Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода дар нишасти матбуотӣ, ки 5 августи соли 2022 баргузор гардид, иттилоъ дод, намояндагон ва аъзои палата дар ташкил намудани 28 бизнес – форум, 71 конференсияву мизи мудаввар ҳам дар шакли ҳузурӣ (офлайн) ва ҳам дар шакли маҷозӣ (онлайн) саҳмгузор буданд.
Ҷиҳати тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ кормандони палата бо намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва масъулини палатаҳои савдо ва саноати дигар кишварҳо, намояндагони институтҳои молиявӣ, шарикони рушд ва роҳбарони ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорон 127 вохӯрӣ доир намуда, дар баргузории 18 намоишгоҳи дохилию хориҷӣ мусоидат намуданд. Аз ҷумла, 15 — умин Намоишгоҳи байналмилалии саноати пластикии «Iran Plast» дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Намоишгоҳи байналмилалии «Import Goold Fair — 2020» дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея, Намоишгоҳи байналмилалии технологҳо, таҷҳизот ва техника барои боғпарварӣ ва ниҳолпарварии саноатӣ дар вилояти Ставрополи Федератсияи Россия.
Дар давраи зикршуда ба узвияти палата корхонаю ташкилотҳои нав ҷалб шуда, шумораи он ба 887 расид. Бо мақсади ҷалби корхонаю ташкилотҳо ва соҳибкорон ба аъзогии палата, ба суроғаи онҳо 321 маводи иттилоотӣ ва пешниҳоди тиҷоратӣ фиристода шуд.
Қобили қайд аст, ки дар ин давра дар давлатҳои хориҷии дуру наздик намояндагии палата ба 11 нафар расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта чор нафар зиёд мебошад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»