Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бо иштироки сармутахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ноҳия машварат доир гардид.
Дар он муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Ғиёсов, мудири шуъбаи корҳои дин, танзими оила ва ҷашну маросимиҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд А. Шарифов ва дигарон иштирок доштанд. Ҳозирин роҷеъ ба таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон, дастгирии ҷавонони боистеъдод, баланд бардоштани маърифати онҳо, боло рафтани ҳисси миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳангӣ, пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба ҷараёну равияҳои экстремистӣ, риояи қатъии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ ва мубодилаи афкор карданд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»