Дар интиҳои асри ХХ Тоҷикистон дар ҳолате қарор дошт, ки душманони дохиливу хориҷӣ бо шеваи гургона ба пайкари он дандон тез мекарданд ва ҳалокаташро мехостанд.
Давлати орому осударо омилҳои номатлуби тундравию ифротгароӣ фаро гирифт ва мавҷи он торафт шиддатнок ва харобиовар мегардид. Гурӯҳҳои табоҳкор ва бадандешу тирадил талош мекарданд, ки бо роҳи барангехтани низоъҳо, найрангҳои сиёсӣ ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ Тоҷикистонро ба хоку хун кашанд. Пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба майдони тазоҳуроту гирдиҳамоиҳои беохир ва зӯроварию хунрезӣ табдил ёфт. Амалу рафтор ва кирдори майдондорон аз он шаҳодат медод, ки онҳо бар асоси нақшаҳои дар хориҷ аз кишвар тарҳрезигардида ҳаракат карда, нақшаҳои шумашонро бо роҳи зӯрӣ ба сари халқ бор кардан мехостанд. Вазъи сиёсиву амниятӣ дар пойтахт торафт хатарнок ва печидаву буҳронӣ мегашт. Кӯчаҳо аз мардум холӣ гардида, шомгоҳон пойтахт ба шаҳри мурда табдил ёфта, мардум аз ваҳму ҳарос аз манзилҳояшон берун намебаромаданд.
Моҷарои сиёсӣ рӯз то рӯз авҷ гирифта, хатари ҳамчун давлати мустақил аз миён рафтани Тоҷикистони нав ба истиқлолрасида, ба қисматҳо тақсим шудани он ва пароканда гардидани миллати тоҷик бештар ба назар мерасид. Мардуми кишвар бовариро ба ҳаёти имрӯзу оянда аз даст дода, бар асоси сиёсати тарҳрезишудаи душманон хонаву дарро тарк карда, ба кишварҳои дуру наздик фирор менамуданд. Парокандагиву бенавоӣ аксар манотиқи кишварро фаро гирифта буд. Заминҳои серҳосил бесоҳиб монданд, шаҳру ноҳияҳо, деҳаву хонаҳо аз одам холӣ гаштанд.
Давлати ободу хуррам ва миллати мутамаддинро ба вартаи фалокату нобудӣ кашиданд, сарзамини серу пур ва пурфайзу баракатро муҳтоҷу бенаво гардониданд. Қадри маҳсулоти озуқа, хусусан нон, аз нархи тилло баландтар гашт.
Дар чунин вазъи мураккабу тақдирсоз Тоҷикистон ба шахсе ниёз дошт, ки бо андешаву хиради баланд, бо матонату ақли солим ба арсаи сиёсат баромада, давлати фалаҷшударо аз нав эҳё намояд, халқу мамлакатро аз ҳалокат наҷот диҳад, ваҳдату якпорчагиро таъмин намояд, ба волоияти қонун кафолат диҳад, мардуми парешону роҳгумкардаро яктану муттаҳид созад.
Баҳри ба ин ҳадаф расидан ва ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварро муътадил сохтан моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон доир гардид. Иҷлосияи мазкур фарзанди фарзонаи миллат, ҷавонмарди бедордилу шуҷоъ ва мубориз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб намуд, ки бо масъулияти баланди сиёсӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ояндабинӣ вазифаашро сарбаландона ба ҷо оварданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он замон дар назди халқу Ватан савганди вафодорӣ ёд карда, бо итминони комил изҳор доштанд, ки ба мардуми диёр сулҳ оварда, ба ҷанги бародаркушӣ хотима мебахшад, барои ба Ватан баргардонидани охирин фирорӣ талош меварзад. Бори аввал дар ҳамон иҷлосия ба хотири мусолиҳаи миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ қадамҳои нахустин гузоштанд.
Бо ин мақсад қумондонҳои ҳар ду ҷониби даргир дар як толор ҷамъ оварда шуданд ва ба хотири созиш оши оштӣ дода шуд. Зоҳиран тарафҳо якдигарро фаҳмиданд, фоҷиаи ба сари халқу Ватан омадаро дарк карданд. Аммо аз байн муддате гузашта буд, ки неруҳои мухолиф аҳду паймонро ба боди фаромӯшӣ дода, боз даст ба силоҳ бурданд ва оташи ҷанг даҳшатангезтар аланга зад.
Бояд қайд кард, ки ҳукумати қонунӣ таҳти раёсати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва неруҳои пешқадами ҷомеа ба хотири наҷоти халқу Ватан, якпорчагии кишвар ва пойдории сулҳу ваҳдат ба оини қадимиву безаволи ниёконамон, мадоро ва таҳаммулгароӣ рӯ оварданд, ки асрҳо боз дар фарҳангу тафаккури халқамон реша давонда буд.
Ҳукумат ҳадафашро бар асоси аз якдигар гузашт кардан, бахшидани гуноҳҳо, дур андохтани кинаҳо, ба ҳам созиш кардан, ба сулҳу оштӣ расидан муайян кард ва ҷомеаро ба сӯи он ҳидоят намуд. Ин суннатҳои воло ва безавол асрҳо инҷониб дар ниҳоди халқи мо ҷойгузин гардида, ба ҳиссае аз ҳастии он табдил ёфтааст.
Ниҳоят, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва аз файзу баракати он насими анбарафшони баҳорӣ ба рӯи мамлакат вазид. Пайки сулҳи тоҷикон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи олам танин андохт, мавриди истиқболи гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт, боиси фахру сарафрозии миллати тоҷик гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус чунин гуфтаанд: «Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Агар яке барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро армуғон овард. Созишномаи сулҳи миёни тоҷикон дар обу хоки ин сарзамини ҷафокашида сабзидаву қомат барафрохтааст. Сулҳи бадастовардаи мо дар таҷрибаи давлатдории кишварҳои Шарқу Ғарб бо ҷанбаҳои хосаш ҳамто надорад. Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд».
Созмони Милали Муттаҳид бо ризоятмандӣ таъкид намуд: «Тоҷикон созишномаи сулҳро дар паси сангарҳо тарҳрезӣ кардаанд. Арзиши сулҳи миёни тоҷикон беназир аст. Вай дар роҳи пойдории сулҳи сартосарии ҷаҳон намунаи дурахшони ибрат аст».
Ваҳдати миллӣ, ки дар партави Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба даст омад, рамзи тантанаи ақлу хиради миллати тоҷик, самараи ҳамдигарфаҳмӣ ва саъю талоши ҳамагонӣ дар роҳи пойдории сулҳу субот ва якпорчагии кишвар гардид.
Бояд зикр намоем, ки мафҳумҳои истиқлолият ва ваҳдат ягонаанд, яке дигареро комилтар мегардонад ва чун гӯшту нохун ба ҳам пайванданд. Ваҳдати миллии бадастомада пояҳои истиқлолияти давлати ҷавони Тоҷикистонро устувор гардонид.
Бузургтарин дастовард дар тӯли 31 соли истиқлолияти давлатӣ барқарор кардани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни ҳама табақаи ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.
Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Он рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад, зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному манзалат шуда метавонад, ки истиқлолияти воқеӣ ва давлати озоду мустақил дошта бошад. Мо бояд аз он шукргузорӣ намоем, ки миллати бузурги тоҷик соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона аст.
Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустин бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ҳадафи асосӣ қарор дода, дар арсаи байналхалқӣ низ ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд. Ислоҳоти фарогир дар ҳама соҳаҳо шурӯъ гардид. Дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фосилаи хеле кӯтоҳи таърихӣ корҳои назаррас ба анҷом расиданд.
Пас аз ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ, ҷомеа ба марҳилаи нави рушд қадам бардошт, ки он бо номи давраи созандагию бунёдкорӣ ёд мешавад. Чунки Тоҷикистон марҳилаи ҳассосу сарнавиштсозро паси сар намуда, ба ҷодаи устувори рушду созандагӣ ворид гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем кишварамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшем. Дар ин давра барои берун баромадан аз буҳрони иқтисодӣ барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати иқтисодӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки натиҷаҳои хуб ба бор оварданд.
Инчунин, дар баробари бунёди иншооти муҳим, масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, хоса қишри камбизоати он ҳамеша дар мадди назари Давлат ва Ҳукумат қарор дорад. Бахусус, қабули ҳуҷҷати муҳими давлатӣ оид ба стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва татбиқи фарогири он имкон фароҳам овард, ки сатҳи зиндагии мардум дар муқоиса бо давраҳои аввали истиқлолияти давлатӣ хеле беҳтар гардад.
Муҳимтар аз ҳама, ба он ноил гардидем, ки арзишҳои миллию фарҳангии дар замони шӯравӣ ба гӯшаи фаромӯшрафта, дар ҳоли маҳвшавӣ қарордоштаро эҳё намоем. Бо талошу кӯшишҳои Президенти мамлакат тавонистем, ки тоҷиконро ба ҷаҳониён чун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ созем. Чандин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу амнияти минтақа ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуданд.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ дар кишвар гуногунандешиву озодбаёнӣ вусъат пайдо намуд. Аҳзоби сиёсӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Бо истифода аз имкониятҳои баёни озодонаи ақидаву назарҳо мардум масъалаҳои муҳими сиёсию иҷтимоиро дар миён мегузоштанд. Дар замони шӯравӣ, воқеан ҳам, нисбат ба арҷгузории арзишҳои миллӣ маҳдудиятҳо мавҷуд буданд.
Ташаббусҳои хирадмандонаву дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди музокироти сулҳ, барқарор намудани низоми конститутсионӣ, баргардонидани гурезаҳо, қатъи ҷангу хунрезӣ, бунёди артишу дигар сохторҳои қудративу интизомӣ, оғоз намудани ислоҳоти конститутсионӣ, барқарор сохтани сохторҳои ҳама шаҳру ноҳия, вилоят, халъи силоҳ намудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, бо озуқа ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввал таъмин кардани мардум эътимоду бовариро ба амнияти ҷомеа ва фардои орому осуда қавӣ гардонд.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷузъи ҳақиқати зиндагии ҳамагонии мост, мо на ҳамеша бар ин нуқта фикр мекунем, ки агар кор ба тарзи дигар сурат мегирифт, яъне агар душманони миллати мо – онҳое, ки мехостанд мамлакатро пора-пора карда, аз сафҳаи харитаи ҷаҳон номашро зудоянд, ба мақсади нопоки худ мерасиданд, аҳволи мо чӣ мешуд? Истиқлолият дар назди шаҳрвандон масъулияти нигаҳбонии давлат, дарки эҳсоси соҳиби комилҳуқуқи он будан ва дар амри пешбурди давлатдорӣ саҳми шоиста гузоштан мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ, ифтихори миллӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон ба маротиб боло рафт.
Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи асри ХХ, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ҳазорон шукр, ки аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёд чунин шахс пайдо шуд ва ин шахс муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ амри воқеӣ буд.
Хидмати бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва мураккаби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуданд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ҳастанд. Маҳз шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқро борҳо ба гирдоби хун кашида буданд, қодир ба истодагарӣ гардид. Ин дафъа бо хости сарнавишт дар раъси давлат шахсияте қарор гирифт, ки ғайричашмдошти бисёриҳо ҳадафҳои бадхоҳони миллатро барбод дод.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бидуни дудилагӣ, бо мардонагӣ ва бо шуҷоати фавқулода бар дӯш масъулияти вазнини хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, бунёди появу асосҳои конститутсионӣ ва эҳёи давлатдориро гирифтанд. Ин абармард ба хубӣ дарк карданд, ки дар он шароите, ки давлат фақат дар рӯи коғаз вуҷуд дошт ва дар асл рукнҳои давлатдорӣ корношояму фалаҷ шуда буданд ва ё умуман вуҷуд надоштанд, таърих ва сарнавишт барояшон рисолати бузург, вале ниҳоят душвори бунёд намудани давлати навинро гузоштааст.
Ҳоло рисолати ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста ба мансубияти миллӣ ва иҷтимоию мазҳабӣ, дар атрофи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шудан ва дастгирию дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи ин марди нексиришту ояндасоз аст.
А. АЛАМШОЗОДА,
муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — лейтенанти милитсия