26 декабри соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Дар ин замина, 21 декабри соли 2021 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди соҳаи саноат» эълон гардид. Вобаста ба ин, аз вазъи кунунии корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб боздид намудем.
Дар 4 сех 16 корманд кор мекунад
ҶСП «Комбинати шири Кӯлоб» аз солҳои 2009 ҳамчун корхонаи хусусӣ фаъолият дорад.
Азиз Сафаров, муовини сардори он ҳангоми суҳбат гуфт, ки айни замон дар корхона 16 корманд кор мекунад. Ҳоло чор сех фаъолият мекунаду маҳсулоти ширӣ, аз қабили қаймоқ, кефир, ҷурғот, истеҳсол мешавад. Дар фасли зимистон бештар маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мекунанд. Солҳои аввали фаъолият дар корхона 50 — 60 корманд кор карда, ҳамзамон бо маоши хуб таъмин буданд. Ҳоло бо сабаби набудани маҳсулоти хом ва суст будани савдо 34 корманд фаъолият дорад, ки музди миёнаи маоши онҳо 600 сомониро ташкил медиҳад.
- Маҳсулоти корхона бештар ба мағозаву марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дастрас мешаванд. Мисли корхонаи зикршуда дар маркази шаҳри Кӯлоб шаш корхонаи хурд ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ машғуланд. Аз ин лиҳоз, корхона дар шаш моҳи аввали соли 2022 ба маблағи 272 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаасту халос.
Нобиноён хишт мерезанд
Корхонаи таълимии истеҳсолии нобиноёни шаҳри Кӯлоб солҳои пеш фаъолияти хуб дошт. Ҳоло он ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, биноҳояш кандаю фарсуда шуда, соҳибмулкон қисми дигарашро ба иҷора додаанд. Танҳо дар як қисмати он 6 нобино ба рехтани хишти сементӣ машғуланд. Юсуф Комилов, директори корхонаи мазкур гуфт, ки самти фаъолияти корхона, асосан бофтани гилем буд. Бинобар набудани ашёи хом ва харидор ба рехтани хишти сементӣ машғуланд. Ба ғайр аз ин, дар як қисмати корхона нуқтаи таъмири мошинҳо ва дар қисмати дигари он нуқтаи ҷамъоварии оҳанпора фаъол аст. Қаблан дар он 180 нафар бо маоши хуб таъмин буданд.
То соли 2021 фаъолияти хуб дошт, вале…
ҶДММ «Ҷалолӣ» дар шаҳри Кӯлоб ягона корхонаест, ки ба коркарди нефт машғул буда, соли 1993 таъсис ёфтааст. Директори он Бахтёр Ҷалолов зимни суҳбати телефонӣ гуфт, ки яке аз сабабҳои истеҳсол нагардидани маҳсулоти нефтӣ, аз ҷумла бензин, солярка ва мазут, набудани маҳсулоти хом мебошад. Тибқи нақша, корхона бояд дар як моҳ 36 тонна нефтро коркард менамуд.
- Фаъолияти хуб доштем. Мутаассифона, имрӯз ба корхонаи мо нефт дастрас намешавад. Чанд маротиба мактуб кардем. Дар моҳи июл танҳо 9 тонна нефт дастрас кардему халос. Маҷбур шудем, ки аз Федератсияи Россия автомашинаҳои махсусро барои истихроҷи нефт харидорӣ намоем. Ҳоло каме маҳсулоти хомро аз ноҳияи Балҷувон дастрас мекунем, — гуфт номбурда.
Айни замон дар ҶДММ «Ҷалолӣ» 20 корманд фаъолият дошта, дар ҳафт моҳи соли 2022 ба маблағи 543 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Корхона хусусӣ гардид, фаъолият суст шуд
ҶДММ «Комбинати хонасозӣ» ба истеҳсоли қуму шағал, хишти сементӣ, пояҳои бетонӣ (симчӯб), новаҳои бетонӣ ва болопӯши хона (плита) машғул аст. Корхона хусусӣ гардида, тибқи маълумоти Раёсати омори шаҳр, ҳоло дар он даҳ корманд фаъолият доранд. Пештар садҳо нафар фаъолият мекарданд. Мутаассифона, баъд аз хусусӣ гардидани он корхонаро ба чунин ҳол расонданд.
Тибқи маълумоти Нозироти андози шаҳри Кӯлоб, ҶДММ «Комбинати хонасозӣ» дар назди буҷет 358 ҳазору 692 сомонӣ қарзи андоз дорад. Фарҳод Мирзоев, роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои барқи Кӯлоб гуфт, ки ҶДММ «Комбинати хонасозӣ» дар назди Шабакаҳои барқ низ 284 ҳазору 369 сомонӣ қарздор аст.
Ресандаҳо бе ресмон монданд
ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» собиқ Фабрикаи ресандаи «Кӯлоб текстайл» дар деҳаи Бахтобод (Чоқтемур)-и деҳоти «Зиракӣ» ҷойгир аст. Аз сабаби нарасидани ашёи хом фаъолият надорад. Дар ин корхона дар ду баст кор ҷӯш мезад. Соли гузашта, корхонаро ширкати хитойӣ ба иҷора гирифта, дар он то 50 сокини маҳаллӣ фаъолият мекарданд. Ҳоло ин корхона низ аз фаъолият бозмондааст. Тибқи маълумоти Нозироти андози шаҳри Кӯлоб, ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» ба маблағи беш аз 210 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор аст.
Дар корхона касе нест
Хостем бо роҳбари ҶДММ «Ориён Рустам» Амриддин Рустамов, ки самти фаъолият истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ аст, ҳамсуҳбат шавем. Мутаассифона, ӯро дар ҷои кор пайдо накардем ва ба зангҳои телефонӣ ҳам ҷавоб нагирифтем. Ғайр аз посбон дигар касеро дар корхона пайдо накардем.
Аз нозироти андози шаҳр иттилоъ гирифтем, ки ҶДММ «Ориён Рустам» 20 ҳазору 370 сомонӣ ва аз Шабакаҳои барқ беш аз 600 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.
- Дар маҷмӯъ, 36 корхонаи саноатӣ аз Шабакаҳои барқи Кӯлоб 1 миллиону 812 ҳазору 114 сомонӣ қарздоранд, — гуфт роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои барқи Кӯлоб Фарҳод Мирзоев.
Бино ба гуфти сармутахассиси Раёсати омори шаҳри Кӯлоб Заррина Хушвахтова, шаҳр дорои 52 адад корхонаи хурду бузурги саноатӣ аст, ки дар ин давра се ададаш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам маҳсулот истеҳсол карданд ва 5 — тои он — ҶДММ «Умед — 2012», ҶДММ «Кабк Н», ҶДММ «Амон — 1», ҶДММ «Маъфар» ва КВД «Зари Кӯлоб» аз фаъолият бозмондаанд.
Дар шаҳри Кӯлоб барои рушди соҳаи саноат ва таъсиси ҷойҳои нави кор соҳибкорон ҳамеша дастгирӣ карда мешаванд. Саволи матраҳ ин аст, ки чаро соҳибкорон бепарвоӣ зоҳир намуда, фаъолиятро дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ намекунанд?
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»