Яке аз унсурҳои ҷомеаи қонунмеҳвару ҳуқуқбунёд таҳияву қабули қонунҳо ба ҳисоб рафта, татбиқи онҳо ҳаёти ҷомеаро ба низом медарорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо қонуни наву мукаммал таҳия ва қабул гардиданд, ки барои зиндагии босаодати сокинон нигаронида шуданд. Дар баробари ин, ба чандин қонунҳои дигари амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки пас аз ҷонибдорӣ ёфтанашон аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ, ба онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо гузошта, мавриди амал қарор гирифтанд. Ҳамаи ин ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ, фаъолияти бонизоми ташкилоту идораҳо, рушди ҷомеа ва волоияти қонун дар мамлакат амалӣ карда шуданд.
Зимнан, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат қабули ду қонуни миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз ташаббусҳои неку созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ҳар ду қонун ҳам ҷанбаи иҷтимоӣ дошта, ба хотири зиндагии беҳтар, фардои дурахшони аҳли ҷомеаи кишвар таҳияву қабул гаштаанд. Чунончи, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаву уҳдадориҳои волидонро муайян сохта, водор месозад, ки онҳо назорати тарбияи фарзандонро ҷиддӣ ба зимма дошта, дар таълими сифатноки онҳо низ масъулият эҳсос намоянд. Инчунин, фарзандонро дуруст, солиму афроди барои ҷомеа фоиданок ба камол расонанд. Агар як паҳлуи ин масъала фардӣ бошаду ба худи фарзандон ва ояндаи онҳо тааллуқ гирад, ҷанбаи дигар барои ояндаи неки ҷомеаву давлат аст, зеро хурдсолони имрӯза солмандони фардо хоҳанд шуд. Бинобар ин, тарбияи дурусту ташаккули солим, дар маҷмӯъ инсони комил гардидани онҳо, ҷомеаро ба саодату шукуфоиҳо мерасонад.
Қонуни дигаре, ки ба мардум рифоҳу саодат овард, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Он аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтанаш боис ба фароҳам шудани файзу баракат гардида, барои пешрафти зиндагӣ ва беҳдошти сатҳи некуаҳволии мардум саҳми назаррас гузошт ва бо мавриди амал қарор гирифтанаш тавонист сатҳи камбизоатиро дар мамлакат ба маротиб коҳиш диҳад. Ба далели он ки то қабули қонуни зикршуда сокинони мамлакат дар баргузории тӯю маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ харҷу сарфи зиёди беҳуда мекарданд. Дар натиҷа ба иқтисоди хонаводаҳо зарбаи калон мерасид.
Бешак, то қабули қонуни мазкур баргузории тӯю маъракаҳо ба мусобиқаи бемаънии ҳамсояҳо ва хешу ақрабо табдил ёфта буд, ки ҳар як нафар мехост бо сарфи маблағи зиёд аз ёру бародар, дӯсту ҳамкор ва ҳамсояву хешу табор қафо намонад ва тӯю маъракаҳоро бо зиёдаравӣ барпо мекарданд. Вале ин ҳама сарфи беҳуда на ба беҳдошти зиндагии мардум мусоидат менамуд, балки иқтисоди хонаводагиро касод ва ба баъзе оилаҳо зиндагии мушкилу носолимро солҳои зиёд ҳамроҳ мекард.
Тӯю маъракаҳои хурсандӣ як тараф истад, ҳатто пурдабдабаю серхарҷ гузаронидани маъракаи азодорӣ ба мусобиқаи бемаънии сокинон табдил ёфта, сарфу харҷ аз рӯзи дафн оғоз мегардид. Ин амал на танҳо дар рӯзи фавти шахс ҳатто дар серӯзагӣ, ҳафтрӯзагӣ, бистрӯзагӣ, чилрӯзагӣ ва сари соли шахси фавтида идома меёфт. Барои баргузории маъракаи азодорӣ маблағи зиёди шаҳрвандон беҳуда сарф мегардид. Беҳуда ба он хотир, ки дар баргузории маъракаҳо ҳеҷ кас ғолиб ҳам намешуд ва ба касе ҳам инъом намедоданд. Ҳамаи ин барои қонеъ гардонидани нафс буду барои «шикастан»-и миёни шахси азодор. Ин ҳама ҳараҷу мараҷ дар як ё ду рӯз амалӣ мешуд, вале шахси азодорро ба солҳои тӯлонӣ вомдору варшикаста менамуд.
Мутаассифона, чунин зиёдаравӣ, балки бенизомӣ дар рӯзи таваллуд, арӯсбинону домодталбон ҳоҷиталбону гаҳворабандон ва дигар маъракаҳои бемаънӣ ба назар мерасид. Агар як нафар рӯзи таваллудашро дар хона бо иштироки ёру дӯстон ва наздиконаш мегузаронд, ҳамсоя қафо намонам гуфта, зодрӯзашро бо иштироки хешу табор ва даъвати сарояндагон ва истифодаи садоафзо дар саҳни ҳавлиаш мегузаронду шахсони зиёдро ҷамъ мекард, то ки садои чангу доира дар миқёси деҳа танинандоз гардаду мардум таърифу тавсиф кунанд. Аммо баъди ин амалҳо ҳамсояи дигар бинобар худнамоӣ барои баргузории зодрӯзаш нақша мекашиду рӯзи таваллудашро дар тарабхона бо харҷи зиёд дар сатҳи баргузории тӯи домодиву арӯсӣ барпо мекард.
Чунин зиёдаравиву худнамоии шаҳрвандон қариб дар ҳама маъракаҳои мардумӣ дида мешуд, ки барои қариб 90-95 фоизи сокинон қобили қабул набуду харҷи миёншикан дошт.
Хушбахтона, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, дар баргузории маъракаҳо назму тартиб ҷорӣ шуд.
Муҳимтар аз ҳама, таҳия ва қабули қонуни мазкур тавонист сатҳи зиндагии мардумро ба маротиб боло барад ва имкон фароҳам овард, ки сокинон маблағашонро дар корҳои фоиданок сарф намоянд.
Аммо, бо вуҷуди қонуни танзимгар ва сабукиоваранда будани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», вақтҳои охир ба назар мерасад, ки хилофи он амал кардан дар баъзе аз гӯшаву канори мамлакат ҷой дорад. Барои мисол, таи шаш моҳи аввали соли равон комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 11 ҳазору 348 адад корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе — 1911, ВМКБ — 54, вилояти Суғд — 1681, вилояти Хатлон — 4 ҳазору 45, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3657 санҷиш гузарониданд.
Ҳангоми баргузории санҷишҳо 416 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58 ҳолат зиёд мебошад.
Бино ба маълумоти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рафти санҷишҳои баргузоршуда дар шаҳри Душанбе 50 ҳолат, ВМКБ — 8, вилояти Суғд — 127, вилояти Хатлон — 165 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 66 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани талаботи қонуни зикршуда ба қайд гирифта шудааст.
Рақамҳо баёнгари онанд, ки ҳанӯз ҳам нафароне ҳастанд, ки муқаррароти қонунро нодида мегиранд. Ба хотири шодии якрӯза хароҷоти беҳудаи барзиёд мекунанд. Аз ҳама бадтар он аст, ки ба дигарон – ёру ҳамсояҳо, хешу ақрабо намунаи бад мешаванд.
Албатта, ин ҷиҳат паҳлуи дигари масъаларо низ равшан месозад: Бархе аз масъулини назораткунандаи танзими расму оин дар маҳалҳо дуруст кор накарда, вазифаи худро саҳлангорона иҷро менамоянд, ки мутаассифона, аз ин бемасъулиятӣ қонуншиканӣ ривоҷ меёбад.
АМИНИЁН Хӯҷаназар Файзулло,
«Садои мардум»