Роғун дастоварди даврони истиқлолияти давлатист

№94 (4514) 29.07.2022

28144105453_48a1c8b655_oДар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти баланд ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, бо вуҷуди мушкилоти молиявию иқтисодӣ, сохтмони НБО «Роғун» оғоз гардид.

Ҳукумати мамлакат, аз рӯзҳои аввал дар назди мардум ҳадафу ниятҳои некро равшану возеҳ барои ояндаи давлат ва зиндагии шоистаи мардум баён дошта, ҳама захираву имконияти мавҷударо ба бунёди неругоҳ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кор барои мутахассисону коргарони он сафарбар намуд.

Таҷдид ва эҳёи Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи тасмимгириҳои сарнавиштсозе буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли ҷасорату хирадмандӣ ва бо такя ба ихлосу иродати мардуми Тоҷикистон ба он иқдом намуданд. НБО «Роғун» бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: НБО «Роғун» ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст». Ба фаъолият оғоз кардани он имкон медиҳад, ки боз садҳо гектар замин дар минтақа обёрӣ гардида, имконоти Тоҷикистон доир ба истеҳсол ва содироти неруи арзони барқ ба маротиб боло равад.

Бунёди ин иншооти бузург ба нафъи минтақа аст, зеро кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд баъди ба кор оғоз кардани он аз истифодаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза баҳравар гарданд.

 Зимнан, неруи барқ омили асосии рушду тараққиёти давлат ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи захираи гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷои ҳаштум ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷои якумро ишғол мекунад. Тақрибан 52 фоизи захираҳои гидроэнергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ба кишвари мо рост меояд. Калонтарин дарёҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Панҷ, Вахш, Сирдарё ва Зарафшон, дорои имконияти бузурги тавлиди неруи барқ мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни мулоқот бо бунёдкорони НБО «Роғун» рушди сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетикаи кишварро дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ таҳлил намуда, чунин ёдовар шуданд: «…Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки яке аз манбаъҳои асосии барқароршавандаи энергия ва истеҳсоли «энергияи сабз» ба шумор меравад. Дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашумин мамлакати пешсафи сайёра мебошад. Мо ният дорем, ки ин имкониятҳои азимро дар шароити тағ­йирёбии глобалии иқлим на танҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ истифода барем. Ба ин хотир ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли неруи барқ ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли он то ба имрӯз корҳои назаррасро ба анҷом расонидем. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург ва як маркази барқу гармидиҳӣ, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ карда шуд.».

Иқтидори умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд. кВт/соат-ро дар як сол ташкил медиҳад, ки нисбат ба талаботи ҳозираи кишварҳои Осиёи Миёна се маротиба зиёд мебошад. Хусусияти муҳими гидроэнергетика дар он аст, ки он энергияи потенсиалии обро истифода намуда, онро ҳамчун захираи масрафшаванда истеъмол намекунад. Ин амал ба ҳаҷм ва сифати табиии об таъсир намерасонад. Ҳар сол 30-35 км3 об тавассути неругоҳҳои барқи обии кишвар гузашта, дар маҷмӯъ 19-20 млрд. кВт/соат неруи барқ истеҳсол карда мешавад, ки ба 3-4 фоизи иқтидори умумӣ баробар мебошад.

Ҳоло иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670 МВт), «Сангтӯда-2» (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» (400 МВт), «Помир-1» ва неругоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт), сохтмони зер­истгоҳҳои барқии 500 кВт «Душанбе-500», «Суғд-500», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВт ва 220 кВт НБО «Норак», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВт ва 220 кВт дар НБО «Роғун», зеристгоҳҳои барқии 220 кВт «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», зеристгоҳи барқии «Хоруғ» ва «Помир-1» 110 кВ, хатҳои интиқоли барқи 500 кВ-и «Ҷануб — Шимол», 500 кВ-и «Душанбе — Роғун» хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор — Хатлон», «Хуҷанд — Айнӣ» ва «Қайроққум — Ашт» низ барои расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат хизмат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол лозим ба таъкид аст, ки марҳилаи муҳим дар таърихи истиқлолияти энергетикӣ оғози фаъолияти агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва оғози бунёди хати баландшиддати CASA-1000 мебошад.

Бо назардошти дастовардҳои зикршуда метавон гуфт, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетикии мамлакат дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардида, дар ояндаи наздик бунёди силсилаи неругоҳҳои барқи обӣ дар кишвар идома меёбад.

Амид КОМИЛБЕК,

ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев