(андешаҳо перомуни куфру имон)
Куфру дин дар гиреҳи печу хами якдигаранд,
Зулмату нур чу оинаву ҷавҳар бо ҳам аст.
(Бедил)
Миллат дар замони муосир яке аз унсурҳои меҳварии низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Бо ин мақом ва бо ин нақш миллат дорои моҳияти дунявист. Бо ибораи дигар, миллат ва ҷаҳонбинии миллӣ дар асоси принсипи дунявият ҳукми зарурати ҳаётиро гирифтааст. Бо дарназардошти масъалаи рушди соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти миллӣ масъалаи озодандешию озодихоҳии миллатҳо низ бисёр муҳим мебошад. Аммо озодандешӣ нисбат ба дин худ ба худ аҳамият надорад. Озодандешӣ бояд ба волоияти арзишҳои умумимиллӣ (соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, баробарӣ, озодӣ ва ғайра) марбут бошад. Озодандешӣ ва озодихоҳӣ таърихан ва воқеан аз миллатҳои муосир ва умуман аз инсон ҷудонопазиранд.
Ҳаёти динӣ низ, аз ҷумла амалияи исломӣ, хосатан таҷрибаи таърихии ислом, набояд берун аз танқиди илмӣ бошад. Мо бояд ба дин, аз ҷумла ба таърихи ислом, аз мавқеи озодандешии миллӣ нигоҳ кунем, на баръакс. Ислом, дини фаромиллӣ аст, аз мавқеи он миллат, арзишҳои он асолати мустақил надоранд. Аз ин ҷиҳат, ислом ҳеҷ гоҳ ҳувияти ҷавҳарии ягон миллат шуда наметавонад. Аз ин рӯ, миллати тоҷик дар сурати интихоби озодандешӣ ё таассуби динӣ, бояд озодандеширо дар мавриди таҷрибаи динии исломӣ ихтиёр кунад.
«Ҷаҳонбинии оянда»
Соли 2013 китобчае ба номи «Ҷаҳонбинии оянда», ки як навъ ҷамъбасти фаъолияти бистсолаи маҳфили фалсафии «Ҷаҳони андеша» аст, зери таҳрири Комил Бекзода аз чоп баромад. Азбаски таҳрири китобча ба Комил Бекзода тааллуқ дорад, баъзеҳо муаллифии ин андешаҳоро пурра ба вай нисбат додаанд. Шояд ин андешаҳо моли Комил Бекзода ҳам набошанд ва ӯ ба хотири риояи озодии андеша ва озодии баён ба чопи онҳо мухолифат накардааст. Умуман, гап дар сари он нест, ки озодандешони маҳфили мазкур хато гуфтаанд ва ё дуруст. Махсусан барои ман муҳим озодандешии онҳост. Ҳатто фикр мекунам, ки ҳамандешони аъзои маҳфили мазкур дар берун аз он низ кам нестанд. Зиёда аз ин, шояд андешаҳои аъзои «Ҷаҳони андеша» аз рӯҳияи озодандешии қишрҳои муайяни ҷомеа маншаъ гирифтаанд ва ё кӯшише ҷиҳати эҳёи нишонае аз суннатҳои озодандешӣ ва озодихоҳии мутафаккирони гузаштаи бузурги халқамон дар мубориза бар зидди тохтутозҳои сиёсӣ ва фикрии бегонагон карда бошанд.
Аз ин нуқтаи назар, барои ман тааҷҷубовар нест, ки озодандешии маҳфили «Ҷаҳони андеша», алалхусус андешаҳои онҳо дар атрофи мавзӯи ҳассосу баҳснок, хосатан баҳси онҳо оид ба дину Худо, боиси ҳангомасозии баъзеҳо ва вокуниши ғофилонаю мутаассибонаи дигарон гаштааст.
Аслан мавзӯи мазкур, баҳси атрофи он, падидаи нав нест ва маъмулан он «мавзӯи абадӣ» аст. Вале он ҳамеша ҷолиб ва баҳсангез мебошад. Банда низ мехоҳам, ки дар ин мавзуъ ва дар атрофи баъзе баҳсҳои ҷавобии марбут ба он андешаронӣ намоям.
Озодандешӣ ва ислом
Ба пиндошти баъзеҳо, гӯё имон (боварӣ) танҳо динӣ мешавад. Ҳол он ки имони ғайридинӣ, аз ҷумла имони илмӣ низ ҳаст. Имони динӣ ин ҳақиқати диниро бе баҳсу муҷодала қабул ва тасдиқ кардан аст. Имони динӣ ба ҳақиқатҳои динӣ шубҳаро қатъиян роҳ намедиҳад. Он исботро талаб намекунад. Бар хилофи ин, имони илмӣ исботталаб аст. Дар он тамоми ҳақиқатҳо ҳамеша мавриди баҳсу ҷидол мебошанд, зеро, аз нигоҳи илм, ҳақиқатҳои ниҳоӣ вуҷуд надоранд. Дар ин ҷо озодандешӣ ҳукми мутлақ дорад.
Дар дин бошад, вақте ки онро ба озодандешӣ муқоиса мекунем, мо дигарандеширо, яъне озодандешии нисбиро дар мавриди муносибати як дин ба куфр ё ба дини дигар мебинем. Аммо ҳар як дин нисбати худ ягон навъ шубҳаро ҷоиз намедонад.
Шаклҳои асоситарини озодфикрӣ инҳоянд: шаккокия (скептитсизм), деизм ва атеизм. Мехоҳам дар мисоли ислом шаккокия ва деизми диниро таҳлил намоям. Дар ин раванд атеизмро низ дахл карданиям.
Чуноне ки гуфтам, озодандешӣ аз шак овардан, шубҳа кардан ба ҳаққонияти ин ё он Худо ва ё умуман Худоҳо оғоз мешавад. Ислом шаккокияро ба ду навъ ҷудо мекунад. Ба ибораи дигар, ислом барои мусулмонон нисбат ба Худоҳои дигар шак оварданро дуруст, аммо шак овардан ба Оллоҳро нодуруст меҳисобад. Дар ислом, аз ин ҷиҳат, шаккокия дар шакли дигарандешӣ танҳо хусусияти инкорӣ дорад. Яъне, шаккокия шартан ҳамчун инкори дигар Худоҳо ҷоиз дониста мешавад. Масалан, дар Қуръони карим, дар мисоли шаковарии Паёмбар Иброҳим (с) ба Худоҳои дигар, масъала, аз лиҳози мазмун, чунин баён ёфтааст: Худованд ба Паёмбар Иброҳим ҷаҳонбинии тавҳидиро ироа мекунад. Ва Паёмбар Иброҳим, тибқи меъёрҳои ҷаҳонбинии исломӣ, ба ҷаҳони ҳастӣ назар меандозад: Ӯ гоҳ ситораеро ба Парвардигорӣ мехонад, гоҳ моҳ ва гоҳ офтобро. (6:76-80). Ислом чунин шаккокияро мақбул меҳисобад, зеро, тибқи Қуръон, маҳз чунин шаковарӣ Паёмбар Иброҳимро ба тавҳид расонидааст. Шаккокияи мутлақ ба атеизм тааллуқ дорад.
Дар мисоли дигарандешии мушрикин нисбат ба Оллоҳ деизмро низ таҳлил кардан мумкин аст. Тибқи ин шакли озодфикрӣ, Оллоҳ ҳамчун офаридгор эътироф мешавад. Вале дар деизм рубубияти Худо, агар дақиқтар баён кунем, дахолати Худо ба олам ва ҳаёт, имконнопазир аст.
Инкишофи деизм, аз як тараф ба теизм (худомеҳварӣ) ва аз тарафи дигар, ба атеизм (инсонмеҳварӣ) оварда мерасонад. Атеизм дар навбати худ, ба навъҳо ҷудо мешавад: атеизми ҷанговар, ки тибқи он, Худо ва дин комилан инкор ва дур кардани он аз ҳаёти ҷамъиятӣ вазифаи ҷонии инсон дониста мешавад. Навъи дигари он атеизми иҷобӣ аст. Ҳадафи асосии он бевосита инкори Худо ва дин набуда, балки тасдиқи инсон аст. Он диндорӣ ва динро ба моҳияти бегонашудаи инсон марбут сохта, динро инъикоси таҳрифшудаи моҳияти таҳрифшудаи инсон мешуморад. Аммо ин мавзӯи таҳлили ҷудогона аст.
Масъалаи асосӣ сари таносуби дин ва озодандешӣ аст. Тавре гуфтем, дин дар зоти худ шакнопазир аст. Озодандешӣ бошад — комилан шакпазир. Масъала боз ҳам мураккабтар мегардад, агар доираи нуфузи имони динӣ васеъ гардад. Банда динисозии сиёсатро дар назар дорам. Масалан, дар дини ислом андешаҳои сиёсии «хилофат», «имомат» ва ғайра. баробари характери амалӣ пайдо кардан ба худ шакли қадосати диниро гирифта, ба хусусиятҳои ҷудогонаи эътиқодӣ табдил ёфтаанд. Акнун барои пайравонашон шак овардан ба андешаҳои «хилофат» ё «имомат» куфр ё ширк дониста мешавад. Ҳатто имрӯз низ даъвоҳо ва даъватҳои сиёсии бозгашт ба гузашта ҷиҳати эҳё ва татбиқи андешаҳои мазкур дар худ хусусияти эътиқодӣ доранд. Бо чунин динисозии сиёсат на танҳо дин, балки сиёсат низ берун аз танқид қарор мегирад. Динисозии дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ низ чунин оқибатро хоҳад дошт. Дар натиҷа, барои озодандешӣ комилан ҷой намемонад ва тафаккури илмӣ, чароғи андешаи инсонӣ хомӯш карда мешавад. Дар чунин сурат, эҳёи атеизми ҷанговар аксуламали табиӣ ва зарурати ҳаётии ҷомеа мегардад.
Илова бар ин, мехоҳам ба як нукта таъкид намоям. Таърихан, масъалаи қабул ё инкори андешаи динӣ, аз ҷумла андешаи тавҳиди исломӣ, дар ниҳояти амр, бо масъалаи ташаккул ва рушди умумиятҳои этно-таърихии одамон (авлод, қабила, халқ, миллат ва ғайра) сахт марбут аст. Омӯзиши ташаккулёбии андешаи тавҳиди исломӣ нишон медиҳад, ки ислом низ бо масъалаҳои этносиёсӣ пайваст мебошад ва дар он ҳуқуқи маънавии интихоби озоди намояндагони қавму халқҳо ҷиҳати қабул ё инкор кардани андешаи мазкур муқаррар гаштааст.
Дар ҳамин асос ислом интихоби имон ва куфрро ихтиёрӣ дониста, усулан озодии диёнат (диндорӣ) ва бединиро принсип ва арзиши олии ахлоқӣ ҳисобидааст. Ҳамин тариқ, ислом дар масъалаи муносибат ба дин ва куфр инсонро озод эълон менамояд. Ба таъбири дигар, инсон дар интихоб ва ё инкори андешаи тавҳидии исломӣ озод аст. Дар сураи Каҳф, ояти 29 чунин омадааст: «Ва бигӯ: ҳақ аз парвардигоратон расидааст, пас ҳар кӣ бихоҳад, қабул кунад ва ҳар кӣ бихоҳад, инкор кунад. Мо барои ситамгарон (золимон) оташе омода кардаем, ки саропардааш ононро аз ҳар сӯ иҳота кардааст».
Асли матлаб дар он аст, ки мушрикини Макка ба даъвати Паёмбар (с) мухолифат варзида, садди роҳи қабули андешаи тавҳиди исломӣ шуданд. Барои онҳо хориҷ шудан аз динҳои пешинаи бутпарастӣ ва пазируфтани дини нав, ҷинояти сахттарин ҳисобида мешуд. Дар он замон андешаи бутпарастӣ рамзи ваҳдат ва ризоияту истиқлолияти қабилавӣ, шарти бақои низоми ҷамъиятии вақт буд. Ин омилро низ нодида гирифтан хато аст.
Бо вуҷуди ин шароити нави таърихӣ талабот, тартибот ва принсипҳои худро пеш мегузошт. Дар ҷомеаи арабии он замон масъалаи ташаккули давлатдории нав актуалӣ гашта буд. Аммо инро ҳар кас дарк карда наметавонист.
Дар робита ба ин масъала ба хотири исботи ҳақиқати таърихӣ мехоҳам як нуктаро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳам. Дар сарчашмаҳои динӣ-таърихӣ ҳодисаи бисёр ҷолибе аз ҳаёти Паёмбари ислом (с) ривоят мешавад: «Боре пешвоёни мушрики қабилаи Қурайш ба назди амаки Паёмбари ислом Абӯтолиб омада, аз Паёмбар, дар бораи он ки ӯ худоён ва аҷдоди онҳоро дашном медиҳад ва суннати бобоёнро таҳқир мекунад, шикоят мекунанд. Абӯтолиб аз Паёмбар иллати шикояти онҳоро мепурсад. Паёмбар дар ҷавоб мегӯяд, ки ман онҳоро ҷуз ба гуфтани як калима: «ло илоҳа иллаллоҳ» намехонам, ки бо он ҳамаи арабҳо ба Қурайш тобеъ ва тамоми аҷам ба онҳо ҷизя хоҳанд супорид» (Китоби Ҳаёт-ус-саҳоба»,ҷ.1 саҳ.46) Дар ривояти дигар, Паёмбар ба мушрикони қавми худ мегӯяд: «Як калима, то бигӯед ло илоҳа иллаллоҳ ва барандозед он чиро ки мепарастидед. Агар ин калимаро қабул кунед, бо он шумо бар тамоми арабҳо ҳукмфармо мешавед ва аҷам ба шумо итоат хоҳанд кард» (Китоби «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя», ҷилди 3, саҳ.143). Вале қавми Паёмбар бо тааҷҷуб аз ин андешаи Паёмбар изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар мавриди тааҷҷуби онҳо Қуръони карим низ гуфтааст: «Оё ӯ ба ҷои ин ҳама худоён Худои ягонае қарор додааст? Ин ба ростӣ, чизи аҷиб аст!» (38,5).
Банда аз ин ривояти овардашуда ягон хел хулосаи қатъӣ ва ниҳоӣ бароварданӣ нестам. Зимнан, дар тавҳиди исломӣ ҳеҷ гуна ирқгароии мутлақи арабиро дар назар надорам. Исломро ягон қавм, ягон фирқа, ягон ҳизб, ягон мулло ва ягон шахс монополияи худ карда наметавонад.
Аммо масъалаи озодии диндориро, ки дар ислом бо масъалаи эҷоди давлатдории миллӣ-арабӣ зиҷ алоқаманд буд, ҳеҷ гоҳ аз назар дур гирифтан лозим нест. Дар ниҳоят, байни космополитизми исломӣ ҳамчун падидаи динӣ ва шовинизми сиёсии имперотурии арабӣ, ки зери пӯшиши ҳамин космополитизми динӣ пешравӣ карду тавсеа ёфт, бояд фарқгузорӣ кард. Таҷрибаи таърихӣ низ собит месозад, ки космополитизми исломӣ ҳамчун ниқоби идеологӣ бештар ба давлатдориҳои истеъмории ирқгаро алоқаи зич доштааст.
Зиёда аз он, вобаста ба масъалаи заминасозии давлатдории арабӣ-исломӣ ҷараёни ҳодисаҳо дар охири ҳаёти Паёмбар, хосатан баъд аз вафоти ӯ, тадриҷан шакли маҳдуди сиёсиро гирифт ва масъалаи озодандешӣ ва озодии диёнат низ ба таври дигар матраҳ гашт.Барои мисол, асли тақвои динӣ («инна акрамакум ъиндаллоҳи атқокум»- «гиромитарини Шумо назди Худованд парҳезгортарини Шумо аст») (49:13) масъалаи сирф ахлоқӣ боқӣ монда, дар давлатдории арабии исломӣ андешаи динӣ-ахлоқӣ (тибқи ҳадиси Паёмбар «ал-аиммату мин Қурайшин» («имомон аз Қурайшанд») ба принсипи сиёсии ҳукмрон табдил ёфт. Дар ниҳоят, масъалаҳои «хилофат» ва «имомат», ихтилофоти сиёсӣ дар заминаи фарқиятҳои усулӣ-ақидатии онҳо, сарчашмаи асосии фирқагароӣ ва ҳизбгароии номашруъ дар ислом шуд.
Масъалаи озодии диёнат низ мураккаб шуд. Исломе, ки ибтидоан муборизаро барои озодии диёнат оғоз намуда буд, бо гузашти замон ва бо шаклгирии давлатдории нав онро, яъне муборизаро, бо озодии диёнат, ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ (на динӣ) «хатм» намуд.
Шубҳаҳо дар атрофи андешаҳои «Ҷаҳони андеша»
Дар китобчаи «Ҷаҳонбинии оянда» барои ман ду матлаби ҷолиб вуҷуд доранд, ки дар маҳфили мазкур мавриди мубоҳиса ва муҳокимаронӣ қарор гирифтаанд. «Ҷаҳони андеша» ҳукм фармудааст, ки «Худо қаҳрамони асосии афсонаҳои динии мост. Мо, одамон, Худоро ихтироъ кардаем».
Аввал ин ки баёни ҳукми мазкур дар доираи озодандешӣ мантиқан ҷоиз аст. Вале эҳтимоли зиёд аст, ки аҳли баҳс тахассуси хуби диншиносӣ надоштаанд. Бо ин сабаб онҳо ба масъала сирф аз нуқтаи назари гносеологӣ (маърифатӣ) наздик шуда, ҷанбаҳои онтологӣ (ҳастишиносӣ) ва аксиологӣ(арзишшиносӣ)-и онро комилан ба назар нагирифтаанд. Ҳатто, аз нуқтаи назари атеизми илмӣ, «Худо» андеша ва ё мафҳуми пуч нест. Дар ин андеша, тавре зикр карда будем, ҳаёти оҷизона ва таҳрифшудаи инсон маҳз дар шакли шуури таҳрифшуда инъикос ёфтааст. Атеизм ҳалли ниҳоии масъаларо на дар гносеология, балки дар онтология мебинад. Ба таъбири дигар, мақсад аз атеизм, хосатан тибқи андешаи К. Маркс, ин бевосита танқиди дин, баланд бардоштани парчами бехудоӣ нест. К. Маркс дар ин маврид сароҳатан эълон менамояд, ки моҳияти атеизм на дар танқид ба хотири танқид, балки дар «танқиди осмон (Худо) ба маънои танқиди замин, дар танқиди дин ба маънои танқиди ҳуқуқ ва дар танқиди теология ба маънои танқиди сиёсат ифода меёбад».
Мутаассифона, «Ҷаҳони андеша» озодандеширо яктарафа дидааст ва онро дар нигилизми содалавҳона нисбат ба дин хулоса кардааст.
Дар ислом низ нигилизми ба худ хос вуҷуд дорад. Гап дар сари он аст, ки дар андешаи тавҳидии «ло илоҳа иллаллоҳ» ғайр аз Оллоҳ дигар тамоми худоҳо ботил, пуч, холӣ аз маънӣ дониста шуда, ба мафҳуми махсуси калима, онҳо худоҳои бофтаву сохта, ихтироъкардаи худи одамон дониста мешаванд. Қуръони карим мефармояд: «Гуфт: чизеро мепарастед, ки бо дасти худ метарошед (месозед)» (37:95). Дар мавриди дигар низ дар Қуръон омадааст: «Ин маъбудҳое (худоҳое), ки ғайр аз Оллоҳ мепарастед, чизе ҷуз номҳои (бемусаммо), ки шумо ва падаронатон онҳоро номидаед, нестанд» (12:40; 53:23).
Тавре мебинем, «худосозӣ» ё «худоофаринӣ» ба таърихи инсон, ҳаёти маънавии он хос аст ва ислом низ ин хусусияти шуур ва амали инсонро пурра истисно накардааст.
Аъзои маҳфили «Ҷаҳони андеша» бошанд, дар ин маврид дар андешаронии худ танҳо дар таъмими (умумисозии) андешаи худосозии инсон зиёдаравӣ намудаанд. Вале дар асоси он ки ин андешамандон дар номҳои зоти ақдаси Оллоҳ сароҳатан илҳод наварзидаанд (7:180) ва ба ибораи дигар, ба номи муқаддаси Оллоҳ тааддӣ накардаанд, наметавон гуфт, ки онҳо нисбат ба асли озодии диёнати исломӣ таҷовуз ва беэҳтиромӣ нисбат ба ҳиссиётҳои динии мардум намудаанд. Аз ин рӯ, тибқи фарҳанг ва одоби диндории исломӣ, ба ҷоҳилӣ ва аблаҳӣ муттаҳам кардани аъзои маҳфил аз ҷониби Маҳмуд Тӯраҷонзода беэҳтиромии комил нисбат ба «озодии диёнат» дар ислом мебошад.
Матлаби дигаре, ки дар баҳси аҳли «Ҷаҳони андеша» диққатро ҷалб менамояд, ҳукми онҳо бобати ояндаи дин аст. Ба саволе, ки оё дин оянда дорад, аҳли маҳфил ҷавоб додаанд: «Не, дин оянда надорад. Чаро ки як умед ва орзуи бепоя аст». Дар ин бобат ҷавоби банда дигар аст.
Дар замони атеизми шӯравӣ чунин андешае вуҷуд дошт, ки тибқи он, дин ҳамчун хурофот миранда ва бебақо дониста мешуд. Ин даъвои атеизми сиёсии ҷанговар буд, на атеизм ҳамчун шакли ҷаҳонбинӣ. Ба ин сифат атеизм низ бо атеизми ҷанговар мутлақо мухолиф аст. Ба назари банда, атеизм ва дин, то вақте ки инсон ҳаст, бақо доранд, ҳар ду доимо ҳамсафари ҳаёт ва ба қавли ҳазрати Бедил, оинаҳои (инъикоси) ҷавҳари ягонаи инсонанд.
Бояд гуфт, ки дин ҳам шакли ҷаҳонбинӣ аст, илму фалсафа низ. Аммо дидгоҳҳо ва мақсадҳои назариявӣ ва амалии онҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Мақсади ниҳоии диндорӣ ибодати Худо аст. Албатта, донишҳои динӣ низ вуҷуд доранд. Вале онҳо ба мақсади ибодати Худо тобеъ мебошанд ва ба мафҳуми муосири калима, донишҳои илмӣ ҳисобида намешаванд. Мақсади илму фалсафа, пеш аз ҳама ва асосан ҷустуҷӯи ҳақиқат аст. Аммо пас аз ҳақиқатро дарёфт кардан боз шубҳа намудан ба он ва аз нав ба ҷустуҷӯи паҳлуҳои дигари ҳақиқат машғул шудан хусусияти ҷудонопазири илму фалсафа мебошад.
Оғои Маҳмуд Тӯраҷонзода мегӯяд, ки «далелу омилҳои (?) мавҷуда» кофӣ мебошанд ва ба исботи Худо машғул шудан, ин ба монанди «дар рӯзи равшан бо чароғ ҷустани офтоб ҳамоқату нодонист». Оғои муҳтарам, ин сухани Шумо аз назари дину имондорӣ низ дуруст нест. Муъмин барои он муъмин аст, ки ба далел эҳтиёҷ надорад. Аммо илм аз дин бо он фарқ мекунад, ки агар илм (озодандешӣ) офтобро ҳам бинад, вале пушт ба он карда, сарчашмаи нури онро боз ҳам меҷӯяд. Такрор мекунам, ки илм ба воситаи шубҳа кардан тараққӣ мекунад, ҷило меёбад. Он чи ки барои Шумо ҳамоқат менамояд, барои илм рисолат аст. Шумо, оғои Маҳмуд Тӯраҷонзода аз Комил Бекзода бо ҳамин хусусияти динии ҷаҳонбинии худ фарқ мекунед. Аз ин ҷиҳат, ба ҳақиқатҳои илмӣ ва фалсафӣ аз нуқтаи назари дин ва имондорӣ баҳо додани Шумо низ нишонаи хирадмандӣ нест.
Дар ин робита гуфтан бамаврид аст, ки Шумо, оғои Маҳмуд Тӯраҷонзода, аз рӯйи эҳтиром ба асли озодии диёнат ва озодандешӣ дар ислом, бояд аз ҳуқуқи маҳфили «Ҷаҳони андеша» (бигузор на андешаҳои онҳоро), ки онро Худо иноят фармудааст, дифоъ мекардед, саъю талош меварзидед. Ягон мусулмон ҳақ надорад, ки нисбати дигарон, хосатан озодандешон, зулму ситам намояд. Дар чунин сурат, тибқи ояти зикршудаи Қуръони карим (18:29), ӯ низ золиму ситамгор хонда мешавад.
Аз ин лиҳоз, ҷавоби банда ба суоли мазкур чунин аст: атеизми ҷанговар ва дар айни замон диндории сиёсатзадаи мутаассибона ва ё ба истилоҳ исломи ҷанговар дар ҳақиқат ояндаи нек надоранд, зеро дар ин шакл ҳар ду ба як вазифа тобеъ мешаванд ва он дар ниҳоят вазифаи нобудсозии инсон ва дар аввал нобудсозии дину ҳам озодандешӣ мебошад.
Исломизми ҷанговар
Усулан ваҳдати инсонӣ ва хосатан ваҳдати миллӣ танҳо дар асоси дин ва ё танҳо дар асоси атеизм имконнопазир аст, зеро агар ҳар ду тобеъ ба аслу мабдаи ягонаи олитар набошанд ва ҳар кадом худро асл ва арзиши олӣ ҳисоб кунад, ҳеҷ вақт ба инсон ва миллат ваҳдати асил муяссар намегардад.
Атеизми ҷанговари замони шӯравиро мо нағз медонем. Он ҳамчун ҷузъи идеологияи коммунистӣ, мутаассифона, характери сиёсӣ гирифта буд. Сабаби асосӣ дар он буд, ки қаблтар дин характери сиёсӣ дошт ва атеизми сиёсӣ аксуламал ба ин падида буд. Имрӯзҳо низ динисозии сиёсат дар ниҳоят боз ба эҳёи атеизми ҷанговар хоҳад бурд.
Ба назари банда, исломизми ҷанговар низ дар моҳияти худ аз атеизми ҷанговар фарқи ҷиддӣ надорад. Ба ибораи дигар, ифроду тафрит дорои як маъно мебошанд. Ман дар айни ҳол байни ислом ва исломизм (исломгароӣ) фосила қоилам ва онҳоро аз якдигар ҷудо меҳисобам.
Дар ислом дин ҳадаф аст. Аммо дар исломизми ҷанговар дин восита ва сиёсат ҳадаф мебошад. Аз ин нуқтаи назар, ҳаёт нишон дода истодааст, ки ҳатто давлатҳои абарқудрати ғайридинӣ ва ё ғайриисломӣ (масалан, Амрико) метавонанд динро (исломро) восита қарор диҳанд. Мо оқибатҳои бозиҳои сиёсии абарқудратҳоро бо истифода аз дини ислом дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизамон, хуб медонем.
Исломизми ҷанговар, дар навбати худ, дар такя ва якҷоягӣ бо чунин неруҳои бузург метавонад ҷанговартар ва харобиовартар шавад. Ин як аломати исломизми ҷанговар аст.
Аломати дигари исломизми ҷанговар ин хусусияти такфирии он мебошад, зеро аз рӯйи чунин мантиқи ботил барои бо мусулмонони худ ҷангидан, бояд як қисми онҳоро кофир эълон намуд. Яъне, «ал-ғоя тубарриру-л-василата» (мақсад василаро қобили гузашт месозад). Мутаассифона, чунин принсипи исломизми ҷанговар, яъне такфири муъмин (на такфири кофир) ҷангро ба масъалаи дохилиисломӣ табдил дода- аст. Дар ин асос исломизми такфириро низ исломизми ҷанговар гуфтан мумкин аст.
Исломизми ҷанговар решаҳои таърихии динӣ-идеологӣ низ дорад. Аввал ин ки такфир падидаи нав нест. Сониян, маншаҳои ғоявии он ба тазодҳои фирқавӣ-сиёсӣ ва ихтилофоти каломӣ-идеологӣ рафта мерасад.
Дар таърих равияҳо ва ҳаракатҳои исломии такфирии шаклан ва мазмунан салафигаро зиёд будаанд. Бозгашти исломи сиёсии муосир ба андешаҳои такфирии замонҳои гузашта ҳамчун бозгашт ба «исломи асил» як хусусияти дигари исломизми ҷанговар мебошад.
Дар робита бо ин мавзӯъ метавон гуфт, ки фалсафаи исломӣ, файласуфон, хосатан мутафаккирони озодандеши тоҷик, аз чунин андешаҳо ва равияҳои такфирӣ осебҳои зиёд диданд. Аз ин рӯ, падидаи такфирро нисбат ба озодандешӣ шамшери маънавии исломизми ҷанговар номидан мумкин аст. Ба таъбири дигар, такфир инквизитсияи маънавӣ дар олами ислом буд ва алҳол беш аз пеш қувват гирифта истодааст, зеро такфир бо сиёсати калон пайванд хурдааст ва ба инквизитсияи сиёсӣ табдил ёфта истодааст.
Дар мавриди ин матлаб метавон илова намуд, ки исломизми такфирӣ озодандеширо дар дохили уммати исломӣ мутлақо ноҷоиз, мардуд ва номашруъ мешуморад. Имрӯзҳо бошад, исломизми ҷанговар мехоҳад таассуби такфириро эҳё намояд ва ба он мақоми сиёсӣ диҳад.
Дар мисоли таассуби озодситезии такфирӣ нисбат ба маҳфили «Ҷаҳони андеша» банда нуктаи зеринро илова карданиам. Оғои Маҳмуд Тӯраҷонзода дуруст таъкид фармудаанд, ки набояд дастовардҳои уламои гузаштаро нодида гирифт. Аммо ин оғои муҳтарам чиро дар назар дошта бошад? Дар ҳақиқат, мо бояд он дастовардҳоро омӯзем ва истифода барем. Акси он имкон надорад. Ҳарчанд халқҳои мусулмон, хосатан халқи тоҷик, набояд ин имкониятҳои озодандешӣ ва озодихоҳии таърихиро аз даст медоданд. Айби мусулмонии мо ва тоҷик будани мо дар он аст, ки мероси озодандешии гузаштагони худро ҷудо аз ниёзҳои озодихоҳии халқи бузурги худ омӯхтаем ва таҳлил намудаем. Барои ҳамин ҳам ба қадри озодандешии гузаштагони худ таври бояду шояд нарасида истодаем.
Тақдири мутафаккири исломии тоҷик Абӯалӣ ибни Сино шаҳодати барҷаста, далели қотеъ ва қобили ибрат аст. Оғои Маҳмуд Тӯраҷонзода зимни суҳбати худ дар атрофи андешаҳои «Ҷаҳони андеша» дастовардҳои ин нобиғаи замон Шайхурраисро хотиррасон намуданд. Аммо шахсан барои банда бисёр аҷиб ва донистанӣ аст, ки ин оғои муҳтарам нисбат ба андешаҳои фалсафии Абӯалӣ ибни Сино, хосатан дар мавриди қидами (азалияти) олам, инкори растохези аҷсоди мурдагон ва ё инкори илмуллоҳ оид ба ҷузъиёт ва ғайра чӣ мегуфта бошад? Чунки ин бузургмардро ва даҳҳо дигар мутафаккирони бузурги миллати тоҷикро ба ҷурми чунин озодандешиҳояшон кофир эълон карда буданд.
Оғои Маҳмуд Тӯраҷонзода бояд таърихи исломро дар ёд дошта бошад, ки ин корро нисбат ба Абӯалӣ ибни Сино Абуҳомид Ғаззолӣ ва бо даъвати ӯ баъзе фирқаҳои дигари исломӣ раво дидаанд. На танҳо Абӯалӣ ибни Синоро, балки ал-Форобӣ, ал-Киндӣ, ар-Розӣ, ибни Ҳайсам ва бисёр дигаронро низ.
Бояд гуфт, ки баёни андешаҳои фалсафии Абӯалӣ ибни Сино моҳиятан аз андешаҳои маҳфили «Ҷаҳони андеша», ки оғои Маҳмуд Тӯраҷонзода Комил Бекзодаро дар ин маврид таҷҳил ва табҳил (ҷоҳилу аблаҳ хондааст) кардааст ва ё Қосимӣ ба муртад хондан ва такфир кардани ӯ даъват ба амал овардааст, фарқе надорад. Агар фарқе бошад, танҳо дар он аст, ки андешаҳои маҳфили «Ҷаҳони андеша», аз назари баён, содалавҳонатар, вале андешаҳои Абӯалӣ ибни Сино ошкортар, равшантар ва қотеъонатар мебошанд. Ва ё агар фарқи дигаре бошад, танҳо дар он аст, ки мо дар давлати дунявӣ зиндагӣ карда истодаем ва озодандешӣ дар ҳимояи қонун аст ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон такфирро (ба муртад гунаҳгор карданро) мамнуъ меҳисобад ва он, тибқи қонун, ҷавобгарӣ дорад.
Инчунин гап дар сари он аст, ки ал-Ғаззолии тоҷик Абӯалӣ ибни Синои тоҷикро такфир карда буд ва анъанаи такфириро ба олами фалсафа ворид сохт ва пеши роҳи озодандешию озодихоҳии файласуфони бузурги тоҷикро гирифт.
Сухан дар он аст, ки низоми сиёсии он замон, ки дар дасти қавмҳои бегона буд, дар озодандешии ин мутафаккирон, ки идома ва рушди он метавонист ба наҳзати озодихоҳии сиёсӣ-миллии тоҷикон бирасонад, хатари ҷиддӣ медид. Гап дар сари тазоди озодандешию сиёсати тоталитарии зиддитоҷикии он замон буд. Ҳатто имрӯзҳо низ, мутаассифона, тамоюли озодиситезӣ ва фалсафаситезии динӣ ба фарҳанги муосири тоҷик, ҳатто ба баъзе муассисаҳои марбути илмӣ роҳ ёфта истодааст.
Аҷибии кор дар он аст, ки худи ал-Ғаззолиро низ дар ниҳоят такфир карданд. Ҳатто ибни Таймияро, ки пири такфириён ҳисобида мешавад ва Абӯалӣ ибни Синову дигаронро такфир карда буд, дар охир худашро такфир карданд. Масали арабӣ ҳаст, «касе барои бародараш чоҳ меканад, худаш ба он меафтад». Зеро, тибқи мазмуни ҳадиси Паёмбар, кофиргӯ метавонад худаш кофир шавад, яъне ба чоҳи куфри кандааш худаш биафтад. Такфириёни имрӯза бояд аз тақдири такфириёни гузашта сабақ гиранд ва аз он хулосаи даркорӣ бароранд.
Имрӯзҳо-чӣ? Оё ал-Ғаззолиро ҳамчун мутафаккири бузург танҳо аз ҳамин ҷиҳат бишносем? Оё бояд бедории динии мардум бар ҳамин асли такфир сурат гирад? Магар андешаи наҳзати исломӣ бояд маънои эҳёи суннатҳои такфирии таърихи исломро дошта бошад?
Дар Тоҷикистон ҳизби сиёсие бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Мебинем, ки дар номи ин ҳизб андешаи «наҳзати исломӣ» мақоми калидӣ дорад. Ин ҳизби сиёсӣ аст. Маълум. Аммо то ҳол аз лиҳози сиёсӣ номаълум аст, ки дар ном ва ҳам дар барномаи сиёсии ҳизби мазкур андешаи «наҳзати исломӣ» кадом мафҳум ва маъноро доро аст! «Озодандешиҳои» роҳбарияти ҲНИТ-ро дида фикр мекунам, ки барои ин ҳизб андешаи «наҳзати исломӣ» маънои эҳёи исломисозии теократияи асримиёнагии Аврупоро дар олами ислом ва ё ба «калисои сиёсӣ» табдил додани ҲНИТ-ро ифода менамояд. Аммо ин мавзӯи баҳси алоҳида аст.
Дар ҳар сурат, Худованд фармудааст, ки баҳсу баён бо ҷониби мухолиф бояд бар мабдаи (принсипи) «ҷодилҳум биллати ҳия аҳсан»- «бо онон бо шевае, ки некутар аст, муҷодала намой» (Қуръони карим: 16:125) қарор дошта бошад. Канӣ «андешаҳои аҳсан»-и Шумо, бародарони наҳзатӣ? Ҷомеаи Тоҷикистон мунтазири донистан аст.
Барои ҳайратовар будан таъкид менамоям, ки оғои Кабирӣ дар атрофи андешаҳои маҳфили «Ҷаҳони андеша» муҳокимаронӣ намуда, на беҳтар, балки сухани бадтарро баён намудааст. Ба ибораи дигар, дар «озодандешӣ» зиёдаравӣ кардааст. Ӯ аз ҷумла мегӯяд: «Бо Худованд баҳс кардан осонтар аст, ба Ӯ эътироз кардан бехатар мебошад». Банда нуктагирӣ карданӣ нестам. Аммо ҳар як сухан дар бораи Худо бояд санҷида гуфта шавад. Кабирӣ мегӯяд: «ба Ӯ (Худо) эътироз кардан бехатар аст». Оғои Кабирӣ! Ин сухани Шумо аз ақидаи аҳли ал-Мурҷиа, ки ба хотири замонасозии сиёсӣ ба тафрит ва саҳлангории динӣ даст задаанд, маншаъ гирифтааст ва ба гуфтаҳои Қуръони карим, сураи 3, оятҳои 28 ва 102 комилан мухолиф мебошад. Фаромӯш накунед, ки Худованд таҳзир фармудааст: «Инсон ҳеҷ сухане талаффуз намекунад, магар ки назди Ӯ (фариштаи) нигоҳбон омодаи сабт аст» (Қуръони карим: 50-18).
Шумо, муҳтарам Кабирӣ, дар ҳакиқат, дар озодандешии «динии» худ, дар баёни матлаби худ ҳатто нисбат ба маҳфили «Ҷаҳони андеша» пой баландтар ва дуртар гузоштаед.
Маҳз аз ҳамин гуна зиёдаравиҳо ва саҳлангориҳо таассуби динии исломизми ҷанговар маншаъ мегирад. Ин исломизми ҷанговару ҷиҳодӣ, мутаассифона, бар зидди дини ислом ва бар зидди худи мусулмонҳо равона шудааст. Аммо имрӯз мо наметавонем фоҷеаҳои таърихии такфири ҳамдигариро такрор кунем. Имрӯз тоҷиконро ба хотири ғаразҳои ҳизбию фирқавӣ набояд ба муъмину кофир ҷудо намоем, дар байни миллат тафриқа андозем. Барои мо на исломизми ҷанговар, балки исломе зарур аст, ки рӯҳияи миллиро баланд мебардорад ва дар он инкори асли тоҷикият вуҷуд надорад. Мо бояд фарҳанги миллии диндории солим дошта бошем, озодандешии миллиро ривоҷ диҳем ва ояндаи худро аз ҷанги худ бо худ эмин нигоҳ дорем.
Дар ниҳоят, ба маҳфили «Ҷаҳони андеша» тавфиқи фикр, идомаи кор, озодандешии солим ва ғайрати миллӣ орзу менамоям. Ба рақибони мутаассиби онҳо бошад, тавфиқи имон, таҳаммулпазирии андешавӣ ва инсонгароёна хоҳонам. Ҳамчунин зарур меҳисобам, ки мероси миллӣ ва исломии халқи тоҷик бояд хуб шинохта шавад, то барои тавфиқи миллӣ аз он баҳра гирем. Бинобар ин, барои тоҷикон модели миллии ислом аҳамияти актуалӣ дорад. Аммо барои таҳияи чунин модел баҳсу мунозираҳои озодандешону ғайрандешон ҳатмӣ мебошад, зеро шоҳроҳи миллат ин озодандешӣ аст.
Муродулло ДАВЛАТОВ, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон