Баррасии 1803 парванда аз ҷониби судҳои иқтисодӣ

№ 27.07.2022

CTX_2664Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода 25 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки тайи шаш моҳи аввали соли 2022 дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1803 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ гардид, ки доир ба 857-тои он ҳалномаи судӣ бароварда шуд. Инчунин, 73 парвандаро аз истеҳсолот гирифта, 72 ариза бе баррасӣ мононда, қабули 7 ариза рад ва 474 ариза, бинобар мутобиқ набудан ба талаботи қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ баргардонида шуд. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ бошад, 166 парванда ва суди марҳилаи назоратӣ 153 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

- Шумораи парвандаҳои баррасишуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 278 адад кам мебошад. Доир ба 7 парванда вайронкунии муҳлат ба амал омада, 18 санад дар марҳилаи кассатсионӣ ва 9 санад ба тариқи назоратӣ бекор карда шудааст. Инчунин, дар ин давра ба маб­лағи 380 миллиону 218 ҳазору 730 сомонӣ даъво қонеъ ва тибқи санадҳои судӣ ба фоидаи давлат 7 миллиону 567 ҳазору 727 сомонӣ боҷ рӯёнида шуд, — афзуд раиси Суди Олии иқтисодии мамлакат.

Зикр шуд, ки судҳои иқтисодӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ 177 парвандаро баррасӣ намуда, доир ба иҷрои онҳо 196 таъиноти хусусӣ бароварданд.

Вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ ба судҳои иқтисодӣ 20 супориши судӣ ворид гардида, тибқи тартиб мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ғайр аз ин, ба судҳои иқтисодӣ 5 дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаи судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) ворид шуда, онҳо низ дар муҳлати муайян баррасӣ гардиданд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»