ИТТИЛОИЯ

№ 01.08.2022

Нишон-2Ба иттилои шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ расонида мешавад, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, Инстаграм, Ватсап, Вайбер, Телеграм, Твиттер ва ғайра ба унвонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳифаҳои иҷтимоии қалбакӣ кушода шуда, истифодабарандагони шабакаи иҷтимоӣ, бахусус мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз онро ба гумроҳӣ мебаранд.

Бинобар ин, аз ҳамаи шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба саҳифаҳои қалбакии кушодашуда, ба истилоҳ «фейкҳо» бовар накунанд.

Барои ҳаллу фасли мушкилоту ниёзмандиҳо ба почтаҳои электронии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон majmilli@rs.tj, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе dushabe80@yahoo.com, сомона ва саҳифаҳои расмӣ www.dushanbe.tj, фейсбук: @DUSHANBECAPITAL, инстаграм: dushanbe_official, вайбери мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 985-95-22-22 муроҷиат кардан мумкин аст.

www.majmilli.tj