Мусоҳибаи хабарнигори рӯзнома бо директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй», номзади илмҳои тиб Маҳмадулло Қосимов
Саломатӣ барои инсон сарвати бебаҳост ва ҳифзу нигаҳбонии он масъулияти хеле бузургест, ки ин вазифа дар навбати аввал ба дӯши шумо — табибон вогузор шудааст. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти бузурги ҳифзи саломатии мардум ва вусъатбахшии раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин бозсозиву бунёди иншооту муассисаҳои нави тиббӣ ҳамаи тадбирҳои имконпазирро амалӣ карда истодааст».
(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи Маркази кардиологӣ дар вилояти Суғд, 23 июни соли 2009)
- Стоматология дар низоми тандурустии мамлакат дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои миллӣ таъмини рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, солимии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳтар гардидани зиндагии сокинони мамлакат пайгирона ҳаллу фасл гардида, Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи стоматология, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Таъсиси Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй», тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №699 аз 30 декабри соли 2010 яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй яке аз самтҳои босуръат рушдкунандаи низоми тандурустии Тоҷикистон мебошад, ки солҳои охир мавқеи байналмилалиро касб намуда, бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, беҳтар намудани пойгоҳи моддию техникӣ ва таҳкими заминаи захиравии соҳа тадбирҳои зиёд андешида шудаанд. Ифтитоҳи шуъбаҳои ҷарроҳии ҷоғу рӯй, имплантологияи кӯдакон ва наврасон имконият доданд, ки дар самти анҷом додани хизматрасонии алоқаманд ба ворид намудани услуби муосири ташхис ва табобати нуқсон ва шаклдигаркунии устухони рӯй, нуқсони модарзодии лабу ком, муолиҷаи адентия бо имплантатҳои денталӣ, муолиҷаи аномалияҳои ҷоғу дандонҳо бо эйҷуайз-техника, артропластика бо эндопротезҳои титанӣ дар ҳолати анкилози буғумҳои чаккаю ҷоғу поён, тармими аномалияҳои рӯй бо истифодаи имплантатҳои контурӣ аз силикон, сохтани протезҳои фулузию керамикӣ ва термопластӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардад.
- Сатҳи хизматрасонии тиббӣ аз маҳорату муомилаи табибон вобаста аст…
- Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии стоматологӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар пажӯҳишгоҳ 112 воҳиди корӣ мавҷуд мебошад. Аз ин 94 воҳиди корӣ ба қисми клиникавӣ ва 18 воҳиди корӣ ба қисми илмӣ тааллуқ дорад. Боиси ифтихор аст, ки дар муассиса мутахассисони варзидаи соҳаи стоматология — як доктори илмҳои тиб, профессор ва 10 номзади илмҳои тиб ташкил дода, ҳамчунин, 59 табиб, аз ҷумла 20 табиби дараҷаи олӣ, 10 табиби дараҷаи якум, 4 табиби дараҷаи дуюм ва 20 мутахассиси ҷавон фаъолият менамоянд.
Яке аз роҳҳои самарабахши пешгирии бемориҳои стоматологӣ ба роҳ мондани корҳои иттилоотӣ мебошад. Мусаллам аст, ки пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар ва арзонтар аст. Агар 10 фоизи табобати бемориҳои стоматологӣ аз табибон вобаста бошад, пас 90 фоизи он аз худи бемор вобастагӣ дорад. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии стоматологӣ дар пажӯҳишгоҳ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, мунтазам корҳои иттилоотӣ, аз ҷумла дар бобати сари вақт, дар як сол, на кам аз ду маротиба аз муоинаи табибони стоматолог гузаштани шаҳрвандон, зарурати истифодаи хамираи дандоншӯӣ ва мисвок дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, риояи гигиенаи (беҳдоштӣ) ковокии даҳон, тоза кардани санги дандон, риояи қоидаҳои дурусти истеъмоли хӯрок, аз меъёр зиёд истеъмол накардани шириниҳо, дар ҳолати зарурӣ коркард намудани дандонҳо бо фторлак ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Инчунин, дар пажӯҳишгоҳ саволнома таҳия гардида, ба муроҷиаткунандагоне, ки ба муассиса ташриф меоранд, пешниҳод мешавад ва мониторинги баҳогузории онҳо дар пешбурди фаъолияти минбаъдаи муассиса ба назар гирифта мешавад.
- Бемориҳои стоматологӣ ва ҷоғу рӯй афзоиш ёфтааст ё кам шудааст. Агар зиёд шуда бошад, омилҳояш чӣ аст?
- Ба дастовардҳои имрӯзаи тиб нигоҳ накарда, наздик 80 дарсади аҳолӣ ба бемориҳои стоматологӣ, аз он ҷумла кариеси дандонҳо, пародонт ва оризаҳои он гирифторанд. Омилҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои стоматологӣ гуногун буда, табобати оқилонаро талаб менамояд. Дар ҳолати риояи ғайриқаноатбахши гигиенаи дохили даҳон ва истеъмоли зиёди шириниҳо кариес метавонад баъд аз чанд моҳи баромадани дандон рушд кунад. Бемории кариес ирсӣ низ буда метавонад. Норасоии сафедаҳо, витаминҳо, намакҳои минералӣ, фтор ва микроэлементҳои гуногун дар ҷисм низ ба ин беморӣ сабаб мегарданд. Пажӯҳишҳои аз тарафи кафедраи стоматологияи кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологияи кӯдаконаи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии «Стоматология» дар солҳои охир нишон доданд, ки паҳншавии кариеси дандонҳои ширӣ дар байни кӯдакон дар ҷумҳурӣ 65-84 дарсад, бо шиддатнокӣ, паҳншавии кариеси дандонҳои доимӣ дар кӯдакону наврасони 12-15-сола — 42-69,4, бемориҳои пародонт дар ҳамин синну сол аз 38-58,5, аномалияҳои ҷоғу рӯй дар кӯдакони синни 5-6-сола — 25,1, дар кӯдакони синни 12-сола — 37,1 ва дар наврасони 15-сола — 34,1 дарсадро ташкил медиҳад.
Мувофиқи тадқиқоти илмӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои ИДМ, паҳншавии кариес хусусан дар байни наврасон камтар шуда, вале гирифторшавӣ ба бемориҳои илтиҳобии атрофи дандон бештар ба назар мерасад, ки аз гигиенаи ғайриқаноатбахши ковокии даҳон, риоя нагардидани истеъмоли хӯрок ва хусусиятҳои иқлимию минтақавӣ вобаста мебошад.
Айни замон пажӯҳишгоҳ дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии пешгирии бемориҳои асосии стоматологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кӯдакон ва наврасон барои давраи солҳои 2022-2026» — ро таҳия намудааст, ки татбиқи он барои дар оянда паст кардани сатҳи бемории кариеси дандонҳо ва беҳтар намудани ҳолати пародонт дар байни сокинони Тоҷикистон мусоидат менамояд.
- Солҳои соҳибистиқлолӣ дар пажӯҳишгоҳ чӣ корҳо анҷом ёфтанд?
- Имрӯз дар соҳаи стоматологияи кишвар технологияи ҳозиразамон, мавод, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти муосир истифода бурда мешаванд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ ба пажӯҳишгоҳ таҷҳизоти ҳозиразамони лабораторӣ барои гудохтани металлҳо ва сохтани ғилофакҳои фарфорӣ, маводи муосири ташхисӣ ва табобатӣ барои муолиҷаи дандонҳо — апекс локатор, хамираҳои бо нур сахтшаванда, маводи сафедкунии дандонҳо ва ғайра, дастгоҳи ташхиси рентгенӣ ортопантомограф, ортопантомографи рақамӣ, дастгоҳи портатевии рентгенӣ, таҷҳизоти тиббии муосир барои тамизгардонии асбобҳои стоматологӣ — автоклав, асбобҳои ултрасадои барои тамизгардонии лавозимоти тиббӣ, асбоб барои тамизгардонии пармаҳои стоматологӣ, ки истеҳсоли Германия, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Бразилия ва Хитой мебошанд, ворид шуд. Ҳамчунин, бо мақсади назорат ва расонидани ёрии саривақтӣ ба беморони баъд аз беҳискунии умумӣ ҳуҷраи баъдиҷарроҳӣ бо ИВЛ, кардиомонитор, пулсоксиметр, аспиратор ва ғайра аз ҳисоби гранти Ҳукумати Япония таъмин мебошанд.
- Барои рафъи камбудиҳо дар пажӯҳишгоҳ кадом тадқиқот анҷом ёфтааст?
- Вазифаҳои асосии пажӯҳишгоҳ аз гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои муҳими соҳа, омӯзиш, таҳлил ва муайян намудани омилҳои муайянкунандаи гирифторшавӣ ба бемориҳои стоматологӣ миёни аҳолӣ, таҳия намудани барномаҳои миллӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ ва ба роҳ мондани корҳои ташкилию дастурӣ оид ба масъалаҳои стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй иборат мебошад.
Дар назди пажӯҳишгоҳ Шӯрои олимон амал менамояд, ки ҳайати он аз 19 нафар, аз ҷумла 5 доктори илмҳои тиб ва 14 номзади илмҳои тиб иборат аст. Шӯро самтҳои асосии фаъолияти илмии пажӯҳишгоҳ, лоиҳаҳои нақшаҳои корҳои илмии тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ, нашрияҳо, асарҳои илмӣ, ҷаласаҳои машваратӣ ва конференсияҳо, масъалаҳое, ки ба такмили сохтори пажӯҳишгоҳ маҳсубанд, ҳисоботи фаъолияти илмии мудирони шуъбаҳо, озмоишгоҳҳо, роҳбарони мавзӯъҳо ва кормандони илмӣ, мавзӯъҳои рисолаҳои номзадӣ ва доктории унвонҷӯёнро баррасӣ ва тасдиқ карда, оид ба онҳо тавсия медиҳад, инчунин дигар масъалаҳои алоқамандро тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар доираи ваколатҳо баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул менамоянд.
Инчунин, олимони пажӯҳишгоҳ дар татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии соҳаи тандурустӣ фаъолона иштирок намуда, дар ин замина лоиҳаи «Вазъи стоматологии кӯдакон ва наврасони минтақаҳои гуногуни иқлимӣ — ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» тасдиқ шуд, ки аз аввали соли 2023 мавриди амал қарор дода мешавад.
- Дар соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй боз кадом масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд ва чӣ нақшаҳо доред?
- Бояд қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими соҳа норасоии мутахассисони соҳаи стоматология, аз ҷумла табиб-стоматолог-ҷарроҳ, имплантолог, табиб-стоматологи кӯдакона ва ортодонти соҳаи кӯдакон ва наврасон ва набудани пойгоҳи клиникии муосир дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии мутахассисон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пажӯҳишгоҳ бо донишгоҳҳои тиббии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Беларус созишномаҳоро ба имзо расонид, ки дар ҳалли масъалаи мазкур мусоидат менамояд.
Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи касбии табибони стоматолог аз тарафи мутахассисони пажӯҳишгоҳ барномаҳои ихтисосгирии аввалия, такмили ихтисос барои табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ таҳия ва бо вазорату идораҳои марбута мувофиқа гардид. Дар натиҷа, пажӯҳишгоҳ соҳиби Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ Т-ИФ № 0000302 (аз таърихи 3 феврали соли 2021 таҳти №145) шуд. Таъмин намудани муассисаҳои стоматологии шаҳру ноҳияҳо бо дастгоҳу маводи муосири ташхису табобатӣ, новобаста аз он ки базаи моддӣ — техникии аксари муассисаҳои стоматологии шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардида бошад ҳам, беҳбудиро талаб менамояд. Хурсандиовар аст, ки барои ҳалли ин мушкилот бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани тадбирҳои зиёд ба нақша гирифта шудааст.
Кормандони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй» ба дарки масъулияти баланди касбӣ, минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои ниҳоии барномаҳои миллӣ дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим, ташхис ва табобати бемориҳои стоматологӣ нақши созгор дошта бошанд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»