Дар нимсолаи якуми соли 2022 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияи Шаҳринав 257 миллиону 762 ҳазор сомониро ташкил намуда, суръати рушди он ба 106 фоиз баробар гардид. Нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо андози иҷтимоӣ 100,5 фоиз таъмин шуд. Музди меҳнати ташкилоту корхонаҳо сари вақт пардохт гардида, қарздорӣ аз музди меҳнат вуҷуд надорад.
Дар ин бора раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода 25 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ҳамчунин, маълум гардид, ки дар ин давра теъдоди умумии корхонаҳои саноатии ноҳия ба 22 адад расида, онҳо асосан дар самти истеҳсол ва коркарди нӯшокии машруботӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фаъолият менамоянд.
- Мо барои ба фаъолият андохтани як қатор корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ «Орди Шаҳринав», ҶДММ «Капитал», ҶДММ «Баракати Шаҳринав», ҶДММ «Мурғи Чептура», ҶДММ «ПАПО Шаҳринав» иқдоми зарурӣ пеша кардем ва дар муҳлатҳои наздик вазъи ногувори онҳо ислоҳ хоҳад шуд, — гуфт раиси ноҳия дар посух ба саволи хабарнигори рӯзнома.
Шаҳринав ноҳияи агросаноатӣ буда, аз баракати меҳнати деҳқонон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳосилнокии майдони зироати кишоварзӣ афзуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз нақша зиёд ғалладона, мева, сабзавот ҷамъоварӣ шуда, майдони умумии кишти такрорӣ низ афзоиш ёфт. Рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, ба ин соҳаҳо мутаносибан 65 фоиз ва 23 фоизи буҷети маҳаллӣ равона шудааст.
Прокуратураи ноҳия дар ин муддат вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузорӣ, аз ҷумла ҳолати иҷрои қонунгузорӣ оид ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муроҷиати шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, меъморию шаҳрсозӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим, амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи меҳнат 16 санҷиш гузаронида, аз натиҷааш қарорҳои дахлдор қабул кард. Аз ҷумла, дар самти иҷрои қонунгузории замин ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 35 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 10 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»