Аз нишастҳои матбуотӣ

Навад фоизи хатмкунандагон бо ҷои кор таъмин мешаванд

№ 27.07.2022

Чамшед ГанизодаДонишкадаи давлатии санъати тас­вирӣ ва дизайни Тоҷикистон яке аз падидаҳои даврони соҳиб­истиқлолӣ буда, соли 2013 таъсис ёфтааст.

- Мо айни ҳол омодагиро барои таҷлили даҳсолагии муассисаи таълимӣ оғоз кардем. Нақшаи чорабиниҳо тарҳрезӣ гардид, ки мувофиқи он ташкили намоиши маҳсули эҷоди донишҷӯёну устодон, баргузории конфронсу дигар ҷамъомадҳо, таҳия ва нашри китобҳо ва ғайраро дар бар мегирад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ (22 июли соли 2022) ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода ва сипас дар бораи фаъолияти донишкада дар нимсолаи якуми соли 2022 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумоти муфассал дод.

Ӯ зимни баёни комёбиҳои дар ин давра бадастомада, аз ҷумла, зикр кард, ки 12 нафар донишҷӯ духтарони ихтисоси дизайни костюм ва газвори донишкада дар озмуни байналмилалии «Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон», ки 10-12 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона ширкат карданд. Аз миёни онҳо се нафар ҷойҳои намоёнро (як нафар ҷои аввал ва ду нафар барои идеяҳои беҳтарин) ишғол намуданд. Инчунин, дар ҷамъбасти даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» се дастпарвари донишкада Маҳваш Садриддинова, Мунисаи Нуриддин ва Ромиш Насимбоев сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм шуда, ба даври шаҳрии озмунҳо роҳхат гирифтанд.

Ректори донишкада ба саволи хабарнигори рӯзнома роҷеъ ба тақдири минбаъдаи хатмкунандагон ҷавоб дода, таъкид кард, ки навад фоизи онҳое, ки буҷетӣ таҳсил карданд, аз ҷониби вазоратҳои фарҳанг ва маориф ва илми ҷумҳурӣ бо ҷои кор таъмин хоҳанд гашт.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»