Тозанашр

Роҳнамои китобдор

№101 (4521) 15.08.2022

Даврони соҳибистиқлолӣ бисёр суннату анъанаҳои миллӣ эҳё гардида, рушду нумӯъ ёфтанд. Аз ҷумла, соҳаи китобдорӣ, ки дар солҳои шӯравӣ тибқи сиёсати он давра дар доираи муайян пеш мерафт, айни ҳол ба маҷрои аслиаш ворид гашта, анъанаҳои пешинаи маърифатпарварӣ ва тарғиби китоб дар ҷомеа рӯҳи тоза гирифтааст. 

Таҳия ва қабули даҳҳо қонуну барномаҳои соҳавӣ, бунёду аз нав сохтани китобхонаҳо дар шаҳру деҳот, хоса қомат афрохтани Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат, таъсиси Рӯзи китоб дар Тоҷикистон (4 сентябр), ташкилу баргузории озмунҳои ҳарсолаи «Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва ғайра далели гуфтаҳои боло ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мебошад.

Дар ҷавоб ба чунин ғамхорӣ ва нақшаҳои созанда масъулони соҳаи тарғиби китоб, бахусус китобдоронро зарур аст, ки донишро вобаста ба талаботи замон такмил диҳанд, техникаю технологияи замонавиро аз худ ва дар фаъолияташон ҷорӣ намуда, баҳри бедор кардани шавқу завқи махсусан насли наврас ва ҷавонон ба китобу китобхонӣ ҷидду ҷаҳд намоянд. Барои дар ин ҷода ба онҳо ёрӣ расондан Муассисаи нашриявии «Ирфон» дастурамалро таҳти унвони «Роҳнамои китобдор» ба табъ расонд.

- Чунин дастурамал дар даврони соҳиб­истиқлолӣ бори аввал ба нашр расид. Ин кор дар доираи нақшаи чопи силсилакитобҳои «Илм-фурӯғи маърифат» амалӣ гардида, дар оянда низ идома меёбад. Китоби «Роҳнамои китобдор» санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба мафҳумҳои асосӣ, мақсаду вазифаҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои китобхонаҳо ва муассисаҳои интишорӣ, вижагиҳои ҷамъоварӣ, коркарду ҷобаҷогузорӣ ва ҳифзу нигоҳдории фонди китобхонаҳоро дар бар мегирад. Он, ҳамчунин, ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, низоми интиқоли нусхаҳои ҳатмӣ, навъҳои дигари санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз қабили оинномаву низомномаҳо, қоидаву тартибот ҷиҳати танзими фаъолияти китобхонаҳо ва муассисаҳои дигари интишорӣ мусоидат менамояд. Маҷмӯаи мазкур имкон медиҳад, ки китобхонаҳо дар шароити нав, бо назардошти  талаботи даврони соҳибистиқлолӣ ва вижагиҳои воридшавии технологияи муосири иттилоотию иртиботӣ, фаъолияташонро ба роҳ монанд,- гуфт директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» — и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураттиби китоб номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Ғуломзода.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»