- Дар нимсолаи якуми соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмӯъ 7 млрд. 659 миллиону 300 ҳазор кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 млн. кВт/соат зиёд буда, суръати афзоиш дар сатҳи 101 фоиз таъмин карда шудааст, — зикр кард директори ШСХК «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ, ки 1 августи соли 2022 баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани таъминоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ ШСХК «Барқи Тоҷик» дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ҳаҷми 2 млрд. 640 миллиону 700 ҳазор кВт/соат неруи барқ ба маблағи умумии 980 миллиону 100 ҳазор сомонӣ харидорӣ намудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми хариди неруи барқ 262 млн. кВт/соат ё ба маблағи 95 миллиону 600 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда — 1» дар ҳаҷми 1 млрд. 292 миллиону 300 ҳазор кВт/соат, «Сангтӯда — 2» 430 млн. кВт/соат ва аз НБО «Роғун» дар ҳаҷми 908 миллиону 900 ҳазор кВт соат харидорӣ шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи мамлакат таи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар ҳаҷми 141,6 млн. кВт/соат зиёд гардида, дар маҷмӯъ ба 1 млрд. 56 миллиону 500 ҳазор кВт/соат баробар шуд. Неруи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 321 миллиону 200 ҳазор кВт/соат содирот гардид.
Натиҷаи фаъолияти истеҳсолию молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик»- ро дар нимсолаи якуми соли 2022 ҷамъбаст намуда, роҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, ки дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ корҳоро дар самти амалисозии чорабиниҳои зерин пурзӯр намояд:
- истифодаи самараноку сарфакоронаи захираҳои обию энергетикӣ;
- назорати иҷрои босифати корҳо ва сари вақт амалӣ сохтани лоиҳаҳои «Барқарорсозии НБО «Норак», «Барқарорсозии НБО «Сарбанд» ва «Таҷдиди НБО «Қайроққум»;
- дар ҳаҷми зарурӣ захира намудани ангишти босифат барои таъмини фаъолияти бонизоми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2».
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»