Шашуми июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза», дар доираи ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон (Полша) оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамоиши иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Лаҳистон баргузор гардид. Ҳамоиш бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Лаҳистон дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир гардида, дар он доираи зиёди соҳибкорони тоҷику лаҳистонӣ иштирок доштанд.
Лочин Файзуллоев муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Умед Давлатзод — муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, зикр карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст. Муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Лаҳистон, роҳбари лаҳистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ А. Диха низ мавҷудияти шароити мусоид баҳри густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни ду давлатро таъкид намуд. Муовини раиси Палатаи хоҷагидории Лаҳистон Марек Клочко доир ба имконияти сармоягузории соҳибкорони лаҳистонӣ ва директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикинвест» Н.Забиров бошад, оид ба захираҳои бойи канданиҳои фоиданок, минтақаҳои сайёҳӣ, оби нӯшокӣ ва маҳсулоти мевагии аз нигоҳи экологӣ тозаи Тоҷикистон маълумот доданд.
Бояд гуфт, ки масъулин мақсади асосии баргузории ҳамоиши мазкурро мусоидат ба соҳибкорон ва тоҷирони кишвар барои барқарор намудани ҳамкорӣ бо шарикони лаҳистонӣ, ҷалби сармояи Ҷумҳурии Лаҳистон ба иқтисоди кишвар, баланд бардоштани гардиши молу маҳсулот миёни ду давлат, рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ғайра арзёбӣ намуданд. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев гуфт, ки дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон зиёда аз 15 нафар соҳибкорони лаҳистонӣ иштирок кард, аз онҳо даҳ нафарашон омодагии хешро барои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд. Лочин Файзуллоев низ зикр кард, ки онҳо кӯшиш карда истодаанд, то соҳибкорони ҳар ду ҷонибро ба ҳам оранд. Бино ба гуфти мавсуф, соҳибкорони лаҳистонӣ аллакай таваҷҷуҳ доштанашонро ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои туризм, сохтмон ва бахшҳои дигар изҳор доштанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»