-мегӯяд сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов
- Андешаи ин суҳбат аз он хотир ба миён омад, ки пайваста ашхоси дорои касбу кори гуногун ба шумо ҳамчун шахси масъул дар хусуси мусоидат кардан барои рафтанашон ба ҳаҷ муроҷиат мекунанд. Худ ин ҳолатро борҳо мушоҳида кардаам. Магар дар ин ҷода мушкиле мавҷуд аст?
-Яке аз рукнҳои асосии дини мубини Ислом анҷом додани фаризаи ҳаҷ аст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ баҳри сафари ҳаҷ ҳама шароит муҳайё шудааст ва ҳамасола беш аз шаш ҳазор нафар шаҳрвандони кишварамон ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Дар соли сипаригардида аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 1812 нафар ба сафари ҳаҷ рафтанд ва ин теъдод сол аз сол меафзояд. Имрӯз мебинем, ки аҳли ҷомеа нисбати ин рукни дини Ислом таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, шумораи сабти номшудагон дар бахшҳои дини шаҳру ноҳияҳои вилоят то ба соли 2020 мерасад. Ин ҷо бамаврид аст таъкид намоям, ки солҳои охир теъдоди талабгорони сафари ҳаҷ бештар аз ҳисоби ҷавонони соҳибкору бозорнишин дар ҳоли афзоиш аст. Баъзе шахсон маросими ҳаҷро ба василаи худнамоиву зоҳирпарастӣ ва тиҷорат табдил дода, панҷ-шаш маротиба ба ҳаҷ мераванд. Нодида мегиранд, ки шариати Ислом барои ҳоҷиён ду шарти асосӣ: якум тандурусту оқил будан ва дуюм қудрат ба тавоноиро гузоштааст.Мутаассифона, шарти «қудрат ба тавоноӣ»-ро нодуруст дарк намудаанд.
Боиси нигаронист, ки бисёре аз шаҳрвандони мо бо вуҷуди надоштани шароити хуби зиндагӣ кӯшиш мекунанд, ба зиёрати Хонаи Худо раванд. Ба наздикӣ марде ба дафтари кориам ташриф овард ва бисёр илтимос намуд, ки дар номнавис кардани номаш дар рӯйхати китоби сафари ҳаҷ мусоидат намоям. Ба сару либоси фақиронаи ӯ назар карда, гуфтам:-Оё маблағи сафари ҳаҷро пайдо карда метавонед?
-Писаронам дар Федератсияи Россия ба роҳрӯбӣ машғуланд, маблағҳои фиристодаи онҳоро истифода мебарам ва рафту маблағам нарасад, молу ҳоламро мефурӯшаму меравам,- дар посух гуфт он мард. — Чаро ҳамсоя мерафтаасту ман не?! Ҳатман меравам, то ҳоҷӣ гӯяндам.
-Соли гузашта аз шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб чанд тан аз маризон дар арафаи сафари ҳаҷ дунёро тарк гуфтанд. Дар чунин ҳолат навбати онҳо чӣ гуна истифода мешавад?
- Соли гузашта 676 нафар аз шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб барои сафари ҳаҷ омодагӣ гирифтанд.Дар давраи омодагӣ панҷ нафари онҳо фавтиданд. Мувофиқи низомнома, дар чунин ҳолат салоҳияти тақсимоти навбати афроди фавтида ба яке аз хешовандони наздик, шахсе, ки дар рӯйхати сафари ҳаҷ баъди номи ӯ истодааст ва ё дар ниҳояти кор ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.
Ба наздикӣ дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик ба сифати намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок доштам. Раиси ноҳия Мирзохон Гулмаҳмадзода дар иҷлосия оид ба иҷрои се қонуни марбут ба соҳа, яъне қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ кард. Зимни муҳокимаи масъала аз ҷониби музокирачиён пешниҳод шуд, шахсоне, ки дар корҳои ободонӣ саҳмгузоранд, метавонанд ба сафари ҳаҷ раванд. Агар ин пешниҳод қобили қабул гардад, он ташаббуси навбатӣ дар самти ривоҷи ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо саховатмандон мегардад.
Сокини деҳаи «Гулистон»- и деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб Г. Каримов, ки умри хешро сарфи беҳдошти тансиҳатии мардум кардааст, аз ҳисоби пасандози худ ба деҳа хатти оби нӯшокӣ меорад. Писараш вақте ба ӯ ба ҳаҷ рафтанро пешниҳод мекунад, ин марди дарёдил дар посух мегӯяд:-Писарам, фарзандони деҳа мактаби замонавӣ надоранд, шумо бошед, маро ба сафари ҳаҷ равон карданиед.Аз ин пешниҳодатон шукргузорам. Хуб мебуд, агар маблағҳоятро баҳри бунёди мактаби деҳа сарфа мекардӣ. Писари баномус маслиҳати падарро пазируфт ва Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари навбатии худ ба шаҳри Кӯлоб санги асоси мактабро гузошт.
Мутаассифона, ҳоло ҳам баъди зиёрати Хонаи Худо, зери унвони «ҳоҷиталбон», ки қонун онро манъ кардааст, зиёфатҳои бодабдаба ташкил мешаванд. Чунончӣ, сокини деҳаи Ҷавзодараи деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод Ҳасан Одинаев бародари ҳоҷияш Ҳамрохон Алихоновро даъват намуда, маъракаи «ҳоҷиталбон»-ро мегузаронад. Ба ҳамин монанд сокини деҳаи Шибанайи деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик Исмон Алмонов гурӯҳи ҳоҷиёни ҳамсафарашро ба хона даъват карда, маъракаи дабдабаноки «ҳоҷиталбон»-ро баргузор менамояд. Онҳо бо ин амали худ талаботи моддаи 12, банди 2- юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон карда, аз ҷониби суди ноҳия ба маблағи 4000 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Оид ба ин мавзӯъ бо сокини деҳаи Сомониёни деҳоти бо номи Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Абдулазиз Раҷабов, ки бо лақаби «Ҳоҷӣ пиёда» машҳур аст, ҳамсуҳбат гардидам. Ёдрас мешавем, ки Абдулазиз Раҷабов як маротиба тавассути нақлиёт ва се дафъаи дигар пойи пиёда Хонаи Худоро зиёрат намудааст. Ҳоҷӣ Абдулазиз пеш аз сафари навбатӣ чунин гуфт:- Ман ба сифати сайёҳ қисмати зиёди давлатҳои исломиро дидаю садҳо ҷойҳои муқаддаси онҳоро зиёрат намудаам. Вақте дар кишварамон намоишкории баъзе ҳоҷиёнро мебинам, дар тааҷҷуб мемонам. Ҳол он ки худнамоӣ ва зоҳирпарастӣ ҳеҷ вақт хоси мусулмонон набуд.
Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»