10 август - Рӯзи варзишгарон

Ба шарофати варзишгарони тоҷик 6012 маротиба Парчами давлатӣ барафрохта шуд

№ 09.08.2022

Мусоҳиба бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода

WhatsApp Image 2022-08-04 at 13.06.32- Пешрафти соҳаи варзишро дар замони соҳиб­истиқлолӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷти­моии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Он маҳз ба хотири оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, омодакунии варзишгарони касбӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ равона шудааст.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсису барқарор намудани муассисаҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид. То даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат қариб ҳазор иншооти гуногуни варзишӣ мавҷуд буда, шумораи онҳо дар 31 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 9 маротиба афзуд.

Давраи оғози рушди инфрасохтории соҳаро ба соли 2010 рабт додан мумкин аст. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2010 дар мулоқот бо варзишгарони кишвар ба масъулин дода шуд, боиси устуворгардонии заминаи моддию техникӣ барои оммавигардонии варзиш ва омода намудани варзишгарони касбии сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гардид. Дар ин замина солҳои 2011-2021 – ум, 3135 иншооти асосии варзишӣ сохта шуда, зиёда аз 2000 иншоот таъмиру таҷдид гардид.

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) зимни таҳлили сиёсати ҷавонон, аз ҷумла, таъкид карданд: «Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушд дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем». Ин дастури Сарвари давлат чӣ тавр дар амал татбиқ мешавад?

- Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, дар баробари дигар соҳаҳо, самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳар сол, зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода мешаванд. Алалхусус, дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати дар даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд муассисаи томактабӣ, толор ва майдони варзиш бунёд намудан, барои ҳар чӣ бештар ҷалб намудани аҳолӣ ба таҳкими тарзи ҳаёти солим саривақтӣ мебошад.

Кумита дар доираи ваколат баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон мунтазам тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Дар асоси нақшаи кори кумита ҳар рӯзи шанбе бо ҷалби кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш вобаста аст» баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар доираи таҷлили ҷашну идҳои миллӣ байни наврасону ҷавонон чорабиниҳои гуногуни оммавӣ — варзишӣ ташкил мегардад.

Кумита соли дуюм аст, ки мусобиқаҳои варзиширо аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, шоҳмоту шашка ва гӯштӣ ва дигар намуди варзиши миллӣ дар чор марҳила, яъне байни деҳаю маҳаллаҳои деҳот, ноҳиявӣ — байни ғолибони марҳилаи якум, минтақавӣ — вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ доир намуда истодааст. Дар нимсолаи якуми соли 2022 дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 620 чорабинии оммавӣ — варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1021 чорабинӣ зиёд) бо фарогирии 1 миллиону 979 ҳазору 250 нафар, аз ҷумла 338 ҳазору 431 нафар бонувон ва бо ҷалби 1 миллиону 262 ҳазору 438 мухлису тамошобинон баргузор шуд.

- Зимни нишасти матбуотӣ қайд кардед, ки гирифтани медалҳои тилло аз сӯи варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 ду баробар афзуд…

- Варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, нуфузу эътибори Тоҷикистонро баланд бардошта, мамлакатро дар арсаи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ намуда истодаанд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 295 нафар ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷамъомадҳои таълимию варзишии берун аз кишвар сафарбар гардида, 46 нафар аз ҳисоби кумита 609 ҳазору 851 сомонӣ маблағгузорӣ гардиданд. Ҳамчунин, 1531 нафар варзишгар имкон пайдо карданд, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок ва 269 медал ба хазинаи варзишии мамлакат ворид намоянд. Аз ин шумора 64 медали тилло, 77 — нуқра ва 128 медали биринҷиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 38 медали тилло, 43 — нуқра ва 97 медали биринҷӣ зиёд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки 269 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баланд ва Cуруди Миллӣ садо додааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои натиҷаи варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ 6012 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуда, зиёда аз 1861 маротиба Суруди Миллӣ садо дод.

- Дар солҳои соҳибистиқлолӣ чанд варзишгари тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд?

- Дар чемпионатҳои ҷаҳон варзишгарони кишвар зиёда аз 70 медали тилло ба даст овардаанд. Медали тиллоии Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI олимпии Рио — де – Жанейро — 2016 туҳфаи арзанда барои миллати шарафманди тоҷик буд. Инчунин, Юсуф Абдусаломов ҷоизадори медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекин — 2008 оид ба гӯштии тарзи озод, Расул Боқиев ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпии Пекин — 2008 ва чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, Мавзуна Чориева ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон — 2012 оид ба бокс, Сомон Маҳмадбеков — чемпиони ҷаҳон байни ҷавонон оид ба гӯштии дзюдо, Баҳодур Усмонов — чемпиони Осиё оид ба бокс, Комроншохи Устопириён — чемпиони Осиё оид ба дзюдо, Шаҳриёр Даминов — чемпиони Осиё оид ба қаиқронӣ, Адам Исоқов — чемпиони Осиё байни наврасон (дзюдо,) Фаррухи Салим — чемпиони Осиё оид ба дзюдо, Хуршед Маҷидов — ҷоизадори медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, Малика Лагутенко — чемпиони Осиё оид ба тирпарронӣ, Шоира Зулқайнарова — ҷоизадори медали биринҷии чемпионати Осиё оид ба бокс, Набимуҳаммад Хоркашев — ҷоизадори медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, Акмалиддин Каримов — ҷоизадори медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо ва дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол — ҷоизадори медали биринҷии Чемпионати Осиё гардидаанд.

Пас аз 42 сол, яъне баъди чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардидани ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди самбо, ки соли 2017 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор шуд, Беҳрӯз Хоҷазода чемпиони ҷаҳон гардид.

- Барои рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон чӣ нақшаҳо доред?

- Пеш аз ҳама, барои рушди варзиш дар кишвар кумита заминаҳои меъёрии соҳаро мустаҳкам намуда истодааст. 23 декабри соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»дар таҳрири нав қабул гардид, ки дар заминаи он санадҳои зерқонунӣ таҳия шуда истодааст. Инчунин, баҳри баланд бардоштани малакаи кории мутахассисони соҳа як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намудем. Дар ин замина, мутахассисон аз хориҷи кишвар ҷалб гардиданд.

- Мушкили асосии варзишгарони тоҷик кадом аст?

- Мушкили асосии варзишгарони тоҷик аз нигоҳи равонӣ омода набудани онҳо мебошад. Яъне, нарасидани мутахассисони самти равоншиносӣ. Баҳри омода ва ҷалб намудани равоншиносон, мутахассисони соҳаи тибби варзишӣ ҷаҳду талош карда истодаем.

Марҷонаи ЮСУФ,

«Садои мардум»