Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов 22 июли соли равон нишасти матбуотӣ доир гардид. Ректори Консерватория Миралӣ Достизода иттилоъ дод, ки таҳсил дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, донишҷӯён дар 14 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Айни ҳол дар Консерватория 257 нафар донишҷӯ,7 нафар шаҳрвандони хориҷӣ (6 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, як нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон) таҳсил менамоянд.
Дар муассиса гузаронидани дарсҳои маҳоратӣ, ки ба баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи иҷрокунандагии омӯзгорону донишҷӯён равона шудааст, ба ҳукми анъана даромадааст. Ба чунин машғулиятҳо устодону мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ ҷалб мешаванд. Чунончӣ, 18 феврали соли ҷорӣ дарси маҳорати Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аббос Қосимов дар мавзӯи «Зарбҳои анъанавӣ ва замонавӣ» ва бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки пианинонавози шинохта Франсуа Шоплен баргузор гардид.
Зикр гардид, ки раёсати Консерватория ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таҳти роҳбарии устодони соҳибтаҷриба ду намуди таҷрибомӯзӣ – таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ (таълимӣ) ва таҷрибаомӯзии иҷрокунандагӣ (эҷодӣ) ба роҳ монда шудааст. Ҳар сол дар асоси шартномаи тарафайн таҷрибаомӯзии таълимӣ дар коллеҷу мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ ва таҷрибаи эҷодӣ дар ансамблу оркестрҳои давлатӣ гузаронида мешаванд. Имсол Консерваторияро 66 нафар хатм намуда 3 нафар бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуда, боқӣ тибқи дархост ва тавсияи комиссия ҳама ба ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар Консерватория нияти нашри маҷаллаи нави илмии «Мутриб» -ро доранд. Ойинномаи маҷалла дар Шӯрои олимони Консерватория тасдиқ гардида, ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод шуд. Вобаста ба нашри аввали маҷаллаи Консерватория ҷамъоварии мақолаҳо анҷом ёфта, кор дар ин самт идома дорад.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»