Уфуқҳои ҳамкорӣ

Ваҳдат-Санкт-Петербург: Риштаҳои дӯстӣ барқарор мешавад

№61 (3207) 10.06.2014

IMG_1338

Тибқи дастур ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 май то 2 июни соли равон таҳти роҳбарии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир сафари кории ҳайате, ки ба он намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, адибону журналистон, соҳибкорон ва ҳунармандон шомил буданд, ба шаҳри Санкт -Петербург сурат гирифт. Ҳадафи сафари фавқуззикр ҷалби соҳибкорон ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, аз қабили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, консервабарорӣ, коркарди шир, бунёди биноҳои баландошёна ва дар маҷмӯъ анҷом додани ободкорию созандагӣ дар шаҳри Ваҳдат маҳсуб меёфт.

Тибқи барномаи тарҳре-зишуда ҳайат бо зиёда аз сад нафар соҳибкорони тоҷик, аз ҷумла  соҳибкорони шаҳри Ваҳдат, ки дар шаҳри Санкт-Петербург фаъолият доранд, вохӯриҳои судманд баргузор намуд. Дар мулоқот Р.А.Амирзода оид ба имкониятҳои мавҷуда, раванди дастгириҳо ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

Бист нафар соҳибкорони ваҳдатӣ омодагии худро баҳри дар шаҳри Ваҳдат бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, аз қабили корхонаҳои коркарди шир, консервабарорӣ, меваю сабзавот, сохтмони биноҳои баландошёна баён дошта, рӯзҳои наздик барои амалӣ намудан ба шаҳри Ваҳдат меоянд.

Ҳамчунин бо иштироки роҳбарони ширкатҳои хусусии шаҳри Ваҳдат ва шаҳри Санкт-Петербург Бизнес-форум доир гардид. Дар ин замина байни соҳибкорон ва ширкатҳои хусусии шаҳри Санкт-Петербург ва роҳбарони ширкатҳои «Ёқут-2000», ҶДММ «Рӯзафзун» ва ширкати «Комил-2010» дар самтҳои кишоварзӣ, сохтмон, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, хизматрасонии коммуналӣ, гармидиҳӣ, коркарди партов ва дӯхти либосҳои кӯдакона шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар доираи сафар вохӯриҳои алоҳидаи Р.А.Амирзода бо муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён, роҳбарони ҷамъияту созмонҳое, ки дар шаҳри Санкт-Петербург аз ҷониби тоҷикон таъсис дода шудаанд, баргузор гардид. Дар вохӯриҳо мавсуф перомуни сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастоварду муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Ваҳдат фароҳам омадани ҷойҳои зиёди нави корӣ сухан ронда, баҳри ба бунёдкорию созандагӣ сафарбар намудани ҳамватанонамон андешаҳои ҷолиб баён кард.

Мулоқотҳои алоҳида бо намояндагони маъмуриятҳои вилоят ва шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла Минин Андрей Юревич-раиси Кумита оид ба робитаҳои хориҷии вилояти Ленинград, ки дар он роҳбарони Кумита оид ба меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба ҳифзу назорат ва танзими истифодаи иншооти олами ҳайвонот, Кумита оид ба комплекси кишоварзию хоҷагии моҳидорӣ, Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони вилояти Ленинград ҳузур доштанд, баргузор гардид. Дар ин мулоқот Р.А.Амирзода ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои кишоварзӣ, моҳипарварӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, сайёҳӣ, шикор ибрози назар кард. Намояндагони ҷониби Санкт-Петербург пешниҳодҳоро хуш пазируфта, барои ҳамкориҳои дуҷониба омодагии хешро изҳор доштанд.

Дар мулоқоти маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург таҳти роҳбарии раиси Кумита оид ба робитаҳои хориҷии шаҳри Санкт-Петербург Григорев Евгений Дмитревич, ки дар он роҳбарони кумитаҳои шаҳрӣ оид ба рушди сайёҳӣ, рушди соҳибкорӣ ва бозори истеъмолӣ, сохтмонӣ ҳузур доштанд, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки моҳи октябри соли равон Рӯзҳои адабиёт ва санъати шаҳри Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ соҳибкорони шаҳри Санкт-Петербург барои боздид ба шаҳри Ваҳдат ташриф меоранд.

Вохӯрӣ бо сардор ва муовини сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Санкт-Петербург доир гардид. Зимни он оид ба мушкилоти муҳоҷирин таваҷҷуҳ зоҳир гашта, пешниҳод гардид, ки барои расонидани кумаки амалӣ ба муҳоҷирин иқдомоти гуногун амалӣ карда шавад.

Маълум гардид, ки муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург зиёда аз 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Масъулин зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҳарчанд аксари онҳо кормандони поквиҷдонанд, вале миёнашон шахсоне низ ҳастанд, ки бо сабаби маълумот надоштан қоидаҳои будубошро дар Федератсияи Россия вайрон мекунанд. Танҳо соли равон бо ин ваҷҳ аз шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград зиёда аз 500 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.

Айни замон дар нуқтаҳои нигоҳдошти муваққатии муҳоҷирони меҳнатӣ 70 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

Тарафҳо изҳор намуданд, ки дар оянда бобати ташкили интихоби муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамкориҳо хоҳанд кард.

Дар рӯзҳои сафари корӣ аъзои ҳайат аз Ширкати сохтмонии «Леонтиевский Мисс», ки дар он шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик фаъолият менамоянд, дидан карданд.

Ҳамзамон Р.А.Амирзода шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бар асари латукӯб дар беморхона бистарӣ аст, аёдат намуд. Нуктаи муҳим он аст, ки дар рӯзи аёдат ҷинояткорон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуданд.

Рӯзҳои сафар бо иштироки ҳунармандон дар се мавзеъ, аз ҷумла дар Қасри фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург бо иштироки беш аз 600 нафар донишҷӯёну намояндагони диаспораҳои шаҳри Санкт-Петербург, дар ҶСК «Сабина» бо иштироки беш аз 1000 нафар муҳоҷирону дигар табақаҳо ва дар яке аз толорҳои шаҳр бо иштироки беш аз 300 нафар соҳибкорон барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Ваҳдат Р.А.Амирзода аз минбари чорабиниҳои фарҳангӣ истифода бурда, оид ба сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.

Дар вохӯриҳо ҳамчунин мушовири Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Т.Т.Юнусов, намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ А.Одинаев ва Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград М.Мирзозода ширкат доштанд.

Исломи НИЁЗ, Ваҳдат-Санкт-Петербург-Ваҳдат