба ин арзишҳо таври бояду шояд арҷ мегузорад? Чун ин суолро барояш матраҳ намудам, муддате ба дарёи андеша ғӯтавар гардиду баъд аз сукути на он қадар тӯлонӣ гуфт:
- Охири солҳои 60-уми асри гузашта буд. Он вақтҳо дар яке аз дабистонҳои (мактаби таҳсилоти миёнаи умумии) шаҳри Нишопур таҳсил менамудам. Боре тариқи радио суруди олиҷаноберо бо лаҳни форсӣ ва шеваи бароям ҳанӯз ношинос шунидам. Баъдан қариб ҳар рӯз аз радио ҳамон мавҷро пайдо намуда, дар соатҳои муайян сурудҳои тоҷикиро гӯш мекардам. Бароям як чиз муаммо буд, ки барномаҳо дар ин мавҷ бо сарсухани «Ин ҷо Душанбе» оғоз меёфтанд. Вожаи Душанберо банда рӯзи ҳафта мепиндоштам ва ҳайратам аз он буд, ки чаро ҳар рӯзи ҳафтаро тариқи ин мавҷ якгуна унвон мекунанд. Боре доир ба ин масъала аз падарам, ки ходими адабӣ буд, суол кардам. Он кас ба зудӣ иштибоҳи маро пайхас намуда, гуфтанд:
-Не, писарам, Душанбе рӯзи ҳафта не, балки пойтахти як ҷумҳурии алоҳидаест, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойгир буда, мардуми онро, ки форсизабонанду бо мо пайванди хунию забонӣ доранд, тоҷикон мегӯянд. Аз ин баъд Масъуди ҷавон шефтаи ин сарзамин ва мардуми он гашт. Махсусан забони тоҷикӣ, ки ба лаҳни мардуми шимолии Ҷумҳурии Исломии Эрон қаробати зиёде дорад, диққати ӯро ба худ ҷалб менамуд. Мутаассифона, солҳои зиёд боздид аз ин сарзамин чун орзу дар қалбаш монду ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти сафар кардан пайдо нагашт. Баъди гузашти солҳо ӯ дар як Симпозиуми бонуфузи байналмилалӣ маърӯзаи пурмуҳтавоеро бо ҳамон лаҳни барояш кайҳо боз шинос шуниду бетоқатона дар танаффус бо муаллифи он шинос гашт. Ин шахс, собиқ Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Муҳаммад Осимӣ буд. Ин шиносойӣ барои Миршоҳӣ саҳифаи наверо дар шинохти давлат ва миллати тоҷик кушода, замина фароҳам овард, ки ба шарофати М.Осимӣ бо ин миллату давлати куҳанбунёд беш аз пеш наздиктар гардад. Баъди Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон номбурда имконият пайдо кард, ки бевосита аз ин диёри хушманзараву зебо дидан карда, бо урфу одат ва мардуми меҳмоннавози он аз наздик шинос ва қарин гардад. Дар ин раванд номбурда ба ин сарзамин ва мардумаш самимона меҳр баст. Тӯли солҳои зиёд ӯ таъриху фарҳанги тоҷиконро амиқтар омӯхт, аз ҷойҳои таърихӣ дидан кард ва бо шахсиятҳои зиёди илмиву фарҳангӣ дӯстӣ пайдо намуд. Боре ҳини тамошои ҷойҳои таърихии шаҳри Панҷакенти бостонӣ дар дасти марди китобфурӯше девони қадимаи Ҳофизро мебинад. Китобро варақ зада, дар ҳайрат монд. Девон нусхаи нодиртарини ашъори шоир буд, ки дар он якчанд ғазалҳои шоир дар шакли пурраашон ҷой дода шуда буданд. Ин ғазалҳо дар нусхаҳои чопи Ҷумҳурии Исломии Эрон тӯли садсолаҳо ноқис ба нашр мерасиданд. Илова бар ин, дар ин нусха ҳафт тарҷеъбанду таркиббанд ва маснавиҳои Ҳофиз ҷой дода шудаанд, ки барои хонандаи эронӣ то имрӯз номаълум буданд. Зеро дар ин кишвар гумон доштанд, ки Ҳофиз танҳо ғазал гуфтаасту халос…
Китобро бо хурсандӣ харидорӣ намуда, чанд муддат пайи омӯзиши он гашт ва дертар онро бо унвони «Нусхаи панҷакентии Ҳофиз» ба нашр расонид. Соли 1993 Масъуди Миршоҳӣ дар шаҳри Париж Анҷумани Рӯдакиро таъсис дода, мунтазам дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ҳамоишҳои зиёди фарҳангию илмӣ барпо менамояд. Бо ташаббуси номбурда ва ҳамкории пажӯҳишгарони тоҷик М.Диловаров, П.Ҷамшедов соли 2001 ду ҷилд китоб бо номи «Ҷусторҳо дар забон, адаб ва фарҳанги Тоҷикистон» ба нашр расид. Соли 2008, бо ибтикори ӯ маҷмӯаи «Дурри дарӣ дар Самарқанду Бухоро» чоп гашта, соли 2007 дар қароргоҳи ЮНЕСКО ба муносибати 800- солагии Ҷалолиддини Румӣ конфронси бонуфузи байналмилалӣ доир гардид. Чанд соли охир ин соҳибдил ба пажӯҳиши «Сохтор, ташаккули ҳунар ва ҷаҳонбинии эронӣ» машғул мебошад. Ӯ шояд ягона нафаре бошад, ки ҳамасола дар шафати манораи машҳури «Эйфел»-и Фаронса Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо ҳама суннатҳояш барпо карда, ба ин васила тамаддуни ғании мардуми форсинажодро ба хориҷиён муаррифӣ менамояд. Ҳамин кӯшишҳои беандозааш дар самти пажӯҳиши таъриху адабиёт боис гаштааст, ки Масъуди Миршоҳиро алоқамандони илму фарҳанг ҳамчун таърихнигор ва адабиётшинос низ эътирофу қадршиносӣ намоянд. Номбурда аз ҷумлаи нафаронест, ки ба сухан ва қаламкашон эҳтиром қоил асту мунтазам такрор мекунад:
Аз фитнаи забони қалам эҳтиёт кун,
Ғофил машав, гардани море гирифтаӣ.
Аслан профессор Масъуди Миршоҳӣ табиб асту дар самтҳои саратоншиносӣ, иммунология, токсикология, бемориҳои чашм ва алалхусус ҳуҷайрадармонӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки номбурда ҳанӯз дар 30-солагӣ дар кишвари Голландия рисолаи докториро дар соҳаи тиб ҳимоя намуда, дар 32-солагӣ дар яке аз донишгоҳҳои машҳури тиббии шаҳри Париж-Донишгоҳи Париж-6 ба дарёфти унвони профессорӣ мушарраф гаштааст. Дар ин муддат 18 нафар шогирдонаш соҳиби унвони докторӣ гаштаанд. М. Миршоҳӣ ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани усулҳои нави табобати беморон кӯшишҳои зиёде намуд, вале, мутаассифона, бо сабаби наёфтани дастгирӣ ин талошҳояш самар намеоварданд.
- Соли 2005 бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Убайдулло Абдуллоевич Қурбонов вохӯрдаму мақсаду ниятҳоямро ба ӯ фаҳмондам, — ёдовар мешавад профессор Миршоҳӣ.- Аз вохӯрии аввалин пай бурдам, ки профессор Убайдулло Қурбонов марди қавлу амал ва сарсупурдаи роҳи илму маърифат аст. Нафарест, ки сабур, пухтакор ва масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ барояш болотар аз ҳама арзишҳоанд. Маҳз ҳамин омилҳо мавсуфро дар ҳама ҷодаҳо – роҳбарӣ, илм, табибӣ ва муҳимтар аз ҳама одамгарӣ комёб гардонидааст. Ба ибораи шоир:
Марди худдоре, ки бошад пухтакор,
Бо мизоҷи ӯ бисозад рӯзгор.
Инак, қариб даҳ сол аст, ки бо ӯ ҳамкорӣ дорем ва дар як муддати кӯтоҳ тавонистем, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино табобати беморонро тариқи ҳуҷайрадармонӣ ҷорӣ намоем.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ноил шудан ба ин ҳадаф кори саҳлу сода набуд. Бо дарназардошти ин омил замоне, ки Президенти мамлакат ба онҳо супориш дод, ки дар як муддати кӯтоҳ табобати беморонро бо ин усули ҷадид дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ намоянд, баъзе аз «дӯстон» муътақид буданд, ки М.Миршоҳӣ, У.Қурбонов ва ҳамсафонашон дар нимароҳ ноком мемонанд. Хушбахтона, чун нияташон нек, азмашон қавӣ буду бо ихлосу самимият пайи иҷрои ин супориш шуданд, комёбӣ насибашон гардид. Зеро:
Ҳар ки ба ихлос қадам мезанад,
Исии вақт аст, ки дам мезанад.
Ба шарофати сари вақт, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шудани ин иқдом Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки табобат бо усули ҳуҷайрадармониро дар раванди муолиҷаи бемориҳои вазнин ҷорӣ намудааст. Профессор Убайдулло Қурбонов бо ёдоварӣ аз он марҳила минҷумла зикр намуд, ки «дар татбиқи ин иқдом М. Миршоҳӣ нақши калидиро доро буд ва муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки маҳз номбурда дар саргаҳи он қарор дорад . Барои мисол, баҳри бозгӯйии моҳият ва зарурияти ҷоринамоии ин усули табобат якчанд маротиба бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, моҳияти ин иқдоми наҷибро баён сохт. Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, тамоми маводи зарурии ҳуҷайрадармониро аз кишварҳои Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овард. Самараи чунин талошҳо буд, ки соли 2009 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Озмоишгоҳи парвариши селулаҳои бунёдӣ таъсис ёфт ва як сол нагузашта, олимони тоҷик бо дастгирии профессор Миршоҳӣ ҳуҷайрадармониро дар раванди табобати 33 нафар дардмандони бемориҳои ишемикии дил татбиқ намуданд. Нуктаи муҳим он аст, ки натиҷаи корҳои дар ин ҷода анҷомёфта, дар якчанд ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ, аз ҷумла дар шаҳри Ванкувери Канада баррасӣ ва баҳои баланд гирифт. Айни замон тасмим гирифта шудааст, ки истифодаи усули ҳуҷайрадармонӣ дар табобати бемориҳои ишемикии дил, остеоартроз, остеопороз, диабети қанд, сил ва ҳолатҳои пас аз садамаи сутунмуҳра таври васеъ истифода шавад».
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аллакай мутахассисон оид ба ҳуҷайрадармонӣ омода шудаанд, ки тибби муосири тоҷик аз онҳо умедҳои зиёде дорад. То имрӯз 73 нафар бо усули фавқуззикр табобат гирифтаанд. Табиист, ки масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ ва меҳнати софдилона ҳеҷ вақт бе подош намемонад. Бо дарназардошти ин омилҳо хизматҳои арзандаи ин олими варзида аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2009, зимни таҷлили ҷашни 70 — солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ордени «Шараф» қадрдонӣ гаштааст. Итминонамон комил аст, ки ба синни мубораки 60 қадам ниҳодан барои номбурда шасти камолот хоҳад буд ва минбаъд низ профессор М. Миршоҳӣ дар пешрафти бахши тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ ва ба ин васила посдори қавииродаи ошноӣ буданашро собит менамояд.
Далер Мерганов, «Садои мардум»