Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон

№ 21.07.2022

Emomali-Rahmon-vizit-safar

21 июли соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, вазири нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Инчунин, дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссик-Кул меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Акилбек Жапаров самимона истиқбол гирифтанд.