Ба қарибӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 15 — солагии таъсисёбии ин ниҳоди давлатӣ чорабинии тантанавии савганд ёд кардани кормандони ҷавон баргузор гардид.
Тавре сардори шуъбаи равобит бо ҷомеаи ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, кормандони ҷавоне, ки барои хидмат дар Агентӣ қабул шудаанд, дар вазъияти тантанавӣ барои садоқат ба Ватан, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд. Ба аҳли ҷамъомад табрикоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 15 — солагии таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда шуд.
Ҳамзамон дар чорабинӣ меҳмонон аз кишварҳои хориҷ, аз ҷумла намояндаи раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Жан Люк Лемахю, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини раиси Хадамоти давлатии назораи маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон Ғуломҷон Анарбаев, намояндаи минтақавии раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Алӣ Сарияздӣ, корманди Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Марк Вуд, намояндаи расмии Хадамоти федералии Федератсияи Россия оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Магамед Килясханов ширкат доштанд. Меҳмонони фавқуззикр роҳбарият ва кормандони Агентиро табрик намуданд.
Ҳамчунин ба як гурӯҳ кормандони Агентӣ рутбаҳои навбатии хизматӣ, ифтихорномаҳо, медал ва туҳфаҳо супорида шуд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»