Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксарият оид ба рисолату ваколати вакили Маҷлиси намояндагон маълумоти кофӣ надошта, то кунун муътақиданд, ки вакил ба онҳо бояд роҳ созад, орду равған ва калӯш диҳад.
Намедонанд, ки вакили парлумони касбӣ аз депутатҳои қаблӣ, ки дар баробари намояндаи мардум дар парламент будан, ҳамзамон роҳбарии шаҳру ноҳия ва вазорату идораҳоро ба зимма доштанд, аз замин то осмон фарқ мекунад.
Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, рисолати вакили Маҷлиси намояндагон аз тариқи таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар онҳо иродаи мардум ифода ёфтааст, ирсоли дархости вакилӣ оид ба ҳалли мушкили интихобкунандагон ба сохторҳои марбута маҳсуб шуда, дар кадом сатҳу сифат иҷро шудани он ба донишу малака ва обрӯву нуфузи вакил рабт дорад.
Нафарони аз набзи ҷомеа ва рӯйдодҳои ҷаҳони муосир огоҳ хуб медонанд, ки фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ аз самтҳои афзалиятнок дар умури давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Ҳарчанд баъзе «коршиносон» мавҷудияти парлумони Тоҷикистонро атрибути давлатдорӣ, ки гӯё фаъолияти начандон муассир дорад, арзёбӣ менамоянд, аммо дар асл ин гуна набуду нест.
Аз фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ дар бораи ҳар як давлат, роҷеъ ба дараҷаи демокративу муосирӣ ва тамаддуннокии он баҳо дода мешавад. Хоса, дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо беш аз пеш шиддат ёфта истодааст, масоили ба тавсеаи фаъолияти қонунгузорӣ ва мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқӣ рабтдошта сатҳу сифати навро касб намудаанд.
Тааҷҷубовар аст, ки баъзе ба ном коршиносон парлумонҳои пурмоҷарои дигар кишварҳоро намунаи ибрат нишон медиҳанд. Парлумонҳои пурхархашаеро, ки ба «шарофаташон» кишварҳои воҳид ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта ба давлатҳои пароканда табдил ёфтанду иқтисодиёташон фурӯ пошид. Қисме аз ҳудуди чунин давлатҳоро давлати дигар бидуни парронидани тире ба қаламраваш «ҳамроҳ» намуду дар манотиқи дигар задухӯрд идома дорад.
Бегуфтугӯ, аз замони таъсис парламенти мамлакат баҳри таҳкими асосҳои давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун, густариши муносиботи гуногунҷанба бо созмон ва иттиҳодияҳои байнипарламентӣ фаъолияти шоиста дорад. Муҳим он аст, ки зимни баррасии масъалаҳои ба парламент воридгардида, тамоми махсусияти фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ ба назар гирифта мешавад.
Чун иттилоъ гирифтам, ки Конфренсияи якҷояи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе ректори ДДТТ, доктори илмҳои иқтисод Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳматро номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ рақами 1 пешниҳод намудааст, бори дигар муътақид гардидам, ки роҳбарияти ҳизб гавҳаршиносанд.
Шарҳи ҳоли Маҳмадалӣ Қурбонзода далели бебаҳси он аст, ки номбурда шахсияти ба маънои томаш арзанда мебошад. 20-уми феврали соли 1985 таваллуд шуда, соли 2007 факултети иқтисодии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо дипломи аъло ва соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2007 ба сифати ходими хурди илмии Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2013 дар ҳамин пажӯҳишгоҳ дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ, раиси Шӯрои олимони ҷавон, ходими калони илмӣ ва мудири шуъбаи омӯзиши муаммоҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистон кор кард.
Солҳои 2013-2014 дар вазифаи мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон адои вазифа намуд. Аз соли 2014 то моҳи феврали соли 2020 дар вазифаи директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ва аз моҳи феврал то ноябри соли 2020 дар вазифаи директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе фаъолият дошт.
Моҳи ноябри соли 2020 ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъин шудааст. Дар ин маснад ибтикори зиёдеро, ки ба таъмини некуаҳволии омӯзгорон ва донишҷӯён рабт дошт, амалӣ кард. Аз пардохти маблағи иҷораи хобгоҳ озод намудани онҳо ва ҳар сол ба осоишгоҳҳои маъруф сафарбар намудани зиёда аз 70 омӯзгори собиқадор аз ҳамон ҷумла аст.
Дар замони сарварии донишгоҳро ба зимма доштани Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат равобити байналмилалии ДДТТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар низ беш аз пеш тавсеа ёфта, масъулини аксар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва сафирони давлатҳои хориҷӣ аз он боздид намуданд.
Табиист, ки меҳнати пурмаҳсул ва садоқат ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ бе подош намемонад. Номбурда соли 2014 бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, соли 2015 ба унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардидааст. Соли 2021 бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуд.
Аз соли 2011 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даъвати шашум мебошад. Доктори илмҳои иқтисод, дотсент, муаллифи беш аз 50 асари илмӣ, аз ҷумла 4 китоби дарсӣ ва 3 монография, аст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Аз мазмуну муҳтавои барномаи пешазинтихоботиаш метавон хулоса кард, ки он аз сиёсати ваҳдатофару созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маншаъ гирифтааст. Кӯшиш ба харҷ додааст, ки аҳдофи дар барнома инъикос ва муайяншуда воқеӣ, амалишаванда ва орӣ аз шиорпартоиҳои холӣ бошанд.
- Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аст, ки баҳри ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар, нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа ва рушди иқтисодию иҷтимоии давлат фаъолу ҷонфидо бошанд ва онҳоро болотар аз ҳама арзишҳо гузорад,- андеша дорад Маҳмадалӣ Қурбонзода.
Қаҳрамони матлаб муътақид аст, ки барои амалӣ намудани тамоми ибтикоре, ки ба нафъи миллату меҳан нигаронида шудаанд, дар кишварамон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бо дарназардошти ин, баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаю сулҳҷӯёна ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» азми қавӣ дорад.
Аз суҳбат бо қаҳрамони матлаб дарёфтам, ки саҳмгузорӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, болоравии фарҳанги ҳуқуқӣ ва сатҳи маънавиёти шаҳрвандон низ мадди назар хоҳад буд.
Дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» низ шахси мавриди назар нақшаҳои зиёд дорад. Аз ҷумла, масоили баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби аҳолӣ, соҳибкорон, саховатмандон ба таъмир ва навсозии муассисаҳои соҳаи маориф, ривоҷи фаъолияти китобдориву китобхонӣ, ҷалби табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ташкили китобхонаҳои оммавию шахсӣ дар сархати фаъолияташ қарор хоҳанд дошт.
Азбаски қаҳрамони мо таҷрибаи ғании кор дар ин бахшҳоро дорад, мутмаинем, ки баҳри рушди соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва дастгирии ҷавонон низ ибтикори қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоишро амалӣ хоҳад кард.
Боварии комил дорем, ки дар сурати пирӯз шудан дар ин сабқат номбурда баҳри рушди низоми қонунгузории кишвар дар доираи талаботи мавҷуда, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ таҳия намудани қонунҳо, ҳимояи манфиатҳои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, тақвият бахшидани мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм низ кӯшиш менамояд.
Дар маҷмӯъ, интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ рақами 1 дар симои Маҳмадалӣ Қурбонзода барои интихоби дурусту муносиби намояндаашон дар парлумон имконият доранд.
Мутмаинам, ки онҳо чунин имконро аз даст нахоҳанд дод.
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»