Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ ва пешрафту ободии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 680 миллион сомонӣ равона гардида, 100 иншоот бунёд шуд.
Илова бар ин, аз дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ 150 иншоот ба маблағи 70 миллион сомонӣ бунёду азнавсозӣ гардид.
Сохтмони пули мошингузар дар деҳаи Потови деҳоти «Ҷовидон», бинои шуъбаи КДАМ, бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, қасри фарҳанг, мактаби замонавӣ, сохтмон, чароғон ва асфалтпӯш кардани кӯчаҳои маркази ноҳия дастовардҳои замони соҳибистиқлоланд.
Дар заминаи татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар 30 соли охир 182 миллион сомонӣ аз худ гардида, 79 иншооту биноҳои таъиноти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду азнавсозӣ шуданд. Бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони бонангу номуси ноҳия низ даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ бунёд гардиданд.
Аз ҷумлаи корҳои муҳим дар ин минтақа азнавсозии шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ буда, ба гуфти мутахассисон, он мушкилтарин мавзеи шоҳроҳ ба шумор меравад. Масофаи роҳи зикргардида 93 километр, хароҷоти лоиҳавиаш 2 миллиард сомониро ташкил дода, дар ин роҳ сохтмони 15 пул ва 2 нақб пешбинӣ шудааст.
Дар ноҳия ҳоло 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 13 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҷиҳати бо неруи барқ таъмин намудани аҳолӣ низ корҳои зиёд анҷом дода шуданд.
Таҷдиди НБО «Техарв» — и деҳоти «Техарв» ва НБО «Андарбаг» — и деҳоти «Язгулом» аз тарафи ширкати «Помирэнерҷи» далели ин гуфта аст. Дар баробари ин, аз тарафи ширкати мазкур хатти баландшиддати интиқоли барқи 35 кВт соат –и «Вознавд – Дашти Язгулом – Мотравн» ба анҷом расид, ки сокинони водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ бо қувваи барқ таъмин гардиданд.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»