1 августи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат, ки баррасии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Хитойро фаро гирифт, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ҳар ду кишварро дар самтҳои ҳамкорӣ таъкид намуда, зикр карданд, ки «Тоҷикистон ва Хитой ҳамсояҳои наздик буда, мо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи бисёрҷанбаи ҳар ду кишвар дар ҳама шаклҳо ҳавасмандем».
Аз сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин, дар соҳаи амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Бояд гуфт, ки Хитой мавқеи яке аз шарикони бузургтарини тиҷоратӣ ва сармоягузори Тоҷикистонро устуворона нигоҳ медорад. Тибқи омор, дар нимаи аввали соли равон гардиши мол миёни ҳар ду кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ҳаштоду ду дарсад афзоиш ёфта, беш аз нуздаҳ дарсад аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин замина зарурати андешидани тадбирҳо барои баланд бардоштани суръати муқарраршудаи рушди тиҷорат ва пешбурди минбаъдаи он таъкид карда шуд.
Ҷонибҳо роҳҳои рушди минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, «технологияҳои сабз» ва нақлиёт, аз ҷумла роҳандозии содироти маҳсулоти Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои Хитой баррасӣ карданд. Ба ҷониби Хитой барои ҷудо намудани вояҳои нави ваксина бар зидди бемории сироятии коронавирус изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷонибҳо ба ҳамёрӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла рӯзномаи ҷаласаи қарибулвуқӯи сарони давлатҳои СҲШ, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Масъалаҳои муборизаи минбаъдаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, киберҷиноят ва дигар таҳдидҳои амниятӣ низ, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ, хусусан вазъи кунунии Афғонистон ва дурнамои рушди он низ, табодули афкор сурат гирифт.
www.president.tj