22 августи соли 2022 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо раиси Гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон, узви Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва парламенти он дар муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хоса изҳор менамояд.
- Маҷлиси намояндагон бо парлумонҳои зиёди кишварҳои дунё равобити хуби кориро ба роҳ мондааст. Аз таҷрибаи якдигар самаранок ва бештар истифода мебарем. Парлумонҳо, воқеан, бозувони пуртавонои миллатҳо ва давлатҳо мебошанд, ки дар густариш ва тавсияи равобити байнидавлатҳо нақши босазо доранд, — таъкид намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ 20 октябри соли 2011 пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаро бо имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкории байнипарламентӣ тақвият бахшиданд.
Боиси қаноатмандист, ки миёни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият менамояд.
- Бояд зикр намуд, ки дар заминаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо қадамҳои устувор гузошта шудаанд. Ҷаласаи фосилавии Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 15 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, далели ин гуфтаҳост. Имрӯз вақти он расидааст, ки ин ҳамкориҳоро густариш диҳем. Метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарлумонӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкориҳои судмандро тақвият бахшем, — гуфт М. Зокирзода.
- Моро мебояд аз таҷрибаи ҳамдигар самарабахш истифода барем, чунки фарҳангу забони муштарак, дину таърихи умумӣ барои мо авлавият медиҳад. Бо қаноатмандӣ бояд зикр намуд, ки дар заминаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳоямон дар ин масир қадами устувор гузошта шуд. Боздиди мутақобилаи ҳайатҳои парлумонии кишварҳо далели ин гуфтаҳост, — гуфт Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ.
Раиси Гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон, узви Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ, ҳамчунин сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистонро оғози фасли навин дар раванди муносибатҳои парлумонии ҳар ду кишвари бародар шумурда, хостори тақвияти ҳамкориҳои маҷлисҳои ҳар ду кишвар аз тариқи фаъол намудани гурӯҳҳои дӯстии муштарак гардид.
Дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ дар раванди суҳбат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирӣ Муҳаммадтақӣ иштирок намуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон