Аз нишастҳои матбуотӣ

Нигаронии ректор аз хориҷшавии 450 донишҷӯ

№ 21.07.2022

    Чило ГулназарзодаДар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мутахассисон аз рӯйи 11 забон  дар зинаҳои гуногун бо касбҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир омода шаванд. Ин нуктаро ректори донишкада – Ҷило Гулназарзода дар нишасти матбуотие, ки 20 июли соли 2022 баргузор гардид, иброз намуд.

    Қайд гардид, ки дар донишкада 5 факултет:  филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Осиё ва 16 кафедра аз рӯи 41 ихтисос бо фарогирии 5101 нафар донишомӯз фаъолият менамояд. Аз ин теъдод 648 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар шуъбаи рӯзона 3203, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1796, магистратура 72 нафар ва дар докторантура 30 нафар таҳсил мекунанд.

   Дар давраи мавриди назар  10 конференсияи илмӣ – назариявӣ ва илмӣ – амалӣ, 18 семинар ва 16 суҳбати гирди миз баргузор гардида, аз ҷониби профессорону омӯзгорон 220 мақолаи илмӣ, 7 номгӯи монография ва 12 номгӯи дастурҳои таълимию методӣ  нашр шудаанд. Дар ин давра 4 унвонҷӯ рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, 11 нафари дигар рисолаҳои илмии худро ба анҷом расонида, барои дифоъ ба шӯроҳои диссертатсионӣ пешниҳод намуданд. Имсол бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди донишкада  Шурои диссертатсионӣ  ҷиҳати дарёфти  дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисоси 6D021300 – Забоншиносӣ таъсис дода шуд.

     — Дар заминаи роҳнамоию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон  ба 11 донишҷуйи ятими кул ҳар моҳ д 250 сомонӣ кумакпулӣ ҷудо мешавад.

  Ҷило Гулназарова ба саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои қаноатбахш дода, аз хориҷ шудани 450 донишҷӯ нигаронӣ кард.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

 «Садои мардум»