Аз нишастҳои матбуотӣ

Мусофиркашони дуюним баробар афзоиш ёфт

№96 (4516) 02.08.2022

328 июли соли равон роҳбарони корхонаю муассисаҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъ омаданд. Нишасти матбуотиро директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода ифтитоҳ карда, роҷеъ ба фаъолияти кормандони соҳа дар ним соли аввали соли 2022 маълумот дод. Бино ба гуфти мавсуф, дар ин давра аз ҷониби Агентӣ тибқи тартиби қонунгузории амалкунанда ҷадвали парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар ба ҳафт кишвари хориҷи дуру наздик – Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон. Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Олмон бо зичии зиёда аз 200 парвоз дар як ҳафта тасдиқ шуд. Дар давраи зикршуда парвозҳои мунтазам дар хатсайрҳои Душанбе — Деҳлӣ — Душанбе ва Душанбе -Теҳрон — Душанбе оғоз гардид.

Дар нимсолаи якуми соли равон фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба 1302,5 ҳазор мусофир хизмат расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 маротиба зиёд аст. Аз ин нишондиҳанда 56 фоиз ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе рост меояд.

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти авиатсияи гражданӣ бо 27 кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид, ки аз онҳо 9 кишвари ИДМ, 7 кишвари Иттиҳоди Аврупо ва 11 кишвари Осиё мебошанд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ ба вазъи имрӯзаи ҶСК «Тоҷик Эйр» таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва ҷамъияти мазкур дар ин бобат иброз доштанд, ки умед аст, оянда фаъолияти ширкат рӯ ба беҳбудӣ меорад. Айни ҳол дар асоси супориши Сарвазири мамлакат комиссияи байниидоравӣ масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳои зарурӣ пешниҳод мегардад.

Дар давраи мавриди назар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба 30,9 ҳазор ҳавопаймо хизмат расонидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.

Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»