Бо мақсади густариши дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон12-13 августи соли 2022 ҳайати меҳмонон аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Меҳмононро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ҳамроҳӣ карданд, ки раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, муовинон ва дигар шахсони масъул самимона пешвоз гирифтанд.
Ҳайати меҳмонон, аз ҶДММ «Парки насоҷии шаҳри Кӯлоб», ки самти фаъолияти истеҳсоли ҷӯроб мебошад, боздид намуда, ба фаъолияти корхонаи мазкур аз наздик шинос шуданд.
Дар идомаи сафари корӣ, меҳмонон аз боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб тамошо намуданд. Дар боғи мазкур баҳри болидахотири меҳмонон аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи консертӣ бо суруду таронаҳои дилнишин пешниҳод гардид.
Сипас, меҳмонон бо нишони эҳтиром ва қадршиносӣ оромгоҳи мутафаккири бузурги машриқзамин — Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон