Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 5-уми августи соли равон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз 16-уми август ҳаракати қатораи мусофиркаш ба самти Кӯлоб-Волгоград (3367 километр) оғоз меёбад. Мусофиркашонӣ тавассути хатсайри Душанбе- Волгоград (3111 километр) 27-уми август ва Хуҷанд- Волгоград (2852 километр) 7- уми сентябр оғоз меёбад.
Ҳоло вобаста ба муайян кардани нархи чиптаҳо корҳо идома дошта, дар наздиктарин фурсат эълон карда мешавад.
- Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқоту гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 20 июни соли равон ҳаракати қатораи мусофирбарии Душанбе — Тошканд пас аз 30 сол барқарор гардид. То ин дам 906 мусофир аз хизматрасонии хатсайри мазкур истифода намуданд, — гуфт номбурда.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки ҷиҳати тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёти барқӣ чораҷӯӣ намоянд. Вобаста ба ин Азим Иброҳим иброз намуд, ки ҳоло дар вазорат «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027» таҳия гардидааст. Дар он масъалаҳои дар ҷойҳои муайян бо барқ пур кардани нақлиёт, безараргардонии аккумуляторҳои муҳлати истифодаашон ба итмомрасида, истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии нақлиёти барқӣ дар қаламрави мамлакат ва ғайра пешбинӣ шудааст. Ҳоло ба воридкунандагони нақлиёти барқӣ имтиёзҳо, аз қабили озод шудан аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ, муайян гардидааст.
Зикр гардид, ки ҳоло дар мамлакат 26 ҳазору 700 километр роҳ аст, ки дар он 14 ҳазору 308 километр дар тавозуни Вазорати нақлиёт мебошад. Соли равон барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард ба муассисаҳои давлатии вазорат аз буҷети ҷумҳурӣ 85 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»