Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад

Сарҷамъӣ созандагиро тавсеа мебахшад

№ 18.08.2022

111116 августи соли ҷорӣ дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ таъмиру азнав­созии қитъаи роҳ, ки барои минтақа муҳим аст, бо иштироки раиси но­ҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода, масъули идораи таъмиру нигоҳдории роҳи ноҳия ­С. Саидзода ва шахсони ободкору ватандӯсти деҳа Азизулло Мирзозода, Искандари Носир, Саи­ди Қодир, Пири Носир, Субҳон Раҷаб, Шарифи Шарбат, раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов  — Саидҷамол Латифов оғоз шуд.

- Бо ибтикори сокинони деҳоти «Ғаллазор», «Сардиз», «Кушктеппа», дастгирии раиси ноҳияи Восеъ, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ  алҳол 100 ҳазор сомонӣ ҷамъ шуда, кор оғоз ёфт, — гуфт яке аз ташаббускорон, нависанда Сад­риддин ­Ҳасанзода.

Ба гуфти ӯ, ҳоло кор дар қитъаи Кадучӣ, инчунин километрҳои якум, дуюм ва сеюм идома дорад. Роҳбарони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Н. Хомушзода ва Н. Арабзода роҳсозонро бо булдозер, грейдер ва автомашинаҳои боркашонӣ таъмин карда, сифати корро назорат мекунанд.

Қитъаи мушкилтарини роҳ 5 км — аз деҳаи Кадучӣ то Ғаллазор ва аз деҳаи Сардиз то деҳаи Кушктеппаро дар бар мегирад. Тибқи пешбинӣ, барои ин иқдом зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ лозим аст.

2222Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим низ ба роҳсозон 20 тонна мазут кумак намуд.

Дастандаркорон умед доранд, ки бо дастгирии мардум дар муддати кӯтоҳ роҳро ба истифода медиҳанд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»