Хабарҳо ах кишвар

№62 (3208) 12.06.2014

Истеҳсоли маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо афзудааст

ДУШАНБЕ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ба маблағи 478,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 87,9 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 122,5 фоизро ташкил медиҳад. Маҳсулоти дар ин давра истеҳсолшуда дар дохил ва хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда шудаанд. Нуктаи муҳим он аст, ки 56 фоизи  маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шуда, аз ин ҳисоб ба ҷумҳурӣ 358,9 миллион сомонӣ ворид гардид. Дар ин бора муовини сардори Раёсати саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулвоҳид Кассиров иттилоъ дод.

Намоишгоҳ — замина барои ривоҷи ҳамкориҳо

ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)  Дар «Қасри варзиш» — и маркази вилояти Суғд  аз 11 то 17-уми июни соли ҷорӣ намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии тиҷоратӣ, саноат ва технологияҳои «Тоҷикистон-2014»  доир мегардад. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он молу маҳсулоти ширкатҳо ва корхонаҳои саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии  Эрон,  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия ба маърази тамошо гузошта мешавад. Дар ҷараёни намоишгоҳ бизнес-форум ва суҳбату мулоқот доир гардида, соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ барои ҳамкориҳои минбаъда шартномаҳо ба имзо мерасонанд.

 «Ваҳдати миллӣ — омили ояндасози Тоҷикистон»

ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ  ҲАБИБОВ,«Садои мардум»)  Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни  мулоқот бо зиёиёни мамлакат ироа гашта буд, дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ — омили ояндасози Тоҷикистон» мизи мудаввар доир шуд. Дар оғози чорабинӣ муовини вазири кишоварзии мамлакат Сиҷоуддин Исроилов доир ба нақш ва мақоми Ваҳдати миллӣ сухан гуфт. Сипас, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Хайриддин Идиев ва профессори кафедраи механикаи донишгоҳи мазкур Эркин Кароматуллоев оид ба муҳтаво, таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳои ба- имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 600-солагии бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ маърӯза карданд.

 «Мурғи беҳамто»  дар Ёвон

ЁВОН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Бо ширкати раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов дар деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 хонанда оғоз ёфт. Раиси вилоят зимни сафари кории хеш бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, корҳои саҳроӣ ва рафти бунёди фабрикаи парандапарварии «Мурғи беҳамто» шинос шуд. Тазаккур бояд дод, ки ин корхона барои парвариши 245 ҳазор сар мурғ пешбинӣ шуда, бо харҷи 332 ҳазору  440  сомонӣ бунёд мешавад. Дар доираи ин сафари корӣ номбурда бо аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони ноҳия машварат доир намуда, бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқро дар панҷ моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

 Нақшаи пилласупорӣ иҷро шуд

СПИТАМЕН. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Барои иҷрои  саривақтии нақшаи солона  дар идораи «Пиллаи Спитамен» — и ноҳия ҷамъомади  идона баргузор гардид.

Бояд зикр кард, ки  имсол кирмакпарварони ноҳия  3 ҳазору 10 қуттӣ  кирмак парвариш намуда, нақшаро барзиёд иҷро карданд.

 Бонувон ҳунарманд мешаванд

ЗАФАРОБОД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Бино ба иттилои мудири шуъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод Фаррух Розиқов шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мусоидати бахши кор бо занон ва оила бо мақсади ривоҷ додани ҳунарҳои дастӣ, аз қабили қолинбофӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ ва ғайра тадбирҳо андешиданд. Бо ин мақсад соҳибкор Очаой Юсуфӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази ноҳия  ду дастгоҳи хурд ва ду дастгоҳи калони қолинбофиро насб кардааст, ки дар ин ҷо 20 нафар духтарони маҳаллӣ ба омӯзиши касби қолинбофӣ машғуланд.

 Боғчаи нави кӯдакон дар Вахш

ВАХШ.  (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Фарзандони сокинони шаҳраки Киров соҳиби боғчаи нави бачагона гардиданд. Бинои нави боғча зебою ҳозиразамон буда, дар он асосан фарзандони табибон, омӯзгорон ва саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонию кооперативҳои истеҳсолии ҳудуди шаҳрак ба нигоҳубину тарбия фаро гирифта мешаванд.  Он бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Рамазон Алиев бунёд гардидааст.

 

230 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд

ИСТАРАВШАН.  (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар шаҳри Истаравшан бо ташаббуси Раёсати давлатии  ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ярмаркаи ҷойи холии кор ва вазифаҳои озод доир гардид. Ба корҷӯён 16 корхонаву муассиса ҷойҳои холии кории худро пешниҳод карданд. Дар натиҷа 230 нафар  соҳиби ҷойи кор шуданд.

 Рӯзҳои фарҳанги вилояти Томск дар Тоҷикистон

ДУШАНБЕ. (Хайруллои  АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»)  Рӯзҳои фарҳанги вилояти Томски Федератсияи  Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 — уми июни соли равон оғоз ёфт, то 13-уми июн идома меёбад. Дар доираи он рӯзи 12 июн дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти тантанавӣ доир мешавад. Рӯзи 13 июн дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода консерти хосса, таҳти унвони «Арғунун + созҳои зарбӣ: байни Бах ва ҷаз» пешкаш мегардад.

  «Сайди маънӣ»  дар қисми низомӣ

ЧКАЛОВ. (Мухтори  АБДУЛЛО, «Садои мардум»)  Дар қисми низомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Чкалов, ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 50-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона маҳфили адабии  «Сайди маънӣ» доир гардид.

Дар маҳфил раиси шаҳри Чкалов  Рухсора Давлатзода иштирок ва суханронӣ  намуд.  Сарвари китобхонаи шаҳрӣ Гулноза Убайдуллоева роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти Фарзона маълумот дод ва сарбозон аз эҷодиёти шоира шеърҳо қироат намуданд.

Шоира Фарзона ба иштирокдорони маҳфил аз ашъори хеш шеърҳо қироат намуда,  андешаҳояшро оид  ба Ваҳдати миллӣ ва садоқат ба Ватан баён дошт.

Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.