Технологияи рақамӣ. Аз тариқи он ҳифзи ҷангал имконпазир аст

№94 (4514) 29.07.2022

Тибқи маълумоти барномаи рушди СММ, пас аз пошхӯрии Давлати Шӯравӣ наздик ба 70 дарсади ҷангалзорони Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд гардидааст. Яке аз сабабҳои асосӣ ин норасоии барқ ва сӯзишворӣ (ангишт ва газ) буридани дарахтон аст. Дар водии Зарафшон асосан дарахтони арча ва дар минтақаҳои ҷануби кишвар — ноҳияҳои Фархор ва Панҷу Данғара дарахтони пистаро буриданд. Сабаби дигари коҳиш ёфтани ҷангал муддати тӯлонӣ ҳамчун чарогоҳ дар ихтиёри хоҷагиҳои кишоварзӣ қарор доштани  арчазор ва майдони зарангу чормағз, дӯлонаву настаран аст. Биноан, аллакай охири солҳои 90-уми асри гузашта аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон баҳри барқарор намудани ҷангал тадбирҳои дахлдор амалӣ мегарданд. Яке аз онҳо лоиҳаи «Барқарорсозии  ҷангал ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ дар Тоҷикистон» аст, ки бо маблағгузории Хадамоти ҷангали Корея роҳандозӣ гашта буд. Пасон, «Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз масъалаҳои мавҷуда ҳалли пурра пайдо накардаанд.

Тавре медонем, иқлими Ҷумҳурии Қирғизистон ба кишвари мо хеле монанд аст. Тибқи  хабари  «Deutsche Welle»- и Олмон, имрӯз дар ин кишвар роҳи хеле хуби мониторинги вазъи ҷангалзорону чарогоҳҳои атрофи онро пайдо намудаанд. Муаллифи мақола Павел Милников менависад, ки ба ­мас­ъу­лини хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ дар ин самт таҷҳизоти рақамӣ — смартфонҳо кумак менамоянд. Истифодаи онҳо имкон фароҳам овардааст, ки чарогоҳҳо аз истифодаи зиёду нодуруст ва ҷангалзорҳо аз нобудшавӣ ҳифз шаванд. Масалан, чормағззори куҳани доманаҳои кӯҳҳои Помиру Олтой ҳазорҳо акр (1 акр=0,4 га) -ро ташкил медиҳад. Дар назди ин ҷангалзор чанд деҳаи хурду бузург ҷойгир аст, ки Арсланбоб ном мебаранд. Ҷамъоварии ҳосили чормағз дар минтақа асосан моҳи октябр сурат гирифта, чанд ҳафта идома меёбад. Ҳосили ғундоштаро ба бозорҳои вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ва давлатҳои Туркия, Россия ва Эрон мебаранд. Вале вазъи кунунии чормағззор он қадар хуб нест. Дигаргуншавии иқлим, эрозияи хок ва  аз меъёр зиёд чаронидани чорво таъсир расонидаанд. Чанд соли охир ҷиҳати нигоҳ доштани ин экосистемаи нодир аз сокинони деҳот даъват ба амал оварда мешавад, ки аз чормағззор ва чарогоҳҳои атрофи он оқилона истифода баранд.

Дар фасли тобистон деҳотиён чорворо дар чарогоҳҳои наздики деҳаҳояшон нигоҳбонӣ мекунанд. Дар фасли тобистон бошад, чӯпонҳо чорворо ба чарогоҳҳои сатҳи болотар аз ҷангалзор меронанд. Ин мавзеъҳо, мисли солҳои пеш, сабзазори зиёд надоранд. Бинобар ин, чӯпонҳо чорворо ба чарогоҳҳои ба деҳот наздиктари зимистонӣ мебаранд.

 Ҳатман суоле пайдо мегардад, ки чӣ тавр смартфон дар чаронидани чорво кумак мекунад? Ҳуқуқи истифодаи чарогоҳҳо дар Қирғизистон тавассути иттиҳодияҳои махсуси минтақавӣ, ки аз сарони деҳот ва чӯпонон иборат аст, дода мешавад.  Масалан, Азиз Чирмашев ҳар сол барои чаронидани чорво дар баландкӯҳ иҷозатнома мегирад. Бо фарорасии тобистон ӯ чорвои аҳолии деҳоти «Арс­ланбоб» наздики 200 сар гӯсфанду буз, аспу говро ба он минтақа мебарад.

Барои муайян намудани ҷой ва вазъи чарогоҳҳо Муассисаи ғайридавлатии Осиёи Марказӣ — CAMP Alatoo  барномаи смартфониеро мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор додааст, ки ба воситаи он оид ба вазъи чарогоҳҳо дар минтақа маълумот гирифтан мумкин аст. Роҳбарони иттиҳодияҳои минтақавӣ, ки барои чарондани чорво иҷозатнома медиҳанд, дар бораи буттазорҳо, заминҳои холӣ, сабзазорон ва ҳатто сангҳои дар атроф мавҷудбуда маълумот ҷамъ намуда, дар барнома ҷой медиҳанд. Чунин маълумот имкон медиҳад, муайян шавад, ки дар ин ё он минтақа чорворо чанд муддат нигоҳ доштан мумкин ва пасон ба кадом сӯ рондан ба мақсад мувофиқ аст.

-Дар тӯли як ё ду соли мушоҳида вазъи чарогоҳҳоро дақиқ муайян ва пешгӯӣ кардан имконнопазир аст. Бо такя ба чунин маълумот иттиҳодияҳо метавонанд дигар чорворо ба чарогоҳҳое фиристанд, ки ҳанӯз хароб нагаштаанд, — гуфт ҳамоҳангсози  лоиҳаҳои CAMP Alatoo  оид ба истифодаи чарогоҳ ва ҷангалзор Жиргалбек Кожомбердиев. Мутахассисон ба хулоса омадаанд, ки дар шароити кунунӣ шинонидани навниҳолони дарахтони ба эрозияи замин устувор ба манфиати кор аст. Зеро чунин ниҳолҳо бевосита ба барқароршавии ҷангалзор мусоидат карда метавонанд.Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзии Қирғизистон истеҳсоли тухми растаниҳоеро ба нақша гирифтааст, ки ба ҳадди кофӣ дар чарогоҳҳои «солим» дучор меоянд. Онҳоро дар замине, ки дар натиҷаи чаронидани аз ҳад зиёди чорво хароб гашта, танҳо растаниҳои барои истеъмоли чорво номувофиқ боқӣ мондаанд, коштан мумкин аст.

Амалӣ намудани чунин нақша имкон фароҳам меорад, ки чарогоҳҳо барқарор ва сабзазорони нав пайдо гардида, зарурат боқӣ намонад, ки чорворо барои дарёфти ғизо сӯи дарахтзор равон кунанд.

Чанд сол аст, ки дар ҷумҳурӣ низ дар самти барқарорсозии ҷангалзор ва чарогоҳҳо тадбирҳо амалӣ мегарданд. Соли гузашта аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои барқарорсозии набототи ҷангалҳои кишвар 11873 кг тухмии зиёда аз 18 навъи дарахту буттаҳо ҷамъоварӣ гардида, 2549,6 ҳазор бех ниҳол ва бутта ба фурӯш бароварда шуд. Ин ибтикор қобили дастгирист, вале истифодаи таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ба ҳар чӣ зудтар барқарор намудани ҷангалзор мусоидат намояд.

Н. НИЗОМӢ,

  «Садои мардум»