Маъракаи кишти зироати кишоварзӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод ба анҷом расид.
Имсол, тибқи супориши Ҳукумати мамлакат, майдони кишти картошка нисбат ба соли сипаришуда 145 гектар зиёд карда шуд. Дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия картошказор 2067 гектарро ташкил дод, ки 911 гектари он ба сохтори кишоварзӣ рост меояд. ғаллазор аз ҳисоби кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ 1141 гектарро фаро мегирад. Кишоварзон, инчунин, дар майдони 150 гектар сабзавот ва 84 гектар зироати техникӣ кишт намуданд.
Қобили зикр аст, ки соли сипаришуда истеҳсоли картошка афзун гардида, кишоварзон дар ноҳия зиёда аз 26 ҳазор тонна маҳсулот ба даст оварданд.
Соли 2022 дар 15 гектар боғи нав бунёд шуда, дар талу теппаҳои ноҳия 8 гектар боғи куҳнаро барқарор карданд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»