Афзалияти меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон низ дар амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим мебозад. Мутобиқи қисми 3-юми моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Дар сурати ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқат накардани қонунҳои ҷумҳурӣ, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал мекунанд.
Аз ин лиҳоз ҳуқуқу озодиҳои инсон на танҳо бо меъёрҳои дохилӣ, балки бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз ва кафолат дода мешаванд.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин принсипи баробарии ҳуқуқиро, ки яке аз асосҳои муайянкунандаи мавқеи шахс дар низоми ҳуқуқӣ мебошад, муқаррар намудааст.
Меъёри зикршудаи Конститутсия бо санадҳои байналмилалӣ ҳамоҳанганд, аз ҷумла моддаи 7-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва моддаҳои 2 ва 14 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд муқаррар намудаанд. Ҳамзамон муқаррароти конститутсионии баробарии мардону занон аз талаботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои таъбиз нисбати занон» сарчашма гирифтааст.
Дар як вақт ин ҳуҷҷати муҳим баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият, ҳокимияти халқ, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро кафолат додааст.
Қобили зикр аст, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар шудааст, ки ба сифати шахси мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ дар таъмини кафолати иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақшу мавқеи ҳалкунанда дорад.
Ниҳоди дигаре, ки дар риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим мебозад, мақомоти судӣ аст. Бо мақсади амалигардонии кафолатҳои конститутсионӣ суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст баробари манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, инчунин ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки бо Конститутсия ва дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон муқаррар шуданд, ҳифз намояд. Дар Конститутсия мавқеи Суди конститутсионӣ ҳамчун мақомоти назорати конститутсионӣ махсус зикр шудааст. Ин мақоми судӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ва таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Мақомоти прокуратура низ, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд, барои мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Принсипи конститутсионии эҳтимолияти бегуноҳӣ, ки тибқи он «ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад» ва ҳамчунин принсипи қувваи бозгашт надоштани қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошанд.
Баҳром БАДРИДДИНОВ, мутахассиси пешбари Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон