Ҷиҳати қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 июли соли 2022, №АП-227 эълон гардид, аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 237 ҳазор со-монӣ ҷудо карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, нафаре, ки дар даври вилоятии озмун ҷои ав-валро ишғол мекунад, соҳиби 15 ҳазор сомонӣ мегардад. Ба гирандагони ҷойҳои дуюм ва сеюм бошад, мутаносибан 10 ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.
Инчунин, ба омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол мекунанд, 5000, 3000 ва 2000 сомонӣ мукофот-пулӣ дода мешавад.
Дар назар аст, ки даври вилоятиии озмуни «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб баргузор хоҳад шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон