Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти маҳсулоти ватанӣ ба беш аз як миллиард доллар баробар шуд

№98 (4518) 08.08.2022

7Бино ба маълумоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, то ҳол дар мамлакат 61 ширкати ватании содироткунандаи маҳсулот ба қайд гирифта шуда, таи шаш моҳи аввали соли равон, тибқи маълумоти оморӣ, ба маблағи 1 милларду 215 миллиону 200 ҳазор доллар маҳсулоти ватанӣ содирот гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 600 ҳазор доллар зиёд мебошад.

Дар нимаи аввали соли равон масъалаи содироти тухм мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба паррандапарварон тавсия дода шуд, ки содироти тухмро бо назар­дошти таъмини бозори дохилӣ ва боло нарафтани нарх амалӣ намоянд.

- Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар шаш моҳи соли 2022 аз мамлакат ба хориҷи кишвар 19 млн. 500 ҳазор дона тухм содирот карда шуд, — гуфт Шавкат Бобозода ва афзуд: — Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи якуми соли 2022, тибқи маълумоти оморӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ 27 млн. 727 ҳазору 500 долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 млн. 570 ҳазору 500 доллар ё 28,1 фоиз зиёд мебошад. Аз рӯи ҳаҷм бошад, содироти маҳсулоти кишоварзӣ 115 ҳазору 200 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳазору 700 тонна ё 8,2 фоиз зиёд гардидааст.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»