Нимаи якуми соли 2022 дар доираи баргузории як қатор форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ бо сармоягузорони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мисри Араб, Шоҳигарии Белгия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, беш аз 90 ҳуҷҷати ҳамкорӣ ба маблағи умумии 1,1 миллиард доллар ба мувофиқа расид.
Бо мақсади рушди соҳаҳои истеҳсолӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ду созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 80 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расида, ин маблағҳо ба бунёди ду корхона ва ташкили 1105 ҷои нави кор равона шуданд.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар ин давра ба ҷумҳурӣ беш аз 173 миллион доллари амрикоӣ сармоя ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 фоиз зиёд мебошад.
Аз ин хусус раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод зимни нишасти матбуотӣ, ки 1 августи соли 2022 баргузор гардида, ба натиҷаҳои фаъолияти кумита дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бахшида шуд, иттилоъ дод.
Раиси кумита дар идома гуфт, ки дар ин давра барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва энергетика бо шарикони рушд ҳашт созишномаи нави молиявӣ ба маблағи умумии 243 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд, ки 218 миллион доллари он грант аст. Инчунин, барои маблағгузории иловагии лоиҳаҳои обтаъминкунӣ ва санитарии шаҳри Душанбе, обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот, обтаъминкунии устувор, устувории шабакаҳои роҳҳо, идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ дар ҳаҷми 150 миллион доллари ИМА корҳои муқаддамотӣ ва таҳияи санадҳои зарурӣ идома доранд.
Дар посух ба саволи хабарнигор оид ба теъдоди субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва чӣ миқдори онҳо дар тӯли ним сол фаъолияташонро қатъ карданд, раиси кумита посух дода, аз ҷумла, гуфт, ки ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ беш аз 338 ҳазор субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, дар нимсолаи аввал қариб 3900 адади онҳо фаъолиятро қатъ намуданд. Ба рақобат тоб оварда натавонистан, дар бозор харидор пайдо накардани моли истеҳсолкарда, дастрасии маҳдуд ба қарзҳои имтиёзноки бонкӣ ва якчанд сабабу омилҳои дигар боис ба қатъи фаъолияти онҳо гардид.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»