Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол 16 ноябри соли 2018 санаи муҳиму сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро дар он рӯз барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами устувор гузошта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» — ро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода супурданд. Баъдан, 9 сентябри соли 2019 рӯйдоди муҳими дигар — ба кор даровардани агрегати дуюми НБО «Роғун» дар таърих сабт шуд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ барои ба кор даровардани агрегати сеюми неругоҳ ҷараён дорад.
Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо муовини директори техникии НБО «Роғун» Мурод Саъдуллоев доир ба ҳамин мавзӯъ сурат гирифт.
- Аз рӯи нақша, агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» соли 2025 ба истифода дода мешавад. Ҳоло қисми зиёди корҳои сохтмониро ба итмом расонидаем, — иброз дошт дар оғози суҳбат Мурод Саъдуллоев ва афзуд: — Тибқи барномае, ки тартиб дода шудааст, агрегати мавриди назар аз сохтмони обқабулкунак шурӯъ шуда, феълан кор дар лӯлаҳои обрасон, лӯлаҳои обпарто ва бинои трансформаторҳо идома дорад. Боварӣ дорем, ки дар муҳлати муайяншуда корҳо ба анҷом мерасанд.
- Тавре маълум аст, иқтидори ҳар як агрегати НБО «Роғун» 600 МВт аст. Оё имкони каму зиёд шудани иқтидори онҳо вуҷуд дорад?
- Сарбанди неругоҳ бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт/соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин нишондиҳанда нисбат ба иқтидори истеҳсолии НБО «Норак» якуним баробар зиёд аст. Ғунҷоиши об дар обанбори он 13,3 километри мукаабро ташкил хоҳад дод.
Имкони кам шудани иқтидори агрегати сеюм вуҷуд надорад.
- Баъд аз бунёди агрегати сеюм масъалаи таъминоти об ба дигар неругоҳҳои поёноб чӣ гуна мешавад?
- Барои ба кор даровардани агрегати навбатии НБО «Роғун» бояд зиёда аз 1,5 млрд. метри мукааб об ҷамъ кунем ва вақте ки онро ба кор медарорем, ҳаҷми умумии обанбор ба 2 млрд. метри мукааб мерасад. 1,5 млрд. метри мукааб об агар мавсими зимистон дар НБО «Роғун» истифода шавад, маънои онро дорад, ки ҳамин об дар зимистон ба неругоҳҳои поён низ мегузарад. Яъне, ҳамаи неругоҳҳои поён низ имкон пайдо мекунанд, ки аз ҳамин об неруи иловагӣ истеҳсол намоянд.
Дар мамлакат фасли зимистон талабот ба неруи барқ меафзояд, лекин дарёҳо камоб мешаванд, ки ин боиси танқисӣ кашидани мардум аз неруи барқ мегардад. Иқдоми зикршуда имкон медиҳад, ки иқтидори неругоҳҳои поён (аз НБО «Норак» то каскади неругоҳҳои дарёи Вахш) аз ҳисоби оби иловагие, ки аз НБО «Роғун» ба поёноб партофта мешавад, дар зимистон аз 15 то 20 фоиз зиёд шавад. Бо ин роҳ истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ, дар НБО «Роғун» ва дигар неругоҳҳои барқи обӣ зиёд мегардад.
- То ҷое иттилоъ дорем, неругоҳи мазкур дар обёрии заминҳо низ саҳим хоҳад буд…
- Нақшаи НБО «Роғун», ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда буд, ду вазифаи асосӣ дошт: истеҳсоли неруи барқ ва беҳтар кардани обёрии заминҳо. Бо шарофати неругоҳи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 100 ҳазор гектар замин обёрӣ шуда, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон метавонанд ҳолати мелиоративии заминҳояшонро беҳтар карда, заминҳои навро ба гардиши кишоварзӣ ворид намоянд.
Обе, ки захира карда мешавад, имкони таъмини бисёрсолаи онро дар минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам менамояд. Зимистон обро ба поёноб медиҳем, онҳо обро дар обанбор захира карда, вақти зарурӣ ба шаҳрҳо ё минтақаҳое, ки ба об ниёз доранд, интиқол медиҳанд. Ба ин васила бухоршавии об кам шуда, оби дар обанбор ҷамъгардида самаранок истифода мешавад. Обанбори НБО «Роғун» имкони нигоҳдории бисёрсолаи обро дорад. Мавҷудияти обанборҳо дар минтақаи кӯҳистон аз он ҷиҳат муфид аст, ки солҳои камобӣ дар мувофиқа бо дигар ҷумҳуриҳо метавонем як қисми обро ба онҳо диҳем ва солҳои серобӣ онро барқарор кунем.
- Агрегати сеюми НБО «Роғун» аз кадом давлат ворид мегардад?
- Барои сохтани агрегатҳои се, чор, панҷ ва шашуми неругоҳ бо ширкати австриягии «Фойт» шартнома ба имзо расидааст. Ширкати мазкур дар муҳлате, ки ба кор даровардани агрегатҳо ба нақша гирифта шудааст, онҳоро тайёр карда, ба ҷумҳурии мо интиқол медиҳад. Дар ин самт кор шурӯъ ва як қисми маблағ пардохт карда шудааст. Дар навбати аввал, онҳо тайёр кардани чархҳои доимии агрегатҳои якум ва дуюмро, ки бо чархҳои муваққатӣ кор карда истодаанд, ба зимма гирифтаанд. Тибқи нақша, соли 2024 бояд ин чархҳоро низ иваз кунем. Ғайр аз ин, ширкати мавриди назар турбинаҳо ва трансформатори баландшиддатро барои агрегати сеюм истеҳсол менамояд.
Илова бар ин, зиёда 2000 тонна фулузоте, ки барои лӯлаҳои обрасон лозим аст, дастрас гардид ва барои қабули оҳанфулузоти навбатӣ, ки дар солҳои наздик зарур аст, шартнома ба имзо расид.
- Таносуби мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ чӣ гуна аст?
- Айни ҳол дар сохтмони НБО «Роғун» 10 ҳазору 517 нафар, аз ҷумла 332 мутахассиси хориҷӣ, фаъолият доранд.
Қисми корҳои дохили неругоҳ аз ҷониби ширкати ватании ТГЭМ — «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ба анҷом расонида мешавад. Ин ширкат дар васлу насб ва иҷрои корҳои сохтмонии агрегатҳои якум ва дуюм таҷрибаи хуб дорад. Дар қисмати лӯлаҳои обрасон бошад, ду ширкат пудратчии генералӣ буда, дигар пудратчиҳо дар назди онҳо ёрирасонанд. Дар маҷмӯъ, ширкатҳо хориҷӣ бошанд ҳам, коргаронашон маҳаллианд.
- Чанде пеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафти корҳои сохтмони НБО «Роғун»- ро аз назар гузарониданд…
- Бешубҳа, ҳар як ташрифи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон боиси пешравист, зеро бо ташриф овардани Пешвои миллат масъулияти сохтмончиёни иншооти бузурги аср дучанд шуда, кор суръат мегирад. Дар сафари чанде пеш анҷомдодаашон низ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супоришҳои мушаххас дода, таъкид карданд, ки моҳи декабр омада мебинанд, ки супоришҳо то кадом дараҷа иҷро шудаанд. Биноан, тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаем, то фаъолият дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ гардад.
Мафтунаи ҲИСОРӢ, «Садои мардум»