Ба таъсисёбии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳафт сол пур шуд. Хабарнигори рӯзнома аз сардори Раёсати Агентӣ дар вилоят Шодибек Ҷавов хоҳиш намуд, ки оид ба фаъолияти ин мақом ба якчанд суол посух диҳад.
-Маълум аст, ки баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон мубориза ба муқобили ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии давлат қарор гирифт ва баҳри амалӣ гардонидани ин сиёсат мақомоти гуногун фаъолият доштанд. Чӣ боис шуд, ки боз як мақомот – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис ёбад?
-Бо мақсади вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии вазифа ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию молиявӣ 10 январи соли 2007 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 143 «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Моҳи майи соли 2007 Раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.
Агентӣ мақоми назорати молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, ба он вазифаҳои собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сохторҳои мубориза бар зидди коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ вогузор шуд.
Вазифаи асосии Агентӣ давра ба давра паст кардани сатҳи коррупсия, баланд бардоштани нуфузи давлат дар ҷомеа, ҳар чӣ бештар ғанӣ гардонидани буҷети давлат аз ҳисоби барқарор намудани товони зарари дар рафти санҷишҳои молиявӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ошкоршуда мебошад.
Ҷиноятҳои коррупсионӣ асосҳои давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба ахлоқу афкори ҷамъият таъсири манфӣ мерасонанд.
Сардори давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 бори дигар таври махсус таъкид намуд: «Масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва татбиқи ҳамаҷонибаи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар оянда низ ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад».
- Бобати таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ кадом корҳо ба сомон расонда шуданд?
-Давоми ҳафт соли фаъолияти Раёсати Агентӣ бо мақсади таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби кормандони Раёсат дар 1099 идораву муассиса ва ташкилоту корхонаҳои вилоят тафтишу санҷишҳои молиявӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят санҷиш гузаронида шуд. Дар натиҷа, 16,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ, аз ҷумла хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ ба маблағи 4,4 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 3,4 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 3,2 миллион сомонӣ, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 2,6 миллион сомонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ 2,6 миллион сомонӣ ошкор гардид. Аз маблағи умумии зарари молиявӣ 9,2 миллион сомонӣ рӯёнида шудааст.
- Доир ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ кадом тадбирҳо андешида шудаанд?
- Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Раёсат пешгирӣ, ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодӣ мебошад. Дар ин самт аз тарафи кормандони Раёсат бо мақсади бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва муайян кардани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Таҳлил ва омӯзиши содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодӣ нишон медиҳад, ки дар қаламрави вилоят давоми ҳафт соли фаъолияти Раёсати Агентӣ 260 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 242 ҷиноятҳои коррупсионӣ, аз қабили 151 ҳолати азхудкунӣ ва исрофкорӣ, 21 ҳолати қаллобӣ, панҷ ҳолати баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 29 ҳолати сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, 20 ҳолати сохтакории хизматӣ, ду ҳолати гирифтани пора, ду ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағҳо, 18 ҷинояти ғайрикоррупсионӣ, аз қабили ҳафт ҳолати хунукназарӣ, панҷ ҳолати сохтакории ҳуҷҷатҳо ва чор ҳолати азонихудкунӣ ва исрофкорӣ мебошанд.
-Тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ яке аз самтҳои фаъолияти Раёсат ба ҳисоб меравад…
- Дар давраи фаъолияти Раёсат аз ҷониби кормандони бахши тафтишотӣ 142 парвандаи ҷиноятӣ ба истеҳсолот қабул ва 75- тоаш ба итмом расидааст. Аз ин шумора 43 парванда нисбати 57 нафар ба суд ирсол гардида, 27 парванда дар истеҳсолот қатъ гардид.
Оид ба парвандаҳои ҷиноятии ба итмом расонидашуда маблағи зарар 4 миллион сомониро ташкил дода, аз он 2,2 миллион сомонӣ барқарор шуд.
- Бобати пешгирии коррупсия кадом тадбирҳо аз ҷониби Раёсат андешида шудаанд?
- Дар давраи ҳисоботӣ оид ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ» аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ 125 ҳодисаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ вобаста ба коррупсия ба маблағи зиёда аз 108 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз он маблағи 104,7 ҳазор сомонӣ ситонида шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон тибқи қонунгузории маъмурӣ ҷарима гузошта шуд.
-Оид ба фаъолияти Раёсати Агентӣ дар соли 2013 чӣ гуфта метавонед?
- Дар ин давра аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсат дар 216 идораву муассиса ва ташкилоту корхонаҳои вилоят тафтишу санҷишҳои молиявӣ ва инчунин тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷети ноҳияҳои Шуғнон, Мурғоб, Ишкошим ва Роштқалъа гузаронида шуд. Дар натиҷа зиёда аз 2,5 миллион сомонӣ маблағи умумии зарари молиявӣ ошкор гардид. Аз ин маблағ 2,1 миллион сомонӣ рӯёнида шуда, аз он маблағи 1,7 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ барқарор карда шуд.
Таҳлилу омӯзиши ҷиноятҳо нишон медиҳад, ки дар қаламрави вилоят дар ин давра 44 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ва як ҷинояти ғайрикоррупсионӣ, аз ҷумла 33 ҳолати азхудкунӣ ва исрофкорӣ, панҷ ҳолати сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, чор ҳолати сохтакории хизматӣ, як ҳолати гирифтани пора, як ҳолати баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва як ҳолати сохтакории ҳуҷҷатҳо ошкор гардиданд. Маблағи умумии зарар 262,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз он маблағи 139, 5 ҳазор сомонӣ ҷуброн карда шудааст.
Дар ин давра аз тарафи кормандони Раёсат 45 нафар барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта муайян карда шуданд, ки аз ин шумора 44 нафарашон шахсони мансабдори идораҳои давлатӣ мебошанд.
-Давоми чор моҳи соли равон ба кадом натиҷаҳо ноил гаштед?
- Дар чор моҳи соли 2014 оид ба пешгирӣ, ошкор намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва шахсони алоҳида, ки ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта даст задаанд, Раёсат корҳои муайянро ба анҷом расонид.
Бо мақсади таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар ин давра аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсат дар 37 идораву муассисаҳо ва дигар ташкилоту корхонаҳои вилоят тафтишу санҷишҳои молиявӣ ва инчунин тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Хоруғ гузаронида шуд.
Дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда 683335 сомонӣ маблағи умумии зарари молиявӣ ошкор гардид. Аз маблағи умумии зарари ошкоргардида, яъне 683335 сомонӣ маблағи умумии зарари молиявӣ 294867 сомонӣ рӯёнидашуда аз он маблағи 310059 сомонӣ ба буҷети давлат барқарор шуд.
Таҳлил ва омӯзиши содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нишон медиҳад, ки дар қаламрави вилоят дар ин давра 15 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ва ду адад ҷинояти ғайрикоррупсионӣ ошкор ва ба қайд гирифта шуданд. Аз ин ҳашт ҳолати азхудкунӣ ва исрофкорӣ, қаллобӣ ду ва се сохтакории ҳуҷҷатҳо мебошад. Маблағи умумии зарари ошкоргардида 176240 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он маблағи 93046 сомонӣ ҷуброн карда шудааст.
Дар ин давра аз тарафи кормандони Раёсат 16 нафар барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта муайян карда шудаанд, ки аз ин шумора 12 нафарашон шахсони мансабдори идораҳои давлатӣ мебошанд.
Дар давоми чор моҳи соли 2014 бахши тафтишотии Раёсати Агентӣ шаш парвандаи ҷиноятӣ ба истеҳсолот қабул намуд, чор парвандаи ҷиноятӣ шахсан аз тарафи онҳо оғоз гардидааст.
Самти дигари афзалиятнок дар фаъолияти бахши тафтишоти Раёсат ин ошкор ва барқароркунии зарари моддӣ мебошад, ки дар ин давра оид ба парвандаҳои ҷиноятии ба итмом расонидашуда маблағи зарар 18239 сомонӣ ташкил медиҳад, ки ин маблағ дар рафти тафтишот пурра барқарор карда шуд.
Мусоҳиб Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»