Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Латвия 10 июни соли 2014 дар музокироти расмии сатҳи олӣ идома ёфт.
Гуфтугӯйи доманадори судбахш доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва саҳмгузорӣ дар муборизаи глобалии зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.
Пас аз мулоқоту музокироти расмӣ миёни ду кишвар чор санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба густариши минбаъдаи робитаҳои судбахш мусоидат хоҳанд кард:
- Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;
- Ёддошти тафоҳум байни Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳофизати давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Латвия.
Зимни изҳори матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯза изҳори қаноат карда, ба дурнамои робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Латвия, аз ҷумла дар доираи раёсати Латвия дар Иттиҳоди Аврупо, ки нимаи аввали соли 2015 ҷараён хоҳад дошт, баҳои баланд доданд.
www.president.tj